ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 67
  • Еҳӯшофот ба Яҳува такя мекунад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Еҳӯшофот ба Яҳува такя мекунад
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Оё дили шумо ба Навиштаҳо моил аст?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Ба дигарон бо чашми Яҳува нигаред
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Аз самими қалб ба Яҳува хизмат кунед!
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Дар ибодати ҳақиқӣ ҷидду ҷаҳд кунед!
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
Маълумоти бештар
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 67
The singers who are in front of Jehoshaphat’s army

ҲИКОЯИ 67

Еҳӯшофот ба Яҳува такя мекунад

МЕДОНӢ, ки ин мардон кистанд ва чӣ кор карда истодаанд? Онҳо ба ҷанг мераванд, мардони пешсаф бошанд, суруд мехонанд. Шояд ту бипурсӣ, ки “Чаро сурудхонҳо барои ҷанг шамшеру найза надоранд?” Биё мефаҳмем.

Еҳӯшофот подшоҳи салтанати дусибтаи Исроил аст. Ӯ дар ҳамон замоне зиндагӣ мекард, ки Аҳъобу Изобал бар 10 сибти шимолии Исроил ҳукмрон буданд. Аммо Еҳӯшофот бархилофи онҳо подшоҳи хуб аст ва падари вай Осо низ подшоҳи накӯкоре буд. Бинобар ин, мардум дар салтанати дусибтаи ҷанубӣ солҳои зиёд аз некӯаҳволӣ баҳравар буданд.

Лекин ҳоло мардум аз чизе ба ҳарос афтодаанд. Қосидон ба Еҳӯшофот чунин хабар меоранд: «Қӯшуни сершуморе аз сарзамини Мӯоб, Аммӯн ва кӯҳи Сеир ба муқобили ту ба ҷанг меоянд». Аҳли мардум барои мадад пурсидан аз Яҳува дар Ерусалим ҷамъ мешаванд. Онҳо ба маъбад меоянд ва Еҳӯшофот дар он ҷо дуо мекунад: «Худои мо Яҳува, намедонем чӣ кор кунем, зеро мо қувват надорем, ки пеши ин қӯшуни азиме, ки ба муқобили мо меояд, истодагӣ намоем. Мо ба мадади Ту нигаронем».

Яҳува гӯш медиҳад ва яке аз ходимонашро фиристода, ба мардум мерасонад: «Ин ҷанг ҷанги шумо нест, балки аз они Худост. Шумо нахоҳед ҷангид. Танҳо тамошо кунед, ки чӣ тавр Яҳува шуморо наҷот хоҳад дод».

Субҳи рӯзи дигар Еҳӯшофот ба халқ мегӯяд: «Ба Яҳува такяву эътимод кунед!». Сипас ӯ мутрибонро дар пеши сафи ҷанговарон мегузорад ва онҳо пешопеши лашкар қадам зада, сурудҳои ҳамд ба Яҳуваро мехонанд. Оё медонӣ, ҳангоме ки онҳо ба ҷои набард расиданд, чӣ шуд? Яҳува ҷанговарони душманро ба ҳамдигар зид кард ва вақте ки исроилиён расида омаданд, ҳама сарбозони душман аллакай мурда буданд!

Магар ба Яҳува такя кардани Еҳӯшофот аз рӯи хирад набуд? Мо низ агар ба Яҳува такя кунем, бохирад хоҳем буд.

3 Подшоҳон 22:41–53; 2 Вақоеънома 20:1–30.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан