ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w13 15.5. саҳ. 13
  • «Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • «Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд»
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Маводи монанд
  • Оё гуфтаҳои Исо ба дуоҳои шумо таъсир мекунанд?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
  • Дарси муҳим дар бораи меҳмоннавозӣ ва дуо
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Чӣ тавр бояд дуо гӯем?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Чӣ тавр дуо гӯем, то Худо дуоҳои моро шунавад?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
w13 15.5. саҳ. 13

БА ХУДО НАЗДИК ШАВЕД

«Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд»

«Дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ»,— гуфт рӯзе яке аз шогирдон ба Исо (Луқ. 11:1). Исо ба ӯ ҷавоб дод ва дар охир ду мисоле овард. Ин мисолҳо ба мо нишон медиҳанд, ки чӣ тавр дуо гӯем ва чӣ кор кунем, ки Худо моро шунавад. Агар шумо ягон бор андеша карда бошед, ки оё Худо дуоҳои шуморо мешунавад, пас ҷавоби Исо бароятон шавқовар хоҳад буд. (Луқо 11:5–13-ро бихонед.)

Мисоли якум диққатро ба гӯяндаи дуо равона месозад (Луқ. 11:5–8). Дар ин нақл гуфта мешавад, ки ба хонаи як мард дар бевақтии шаб меҳмоне меояд ва ӯ хӯрдание надорад, ки ба пеши меҳмонаш гузорад. Барои соҳибхона ин масъалаи ҷиддӣ аст. Аз ин рӯ, нигоҳ накарда ба бевақтӣ вай ба хонаи дӯсташ меравад ва аз ӯ каме нон қарз мепурсад. Дар аввал, дӯсташ барои хестан розӣ намешавад, чунки тамоми оилааш ҳамроҳи ӯ сахт хобида буданд. Вале азбаски соҳибхонаи қавиирода боисрор пурсиданро давом медиҳад, рафиқаш ниҳоят аз ҷой хеста ба ӯ хӯрдание медиҳадa.

Ин мисол дар бораи дуо ба мо чиро таълим медиҳад? Исо ба мо мегӯяд, ки бояд боисрор бошем — пайваста биталабем, биҷӯем ва бикӯбем (Луқ. 11:9, 10). Чаро? Оё Исо бо ин гуфтанӣ аст, ки Худо дуоҳои моро бо дили нохоҳам гӯш мекунад? Не. Исо қайд карданӣ аст, ки баръакси рафиқи сусткор, ки хоҳиши дӯсташро бо омодагӣ қонеъ накард, Худо сахт мехоҳад, то хоҳишҳои дурусти онҳоеро, ки бо имон ба Ӯ дуо мегӯянд, иҷро намояд. Мо чунин имонро бо исроркории худ зоҳир мекунем. Пайваста ба Худо дуо гуфта, мо нишон медиҳем, ки дар ҳақиқат ба он чизе, ки мепурсем, мӯҳтоҷем ва боварии комил дорем, ки Худо онро — агар аз рӯи иродаи Ӯ бошад — дода метавонад (Марқ. 11:24; 1 Юҳ. 5:14).

Мисоли дуюм диққатро ба Шунавандаи дуо, Яҳува, равона месозад (Заб. 64:3). Исо пурсид: «Кист аз шумо, ки падар бошад, ва писараш аз ӯ нон биталабад, ва санге ба вай бидиҳад? Ё моҳӣ биталабад ва ӯ, ба ҷои моҳӣ, море бидиҳад? Ё, агар тухме биталабад, каждуме ба вай бидиҳад?» Ҷавоб аниқ аст, ки падари ғамхор ба фарзандаш ҳеҷ гоҳ чизҳои зарарнокро намедиҳад. Пас аз ин, Исо маънои мисолро фаҳмонд: Агар падарони нокомил ба фарзандони худ «инъомҳои нек» медода бошанд, пас Падари осмонии мо ба фарзандони заминиаш, ки аз ӯ металабанд, «чанд маротиба зиёдтар» рӯҳулқудсро, ки инъоми беҳтарин аст, ато мекунад!b (Луқ. 11:11–13; Мат. 7:11).

Худо сахт мехоҳад, то хоҳишҳои дурусти онҳоеро, ки бо имон ба Ӯ дуо мегӯянд, иҷро намояд

Ин мисол ба мо дар бораи Яҳува — Шунавандаи дуо чиро меомӯзонад? Исо моро даъват мекунад, то бубинем, ки Яҳува мисли Падари ғамхорест, ки сахт мехоҳад ниёзҳои фарзандонашро қонеъ гардонад. Аз ин рӯ, хизматгорони Яҳува метавонанд хоҳишҳои дилашонро ба Ӯ озодона баён кунанд. Ва донистани он ки Худо барояшон чизи беҳтаринро хоҳон аст, ба онҳо кӯмак мекунад, ки ҷавоби Ӯро бо омодагӣ қабул кунанд, ҳатто агар он ҷавоб ба чизе, ки онҳо интизор буданд, мувофиқ наояд ҳамc.

Аз Китоби Муқаддас бобҳои зеринро бихонед:

Луқо 7-21

a Мисоле, ки Исо овард, аз ҳаёти воқеӣ гирифта шуда буд. Меҳмоннавозӣ барои яҳудиён вазифаи муқаддас буд. Одатан ноне, ки оила мепухт, барои як рӯз кифоя буд, барои ҳамин дар сурати нарасидани нон аз ҳамсоя қарз гирифтан чизи муқаррарӣ ҳисоб меёфт. Ҳамчунин, агар оила камбағал бошад, тамоми аъзоёни он дар як ҳуҷра, дар замин мехобиданд.

b Исо бисёр вақт ибораи «чанд маротиба зиёдтар»-ро истифода бурда, дар мисоли чизҳои хурд чизҳои калонро мефаҳмонд. Масалан, дар ин ҷо ӯ бо истифодаи ин ибора қайд кард, ки Худо то чӣ андоза аз одамон беҳтар аст.

c Барои оиди дуо ва аз тарафи Худо шунида шудани он бештар фаҳмидан, метавонед ба боби 17-уми китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр шудааст, нигаред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан