Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
Саволҳои зерин дар «Мактаби таълими мавъиза», ки дар ҳафтаи аз 24-уми феврали с. 2014 саршаванда мегузарад, муҳокима хоҳанд шуд.
1. Шайтон диққати Ҳавворо ба чӣ равона кард ва Ҳавво бо хӯрдани меваи манъшуда чиро нишон дод? (Ҳас. 3:6) [6 янв., w11 15.5. (bw510) саҳ. 16, 17, сарх. 5]
2. Чӣ тавр Ҳобил имони мустаҳкам ба даст овард ва ин чӣ натиҷа овард? (Ҳас. 4:4, 5; Ибр. 11:4) [6 янв., w13-U 1.1. саҳ. 12, сарх. 3; саҳ. 14, сарх. 4, 5]
3. Чӣ тавр волидон фарзандонашонро аз бо шавқ ба «паҳлавонон» ва «мардони номвар»-и ин ҷаҳон назар кардан, муҳофизат карда метавонанд? (Ҳас. 6:4) [13 янв., w13-U 1.4. саҳ. 13, сарх. 2]
4. Мо аз намунаи Лут ва зани ӯ, ки дар Ҳастӣ 19: 14–17, 26 навишта шудааст, чӣ меомӯзем? [27 янв., w03-U 1.1. саҳ. 16, 17, сарх. 20]
5. Чӣ хел Иброҳим имонашро ҳам ба эҳёшавӣ ва ҳам ба ваъдаи Яҳува нисбати он, ки насли ваъдашуда аз Исҳоқ меояд, нишон дод? (Ҳас. 22:1–18) [3 фев., w09-U 1.2. саҳ. 18, сарх. 4]
6. Кадом ҳақиқатҳои муҳимро мо аз пешгӯии дар Ҳастӣ 25:23 навишташуда, ки гуфта шудааст «калонӣ ба хурдӣ хизмат кунад» меомӯзем? [10 фев., w03-U 15.10. саҳ. 29, сарх. 1]
7. Нардбоне, ки Яъқуб дар хобаш дида буд чӣ маъно дошт? (Ҳас. 28:12, 13) [10 фев., w04-U 15.1. саҳ. 28, сарх. 5]
8. Чаро Лобон бутҳои дуздидаро сахт мехост, ки баргардонад? (Ҳас. 31:30–35) [17 фев., it-U Лобон; w04-U 1.6. саҳ. 29, сарх. 2]
9. Аз ҷавоби фаришта ба Яъқуб ки дар Ҳастӣ 32:29 навишта шудааст, мо чӣ меомӯзем? [24 фев., w13-U 1.8. саҳ. 10]
10. Як роҳи дур шудан аз оқибате, ки ба сари Дино омада буд, кадом аст? (Ҳас. 34:1, 2) [24 фев., w01-U 1.8. саҳ. 20, 21]