ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.3. саҳ. 13
  • «Ман туро фаромӯш нахоҳам кард»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • «Ман туро фаромӯш нахоҳам кард»
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Маводи монанд
  • Оё Худо моро дӯст медорад?
    Имони ҳақиқӣ калиди ҳаёти хушбахтона аст
  • Ба раҳмдилии Яҳува пайравӣ кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Чӣ тавр таваллуди кӯдак ба ҳаёти оилавӣ таъсир мерасонад?
    Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.3. саҳ. 13

Ба Худо наздик шавед

«Ман туро фаромӯш нахоҳам кард»

ОЁ ЯҲУВА дар ҳақиқат нисбати халқаш ғамхорӣ мекунад? Агар ҳа, пас то чӣ андоза? Танҳо бо як роҳ мо ба ин саволҳо ҷавоб ёфта метавонем — аз суханони худи Худо. Дар Китоби Муқаддас Яҳува равшан ошкор менамояд, ки Ӯ чӣ гуна ҳиссиёт дорад. Суханони дар Ишаъё 49:15 навишташударо дида мебароем.

Барои тасвир кардани ҳиссиёти чуқуре, ки нисбати халқаш дорад, Яҳува ба воситаи пайғамбар Ишаъё яке аз мисолҳои таъсирбахштаринеро, ки мо ба худ тасаввур карда метавонем, истифода мебарад. Ӯ дар аввал саволе медиҳад, ки касро ба фикр кардан бармеангезад: «Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда, ба писари батни худ раҳмаш намеояд?» Дар назари аввал ҷавоби ин савол равшан метобад. Чӣ тавр модаре, ки тифли ширмак дорад, бачаашро фаромӯш карда метавонад? Кӯдак шабу рӯз пурра аз ӯ вобаста аст ва вақте ки ӯ ба таваҷҷӯҳи модар мӯҳтоҷ мешавад, вай дарҳол ӯро бохабар месозад! Лекин, саволе, ки Яҳува дод, чизи аз ин бештареро дар бар мегирад.

Чаро модар фарзандашро парасторӣ мекунад ва нисбати ҳар як ниёзи вай ғамхорӣ менамояд? Оё танҳо барои он ки тифли гирёнро ором кунад? Не. Модар табиатан «ба писари батни худ» «раҳм» дорад ё дилсӯз аст. Калимаи иброние, ки «раҳм» тарҷума шудааст, метавонад маънои дилсӯзии меҳрубонона нисбати шахси мӯҳтоҷ ё ранҷурро дошта бошад. Дилсӯзии модар ба тифли ширмакаш яке аз ҳиссиёти сахттаринест, ки мо ба худ тасаввур карда метавонем.

Лекин, мутаассифона на ҳар як модар ба кӯдакаш раҳм дорад ва дар синни ширмакӣ ба вай ғамхорӣ мекунад. Яҳува мегӯяд, ки чунин занҳо ҳатто метавонанд тифлашонро «фаромӯш кунанд». Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки бисёри мардону занон «бераҳм» мебошанд ва ҳисси дилбастагии табиӣ надоранд (2 Тимотиюс 3:1–5). Баъзан мо дар бораи модароне мешунавем, ки ба кӯдаки навзоди худ беэътиноянд, ба вай дағалона муносибат мекунанд ё ӯро мепартоянд. Ояти Ишаъё 49:15–ро шарҳ дода як маълумотномаи Китоби Муқаддас мегӯяд: «Модарон гунаҳкоранд ва муҳаббати онҳоро баъзан пастигарӣ поймол мекунад. Ҳатто бузургтарин муҳаббати инсонӣ метавонад коста шавад».

Вале, Яҳува моро эътимод мебахшад: «Ман туро фаромӯш нахоҳам кард». Акнун мо мефаҳмем, ки саволе, ки Яҳува дар аввали ояти Ишаъё 49:15 бардошт, чӣ маъно дорад. Ин ҷо Яҳува мефаҳмонад, ки Ӯ назар ба модари нокомил чандин маротиба дилсӯзтар аст. Баръакси модарони нокомил, ки метавонанд ба тифли нотавонашон дилсӯзӣ зоҳир накунанд, Яҳува ҳамеша нисбати хизматгорони эҳтиёҷмандаш дилсӯзӣ зоҳир мекунад ва ҳеҷ гоҳ онҳоро фаромӯш намесозад. Барои ҳамин маълумотномаи дар боло зикршуда оиди суханони Ишаъё 49:15 мегӯяд: «Ин яке аз сахттарин ё аз ҳама сахттарин ифодаҳоест, ки муҳаббати Худоро дар Аҳди Қадим нишон медиҳад».

Оё донистани он ки Худои мо бениҳоят раҳмдил аст, тасаллибахш нест? (Хуруҷ 34:6; Луқо 1:78). Пас, оё шумо фаҳмидан намехоҳед, ки чӣ тавр ба Яҳува наздик шудан мумкин аст? Худои пур аз муҳаббат ходимонашро эътимод мебахшад: «Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт» (Ибриён 13:5).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан