Забур
95 Биёед дар васфи Яҳува бонги шодӣ занем!
Ва дар васфи Кӯҳпораи наҷотамон бо тантана нидо кунем.+
2 Биёед пеши ӯ бо шукргузорӣ ҳозир шавем,+
Бо тантана нидо карда, дар васфаш суруд хонем,
3 Зеро Яҳува Худои бузург аст,
Ӯ бар ҳамаи худоён Подшоҳи бузург аст.+
4 Қаъри замин дар дасти ӯст,
Қуллаҳои кӯҳ аз они ӯст.+
6 Биёед ӯро парастиш кунем ва ба ӯ саҷда барем
Ва пеши Офаридгорамон Яҳува зону занем,+
7 Зеро ӯ Худои мост,
Мо халқи чарогоҳи ӯ
Ва гӯсфандони рамаи ӯем.+
Имрӯз, агар овози ӯро бишнавед,+
8 Дили худро сахт накунед, чуноне ки дар Мерибо*,+
Рӯзи Массо* дар биёбон, карда будед,+
9 Вақте бобоёнатон маро озмуданд.+
Онҳо маро имтиҳон карданд, ҳарчанд корҳои маро дида буданд.+
10 Муддати 40 сол ман аз ин насл нафрат карда, гуфтам:
«Онҳо халқи гумроҳдиланд
Ва роҳҳои маро нашинохтанд».
11 Аз ин рӯ бо ғазаб қасам хӯрдам:
«Онҳо ба оромии ман дохил нахоҳанд шуд».+