Қисми 10
Дунёи нав ва аҷибе, ки аз ҷониби Худо барпо мегардад
1, 2. Пас аз ҷанги Ҳармиҷидӯн, ки заминро покиза мекунад, чӣ рӯй хоҳад дод?
ПАС аз ҷанги Худо Ҳармиҷидӯн, ки заминро покиза мекунад, чӣ рӯй хоҳад дод? Пас аз он давраи нави аҷоибе оғоз хоҳад ёфт. Шахсони дар Ҳармиҷидӯн наҷотёфта, ки аллакай вафодории худро нисбати ҳокимияти Худо нишон додаанд, вориди дунёи нав хоҳанд шуд. Вақте ки Худо бар сари одамон баракатҳоро фурӯ мерезад, чӣ давраи ҳаяҷоноваре фаро хоҳад расид!
2 Таҳти роҳбарии Салтанати Худо наҷотёфтагон ба барпо намудани биҳишт шурӯъ мекунанд. Қувваи онҳо на ба корҳои худбинона, балки ба корҳое равона карда мешавад, ки ба ҳамагон манфиат меоранд. Замин торафт ба хонаи зебо, осоишта ва ҳаловатбахше мубаддал мегардад.
Ба ҷои бадӣ адолат барқарор мегардад
3. Чӣ гуна сабукиро дарҳол баъд аз Ҳармиҷидӯн ҳис хоҳем кард?
3 Ҳамаи ин бо маҳв шудани дунёи Шайтон имконпазир мегардад. Дигар ягон сохтори ҷамъиятӣ, давлатдорӣ ва ё дини дурӯғ, ки ихтилофот ба миён меоранд, нахоҳанд буд. Дигар ҳаргиз тарғиботи шайтонӣ одамонро гумроҳ намесозад; ҳамаи ташкилотҳои тавлидкардаи он ҳамроҳи тартиботи Шайтон сарнагун мегарданд. Танҳо тасаввур намоед: тамоми муҳити заҳролудкунандаи дунёи шайтонӣ бартараф шудааст. Чӣ сабукие ҳис хоҳем кард!
4. Дигаргуниеро, ки дар мавриди таълимот ба амал хоҳад омад, тасвир намоед.
4 Он гоҳ фикру ақидаҳои харобиовари одамиро таълимоти ободкунандаи Худо иваз хоҳад кард. «Ҳамаи писарони ту аз Худованд таълим хоҳанд ёфт» (Ишаъё 54:13). Ба шарофати ин таълимоти манфиятбахш сол аз сол «замин аз шинохтани Худованд пур хоҳад буд, мисли он ки баҳр пур аз обҳост» (Ишаъё 11:9). Одамон дигар ҳаргиз бадиро нахоҳанд омӯхт, баръакс, «сокинони дунё инсофро таълим хоҳанд гирифт» (Ишаъё 26:9). Ҳар рӯз аз фикру амалҳои ободкунанда пур хоҳад буд (Аъмол 17:31; Филиппиён 4:8).
5. Ба тамоми бадӣ ва бадкорон чӣ рӯй хоҳад дод?
5 Ҳамин тавр, куштор, зулм, таҷовуз, дуздӣ ва дигар ҷинояткориҳо ҳаргиз нахоҳанд буд. Дигар ҳеҷ кас аз дасти бадкорон гирифтори азоб намегардад. Дар Масалҳо 10:30 гуфта шудааст: «Одил ҳаргиз фурӯ намеғалтад, вале шарирон сокини замин намешаванд».
Барқароршавии саломатии комил
6, 7. a) Ҳукмронии Салтанат ба кадом ҳақиқати талх хотима хоҳад дод? б) Ҳангоми дар замин буданаш Исо инро чӣ тавр нишон дод?
6 Дар дунёи нав ба тамоми оқибатҳои бади исёни нахустин хотима бахшида мешавад. Масалан, ҳукмронии Салтанат ба беморӣ ва пирӣ анҷом медиҳад. Ҳатто агар шумо ҳоло саломатии нисбатан хуб дошта бошед ҳам, ҳақиқати талхи зиндагӣ ин аст, ки бо мурури замон чашмонатон хира, дандонҳоятон коста, гӯшҳоятон ношунаво, пӯсти баданатон пажмурда, узвҳои даруниатон вайрон хоҳанд шуд, то он вақте ки дучори марг нагардед.
