ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 22
  • Юсуф ба зиндон меафтад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Юсуф ба зиндон меафтад
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Яҳува кумак мекунад, ки комёб гардед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Бародарони Юсуф ба вай нафрат мекунанд
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Хобҳои фиръавн
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 22
Joseph in prison

ҲИКОЯИ 22

Юсуф ба зиндон меафтад

ВАҚТЕ ки Юсуфро ба Миср оварданд, ӯ 17–сола буд. Дар он ҷо вай ба Фӯтифар ном марде фурӯхта шуд. Фӯтифар ба подшоҳи Миср — фиръавн хидмат менамуд.

Юсуф барои хоҷааш хеле меҳнат мекард. Аз ин сабаб, вақте ки Юсуф калонтар шуд, Фӯтифар ӯро идоракунандаи хонааш таъин намуд. Агар ин тавр бошад, чаро ӯ дар зиндон аст? Сабаб дар зани Фӯтифар мебошад.

Юсуф бо гузашти вақт марди хушқомате шуд. Ва зани Фӯтифар хост, ки бо вай ҳамхоб шавад. Аммо Юсуф медонист, ки ин гуноҳ аст ва ин корро кардан намехост. Зани Фӯтифар аз ин дарғазаб шуд ва ҳангоме ки шавҳараш ба хона омад, ба ӯ дурӯғ гуфт: «Ин Юсуфи бад хост, ки бо зӯрӣ бо ман ҳамхоб шавад!». Фӯтифар ба зани худ бовар карда, ба Юсуф хеле хашм гирифт ва ӯро ба зиндон андохт.

Сардори зиндон зуд мефаҳмад, ки Юсуф марди хуб аст. Бинобар ин ӯро идоракунандаи зиндониён таъин мекунад. Дертар оташи ғазаби фиръавн ба соқӣ ва нонвояш аланга мегирад ва ӯ онҳоро зиндонӣ мекунад. Шабе ҳардуи онҳо хобҳои махсусе мебинанд, вале таъбирашонро намефаҳманд. Рӯзи дигар Юсуф ба онҳо мегӯяд: «Хобҳоятонро ба ман бигӯед». Ва баъд аз гуфтан, Юсуф бо кӯмаки Худо хобҳояшонро таъбир мекунад.

Ба соқӣ Юсуф чунин гуфт: «Дар ин се рӯз ту аз зиндон озод ва аз нав соқии фиръавн хоҳӣ шуд». Пас аз ин Юсуф илова кард: «Вақте ки озод мешавӣ, ба фиръавн дар бораи ман бигӯй ва ёрӣ деҳ, ки аз ин ҷо озод шавам». Аммо ба нонвой Юсуф гуфт: «Расо пас аз се рӯз фиръавн сари туро аз тан ҷудо хоҳад кард».

Баъди се рӯз гуфтаҳои Юсуф айнан ҳамин тавр иҷро шуданд. Фиръавн нонвойи худро сар зад. Соқӣ бошад, аз зиндон озод шуд ва дубора ба хидмати подшоҳ машғул гашт. Аммо Юсуфро соқӣ комилан фаромӯш кард! Ва ба фиръавн дар бораи ӯ чизе нагуфт, бинобар ин Юсуф аз ин пас ҳам дар зиндон монд.

Ҳастӣ 39:1–23; 40:1–23.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан