БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Оё шумо эътиқоди худро фаҳмонда метавонед?
Агар касе аз шумо пурсад, ки чаро ба офариниш боварӣ доред, шумо чӣ тавр ҷавоб медодед? Барои бо боварӣ ҷавоб додан ба шумо ду чиз ёрдам мекунад: якум, шумо бояд худатон сад фоиз боварӣ дошта бошед, ки ҳама мавҷудоти зиндаро Худо офаридааст (Рм 12:1, 2), ва дуюм, бояд пешакӣ фикр кунед, ки чӣ тавр ақидаи худро ба дигарон мефаҳмонед (Мс 15:28).
ВИДЕОНАВОРҲОИ «ҶАРРОҲ-ОРТОПЕД ДАР БОРАИ ИМОНАШ НАҚЛ МЕКУНАД» ВА «ЗООЛОГ ДАР БОРАИ ИМОНАШ НАҚЛ МЕКУНАД»-РО ТАМОШО КАРДА ФАҲМЕД, КИ БАРОИ ЧӢ ДИГАРОН БА ОФАРИНИШ БОВАР МЕКУНАНД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Барои чӣ Ирен Хоф Лорансо ба эволютсия неву ба офариниш бовар дорад?
Чаро Ярослав Довганич ба эволютсия неву ба офариниш бовар дорад?
Чӣ тавр шумо ба дигарон сабаби ба офариниш бовар карданатонро мефаҳмондед?
Кадом мавод аз ташкилоти Яҳува ба шумо ёрдам карда метавонад, то ба худатон ва ба дигарон исбот намоед, ки ҳама чиро Худо офаридааст?