7 Аммо он оқибатҳои пур- азобе, ки аз волидони нахустинамон мерос гирифтаем, ба қарибӣ аз байн хоҳанд рафт. Оё дар ёд доред, ки Исо ҳангоми дар рӯи замин буданаш барои сиҳат намудани одамон чӣ корҳоро нишон дод? Китоби Муқаддас баён мекунад: «Мардуми бисёре назди Ӯ бо лангон, кӯрон, гунгон, маъюбон ва хеле беморони дигар омада, онҳоро пеши пойҳои Исо гузоштанд; ва Ӯ онҳоро шифо дод, ба тавре ки мардум гунгонро гӯё, маъюбонро солим, лангонро равон ва кӯронро бино дида, дар ҳайрат монданд» (Матто 15:30, 31).
8, 9. Хушбахтиеро, ки дар дунёи нав ҳангоми барқароршавии саломатии комил эҳсос хоҳем кард, тасвир намоед.
8 Вақте ки дар дунёи нав ҳамаи бемориҳо бартараф мешаванд, то чӣ андоза хушбахт хоҳем гашт! Дигар ҳеҷ вақт аз саломатии бад азоб нахоҳем кашид. «Сокине нахоҳад гуфт: “Ман бемор ҳастам”». «Он гоҳ чашмони кӯрон кушода хоҳад шуд, гӯшҳои карон воз хоҳад шуд. Он гоҳ ланг мисли гавазн ҷастухез хоҳад кард, ва забони гунг тараннум хоҳад намуд» (Ишаъё 33:24; 35:5, 6).
9 Оё ҳар субҳ аз хоб бархоста, худро бардаму солим ҳис кардан ҳаяҷоновар нахоҳад буд? Магар ба пиронсолон донистани он ки қувваи ҷавониашон баргаштааст, хурсандӣ намеорад? Магар ба онҳо комилиятеро, ки пеш Одаму Ҳавво доштанд, соҳиб шудан шодиовар нахоҳад буд? Китоби Муқаддас ваъда медиҳад: «Ҷисми вай бештар аз ҷавониаш тароват хоҳад гирифт: вай ба айёми наврасии худ хоҳад баргашт» (Айюб 33:25). Халос шудан аз айнакҳо, таҷҳизоти шунавоӣ, асоҳо, аробаҳои маъ- юбон ва доруҳо то чӣ андоза хурсандиовар хоҳад буд! Дигар ҳеҷ гоҳ мӯҳтоҷи беморхонаҳо, духтурон ва дандонпизишкон намешавем.
10. Бо марг чӣ рӯй медиҳад?
10 Одамоне, ки дорои чунин саломатии хуб мегарданд, хоҳони марг намешаванд. Ва онҳо нахоҳанд мурд, чунки инсоният дигар дар чанголи нокомилӣ ва марги меросгирифта нахоҳад буд. Масеҳ «бояд салтанат ронад то даме ки ҳамаи душманонро зери пойҳои Худ сарнагун созад. Душмани охирине ки маҳв карда хоҳад шуд, мамот аст». «Бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист» (1 Қӯринтиён 15:25, 26; Румиён 6:23; инчунин ба Ишаъё 25:8 нигаред).
11. Китоби Ваҳй тамоми баракатҳои дунёи навро чӣ тавр ҷамъбаст менамояд?
11 Тамоми баракатҳоеро, ки Худои ғамхор дар биҳишт бар инсоният мерезад, ҷамъбаст намуда, китоби охирини Навиштаҳои Муқаддас чунин мегӯяд: «Ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт» (Ваҳй 21:3, 4).
Ба ҳаёт баргаштани мурдагон
12. Чӣ тавр Исо қудрати эҳё карданро, ки Худо ба ӯ бахшида буд, нишон дод?
12 Исо натанҳо беморону маъюбонро шифо медод, балки ҳатто мурдагонро ба ҳаёт бармегардонд. Бо ин ӯ қудрати аҷиби эҳё карданро, ки Худо ба ӯ бахшида буд, нишон дод. Оё воқеаи омадани Исоро ба хонаи марде, ки духтараш мурда буд, дар ёд доред? Исо ба он духтари фавтида гуфт: «Эй духтар, туро мегӯям, бархез». Ва чӣ рӯй дод? «Дарҳол духтар бархоста, равон шуд». Бо дидани ин одамоне, ки дар он ҷо буданд, «хеле дар ҳайрат монданд». Дили онҳо аз шодӣ лабрез гашт! (Марқӯс 5:41, 42; инчунин ба Луқо 7:11–16; Юҳанно 11:1–45 нигаред).
13. Кадом одамон эҳё хоҳанд гашт?
13 Дар дунёи нав «ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъмол 24:15). Дар он вақт Исо қудрати худододи хешро барои эҳё кардани мурдагон равона месозад, зеро ӯ худ гуфта буд: «Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд» (Юҳанно 11:25). Ӯ инчунин гуфт: «Ҳамаи онҳое ки дар қабр [дар хотираи Худо] мебошанд, овози Ӯро [Исоро] хоҳанд шунид, ва берун хоҳанд омад» (Юҳанно 5:28, 29).
