Замимаи cаволҳо
◼ Чӣ гуна ҳар яке аз мо барои хуб гузаштани вохӯриҳои ҷамъомад, саҳми худро гузошта метавонем? (Такр. Ш. 31:12)
Мо нисбати Яҳува ва вохӯриҳои ҷамъомад, ки Ӯ фароҳам овардааст, эҳтироми чуқур дорем. Ин моро бармеангезад, ки ба ин вохӯриҳо барвақт омада, барои аз Яҳува таълим гирифтан, тайёр бошем. Дар бораи дигарон фикр карда, хуб мебуд, ки мо дар ҷойҳои ба саҳна наздиктар шинем, то ки барои кӯдакдорон ва онҳое ки аз баъзе сабабҳо дер меоянд, дар қафои толор ҷой бошад. Пеш аз сар шудани вохӯрӣ, таҷҳизоти электронӣ бояд ба чунин ҳолате оварда шаванд, ки ба шунавандагон халал нарасонанд. Агар ҳамаи ҳозирон ба вохӯриҳо ҳурмати чуқур дошта бошанд, он вақт ҳеҷ чиз ба вохӯрӣ халал нахоҳад расонд (Воиз 5:1; Фил. 2:4).
Ба вохӯриҳои мо метавонанд одамони нав оянд. Хуб мебуд, ки онҳоро барои дар назди худ нишастан, даъват кунем, хусусан агар бо онҳо шинос бошем. Ин бахусус он вақт фоидаовар хоҳад буд, агар ба кӯдакони хурди онҳо нигоҳубин зарур бошад. Барои аҳли оила ба вохӯриҳо омадан, метавонад як чизи нав бошад. Ба волидон мумкин дар қафои толор нишастан бароҳаттар хоҳад буд, чунки агар ба кӯдаки хурдашон ғамхорӣ зарур ояд, онҳо метавонанд ба муддати кӯтоҳ аз толор бароянд ва инчунин ба дигарон халал нарасонанд (Мас. 22:6, 15). Оилаҳои кӯдакдор набояд дар утоқи алоҳида шинанд, то ки кӯдаконашон тавонанд дар он ҷо озодона нолаю ғавғо кунанд. Хуб мебуд, ки падар ё модар кӯдакони худро берун аз толор насиҳат кунанд ё барои ниёзҳои онҳо ғамхорӣ намоянд ва сипас ба толор баргарданд.
Мутассадиён (распорядители) он шароитеро, ки барои ҷои ибодат зарур аст, фароҳам меоваранд. Онҳо ба оилаҳо ва онҳое, ки одатан ба ҷамъомад дер меоянд, барои ёфтани ҷойҳои мувофиқ, ёрӣ мерасонанд. Мутассадиён дар ин мулоҳизакориву боодобӣ зоҳир мекунанд, то ки ба дигарон халал нарасонанд. Онҳо бомулоҳиза ҳар ташвиши ногаҳониро ҳал мекунанд. Вақте ки рафтори ягон кӯдак ба дигарон халал мерасонад, онҳо бо меҳрубонӣ кӯмаки худро пешниҳод мекунанд.
Ҳамаи онҳое ки ба вохӯриҳо барои ибодат меоянд, метавонанд барои хуб гузаштани вохӯриҳо саҳми худро гузоранд. Ҳамаи ин барои таълим гирифтан аз Яҳува ва мақсадҳои Ӯ оиди дунёи нави боадолат, кӯмак мерасонад (Ибр. 10:24, 25).