-
2 Воқеанома 36:15, 16Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
15 Яҳува, Худои бобоёнашон, паёмбарони худро фиристода, гаштаю баргашта онҳоро огоҳ мекард, зеро дили ӯ ба халқаш ва маконаш месӯхт. 16 Аммо онҳо фиристодагони Худоро паст мезаданд,+ суханонашро писанд намекарданд+ ва пайғамбаронашро масхара менамуданд,+ ба тавре ки шифонопазир гаштанд ва оташи ғазаби Яҳува бар халқаш аланга гирифт.+
-
-
Ишаъё 42:24Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
24 Кӣ Яъқубро ба ғоратгарон
Ва Исроилро ба тороҷгарон супурдааст?
Магар Яҳува не, ки бар зидди ӯ гуноҳ кардаем?
-
-
Ирмиё 40:2, 3Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
2 Сардори посбонон Ирмиёро аз миёни асирон гирифта, ба ӯ гуфт: «Худоят Яҳува дар бораи бадбахтие, ки бар ин макон меояд, пешгӯйӣ карда буд 3 ва Яҳува аз рӯйи гуфти худ амал карда ин фалокатро овард, зеро шумо бар зидди Яҳува гуноҳ кардед ва ба овози ӯ гӯш надодед. Аз ин рӯ ба саратон чунин фалокат омадааст.+
-