ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 108
  • Дар роҳ сӯи Димишқ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Дар роҳ сӯи Димишқ
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Оё онҳое, ки корҳои бад мекунанд, ислоҳ шуда метавонанд?
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • Ҷамоат «ба муддате оромӣ ёфт»
    Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
  • Масеҳ аз тарафи рости Худо нишаст
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Шоул — подшоҳи нахустини Исроил
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 108
On the road to Damascus, a light flashes and Saul falls to the ground

ҲИКОЯИ 108

Дар роҳ сӯи Димишқ

МЕДОНӢ, ки ин марди ба замин афтода кист? Ӯ Шоул аст. Дар ёд дорӣ, ӯ либосҳои шахсонеро, ки Истефанусро сангсор карда куштанд, бонӣ мекард. Ин нури дурахшонро бубин! Чӣ шуда бошад?

Баъд аз кушта шудани Истефанус, Шоул таъқиботи пайравони Исо ва ранҷу азоб додани онҳоро сарварӣ мекунад. Ӯ хона ба хона мегашт ва масеҳиёнро кашолакунон бароварда, ба зиндон мепартофт. Шогирдони зиёде ба шаҳрҳои дигар гурехта, ба мавъиза кардани хушхабар дар он ҷо оғоз мекунанд. Аммо Шоул барои ёфтани пайравони Исо ба шаҳрҳои дигар ҳам меравад. Ҳоло ӯ ба Димишқ равона аст. Вале дар роҳ ҳодисаи аҷибе рӯй медиҳад:

Ногаҳон аз осмон нуре дар атрофи Шоул медурахшад. Ва дар ин ҷо бубин, ӯ ба замин афтодааст. Баъд овозе садо медиҳад: «Шоул, Шоул! Чаро маро таъқиб мекунӣ?» Мардоне ки бо Шоул буданд, нурро мебинанд ва овозро мешунаванд, вале маънои гуфтаҳоро намефаҳманд.

«Ту кистӣ, Ҳазрат?» — мепурсад Шоул.

«Ман ҳамон Исо ҳастам, ки ту азоб медиҳӣ» — мегӯяд овоз. Чаро Исо ин тавр мегуфт? Зеро вақте ки Шоул пайравони Исоро азоб медод, Исо худро чунон ҳис мекард, ки гӯё ӯро ранҷ медоданд.

Шоул мепурсад: «Ҳазрато! Чӣ кор кунам?»

«Бархез ва ба Димишқ бирав,— мегӯяд Исо,— дар он ҷо ба ту гуфта хоҳад шуд, ки чӣ кор бояд кунӣ». Ҳангоме ки Шоул бархоста, чашмонашро мекушояд, ҳеҷ чизро дида наметавонад. Вай кӯр шудааст! Мардоне ки ҳамроҳаш буданд, ӯро аз дасташ гирифта, ба Димишқ меоранд.

Акнун Исо ба яке аз шогирдони дар Димишқ будааш сухан мегӯяд: «Бархез, Ҳанониё. Ба кӯчае бирав, ки Рост номида мешавад. Дар хонаи Яҳудо мардеро суроғ кун, ки Шоул ном дорад. Ман ӯро интихоб кардаам, то ходими махсуси ман бошад».

Ҳанониё итоат мекунад. Ҳангоме ки бо Шоул во мехӯрад, Ҳанониё дастони худро бар ӯ гузошта, мегӯяд: «Ҳазрати Исо маро фиристод, то боз бино гардӣ ва аз рӯҳулқудс пур шавӣ». Ҳамон лаҳза аз чашмони Шоул чизе ба мисли пулакча ғалтид ва ӯ аз нав бино шуд.

Шоул дар мавъиза ба мардумони миллатҳои зиёде иштирок мекунад. Ӯ ҳамчун Павлуси расул машҳур мешавад, ки дар борааш баъдтар бештар хоҳем фаҳмид. Лекин аввал, биё бубинем, ки Худо Петрусро барои иҷрои чӣ коре мефиристад.

Аъмол 8:1–4; 9:1–20; 22:6–16; 26:8–20.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан