3 Мӯсо
2 Агар касе барои Яҳува ҳадияи ғалла биёрад,+ бояд аз орди маҳин биёрад ва бар он равған рехта, лодан* бар он гузорад.+ 2 Сипас ӯ онро назди коҳинон, назди писарони Ҳорун, биёрад. Коҳин муште аз орди маҳину равғанро бо тамоми лодан гирифта, онро чун намунае аз тамоми ҳадия назди қурбонгоҳ меорад. Ӯ онро чун ҳадияи хушбӯй* барои Яҳува дар оташ сӯзонда, дуд мекунанд.+ 3 Чизе, ки аз ҳадияи ғалла, аз ҳадияе, ки барои Яҳува бар оташ сӯзонда мешавад, боқӣ монад, як чизи хеле муқаддас аст+ ва аз они Ҳорун ва писарони ӯст.+
4 Агар ту ҳадияи ғаллае биёрӣ, ки бар танӯр пухта шудааст, он бояд аз орди маҳин бошад. Ту бояд ҳалқакулчаҳои бехамиртуруши равғанӣ ва ё нончаҳои бехамиртуруши тунуке, ки бо равған молида шудаанд, биёрӣ.+
5 Агар ҳадияи ғаллаатро дар тоба пазӣ,+ он бояд аз орди маҳин ва равған бошад. Он набояд хамиртуруш дошта бошад. 6 Онро пора карда, бар он равған рез.+ Ин ҳадияи ғалла аст.
7 Агар ҳадияи ғаллаатро дар дегча пазӣ, онро аз орди маҳин ва равған тайёр кун. 8 Ту ҳадияи ғалларо ҳамин тавр тайёр карда, ба ҳузури Яҳува биёру онро ба коҳин пешкаш кун ва ӯ онро пеши қурбонгоҳ меорад. 9 Коҳин камеашро чун намунае аз тамоми ҳадия мегирад+ ва бар қурбонгоҳ сӯзонда, дуд мекунад. Ӯ онро чун ҳадияи хушбӯй* барои Яҳува дар оташ месӯзонад.+ 10 Чизе, ки аз ҳадияи ғалла, аз ҳадияе, ки барои Яҳува бар оташ сӯзонда мешавад, боқӣ монад, як чизи хеле муқаддас аст ва аз они Ҳорун ва писарони ӯст.+
11 Ҳеҷ як ҳадияи ғаллае, ки ба Яҳува меоред, набояд хамиртуруш дошта бошад.+ Ту набояд хамиртуруш ва асалро* чун ҳадияе, ки барои Яҳува бар оташ сӯзонда мешавад, биёрӣ.
12 Ту метавонӣ онҳоро чун ҳадияе аз навбарат*+ ба Яҳува биёрӣ. Аммо ту набояд онҳоро назди қурбонгоҳ биёрӣ, то бар он чун ҳадияи хушбӯй* сӯзонда шаванд.
13 Ҳар ҳадияи ғаллаеро, ки меорӣ, намак кун. Нагузор, ки ҳадияи ғаллаат бе намак бошад, ки он нишонаи аҳди байни туву Худост. Бо ҳар ҳадияи худ намак биёр.+
14 Агар аз навбари худ ба Яҳува ҳадияи ғалла биёрӣ, онро аз хӯшаҳои норасидаву нимкӯфтаи бирён чун ҳадияи ғалла аз навбарҳои худ биёр.+ 15 Ба он равған бирез ва ба болояш лодан гузор. Ин ҳадияи ғалла аст. 16 Коҳин қисми хӯшаҳои нимкӯфтаву равған ва тамоми лоданро гирифта, онро чун намунае аз тамоми ҳадия дар оташ барои Яҳува месӯзонад.+