Закарё
7 Дар соли чоруми шоҳ Дориюш, дар рӯзи чоруми моҳи нуҳум, яъне моҳи кислев*, Яҳува ба Закарё+ паём фиристод. 2 Мардуми Байт-Ил Шаросир ва Раҷам-Маликро бо одамонаш фиристода буд, то аз Яҳува зориву илтиҷо кунанд 3 ва аз коҳинони хонаи Яҳува, Худои лашкарҳо, ва аз пайғамбарон бипурсанд: «Оё дар моҳи панҷум+ гиря кунему рӯза дорем, чуноне ки солҳои зиёд мекардем?»
4 Яҳува, Худои лашкарҳо, боз ба ман паём фиристода гуфт: 5 «Ба аҳли ин сарзамин ва ба коҳинон бигӯ: “Вақте 70 сол+ дар моҳҳои панҷуму ҳафтум+ рӯза мегирифтеду гиря мекардед, магар барои ман рӯза мегирифтед? 6 Ҳамчунин, вақте мехӯрдеду менӯшидед, оё барои худатон намехӯрдед ва барои худатон наменӯшидед? 7 Вақте ки Ерусалим ва шаҳрҳои атрофи он пур аз одам буд ва тинҷиву амонӣ дошт ва дар Негебу Шефило низ одамон сокин буданд, Яҳува ба воситаи пайғамбарон паём мефиристод.+ Магар шумо набояд ба суханони ӯ итоат мекардед?”»
8 Яҳува боз ба Закарё паём фиристода гуфт: 9 «Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Бо адлу инсоф доварӣ кунед,+ ба якдигар меҳру вафо+ ва раҳму шафқат намоед. 10 Бевазану ятим,+ ғарибу+ камбағалро+ фиреб надиҳед ва дар дил нисбати якдигар қасди бад наандешед”.+ 11 Аммо онҳо гӯш додан нахостанд,+ якравӣ карда ба ӯ пушт гардонданд+ ва гӯшҳояшонро маҳкам карданд, ки нашунаванд.+ 12 Онҳо дили худро мисли алмос* сахт карданд+ ва ба шариат* ва каломе, ки Яҳува, Худои лашкарҳо, бо рӯҳи худ ба воситаи пайғамбарон фиристода буд, итоат накарданд.+ Аз ин рӯ хашми Яҳува, Худои лашкарҳо, бар онҳо аланга гирифт.+
13 Вақте ки ман* гап задам, онҳо гӯш надоданд,+ аз ин рӯ ман низ, вақте ки мадад пурсиданд, ба онҳо гӯш надодам,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.— 14 Ман онҳоро бо тундбод дар миёни тамоми халқҳое, ки намешинохтанд, пароканда кардам+ ва ин замин баъди онҳо беодам монд, ба тавре ки касе аз он гузар накард.+ Онҳо замини дилпазирро ба харобазори даҳшатноке табдил доданд».