14. Ҳамроҳи марг боз чӣ бартараф хоҳад гардид?
14 Чӣ шодию хурсандии бепоёне сартосари заминро фаро хоҳад гирифт, вақте ки мурдагон оҳиста–оҳиста эҳё гашта, бо наздикони худ мепайванданд! Дигар хабари марги касе боиси ғаму ғуссаи зиндаҳо намегардад. Ба ҷои ин мумкин ки воқеаҳои тамоман баръакс рӯй медиҳанд — хабарҳо дар бораи навэҳёшудагон боиси хурсандии наздиконашон мегардад. Дигар ҳеҷ вақт маросимҳои дафн, мурдасӯзонӣ ва қабристонҳо намешаванд!
Дунёи дар ҳақиқат пур аз осоиштагӣ
15. Чӣ тавр пешгӯии Мико ба маънои пурра иҷро мешавад?
15 Дар ҳар соҳаи ҳаёт осоиштагии ҳақиқӣ ҳукмфармо мегардад. Ҷангҳо, ҳомиёни ҷанг ва яроқсозӣ дар гузашта хоҳанд монд. Чаро? Чунки худпарастии миллӣ, қабилавӣ ва нажодӣ, ки ҷудоӣ меорад, нест хоҳад шуд. Он вақт ба маънои пурра «халқе бар халқе шамшер нахоҳад кашид, ва ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт» (Мико 4:3).
16. Чӣ тавр Худо ба ҷангҳо хотима мебахшад?
16 Ин ба назар тааҷҷубовар менамояд, чунки таърихи инсоният ҳамеша пур аз ҷангҳои хунхорона буд. Сабаб дар он аст, ки инсоният зери роҳбарии одамон ва девҳо қарор дошт. Дар дунёи нав таҳти ҳукмронии Салтанат чунин дигаргуниҳо ба амал хоҳад омад: «Биёед, ба корномаҳои Худованд назар андозед ... Ба ҷангҳо то ақсои замин хотима дода, камонро шикастааст ва найзаро пора кардааст, аробаҳоро ба оташ сӯзондааст» (Забур 45:9, 10).
17, 18. Дар дунёи нав байни одам ва ҳайвон чӣ гуна муносибат барқарор мегардад?
17 Инчунин он осоиштагие, ки байни одам ва ҳайвон дар боғи Адан буд, барқарор мегардад (Ҳастӣ 1:28; 2:19). Худо мегӯяд: «Дар он рӯз Ман барои онҳо бо ҳайвоноти саҳро ва мурғони ҳаво ва ҳашароти замин аҳд хоҳам баст ... ва онҳоро дар амният хоҳам хобонид» (Ҳушаъ 2:18).
18 Ин сулҳу осоиштагӣ то чӣ андоза паҳн мегардад? «Гург бо барра зиндагӣ хоҳад кард, ва паланг бо бузғола хоҳад хобид; ва гӯсола ва шербача ва парворӣ бо ҳам хоҳанд буд, ва кӯдаки хурде онҳоро хоҳад чаронид». Дигар ҳеҷ гоҳ ҳайвонҳо на ба одамон ва на ба якдигар зарар намерасонанд. Ҳатто «шер мисли гов коҳ хоҳад хӯрд»! (Ишаъё 11:6–9; 65:25).
Ба биҳишт мубаддал гардидани замин
19. Дар замин чӣ дигаргуниҳо рӯй хоҳад дод?
19 Тамоми рӯи замин ба маскани биҳиштии одамизод мубаддал мегардад. Ана барои ҳамин Исо ба марде ки ба ӯ имон оварда буд, чунин ваъдаро дода тавонист: «Бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд». Китоби Муқаддас мегӯяд: «Биёбон ва саҳрои хушк ба ваҷд хоҳад омад, ва чӯл шод хоҳад гардид, мисли гули савсан хоҳад шукуфт ... Зеро ки обҳо дар биёбон, ва рӯдҳо дар чӯл ҷӯш хоҳад зад» (Луқо 23:43; Ишаъё 35:1, 6).
20. Чаро одамон дигар асло ба қаҳтӣ дучор намегарданд?
20 Зери ҳукмронии Салтанати Худо миллионҳо одамон дигар асло ба қаҳтӣ дучор намегарданд. «Ғалла дар замин то ба қуллаи кӯҳҳо фаровон хоҳад шуд». «Дарахти саҳро бори худро хоҳад овард ва замин ҳосили худро хоҳад дод, ва онҳо бар замини худ дар амният хоҳанд буд» (Забур 71:16; Ҳизқиёл 34:27).
21. Бо қашшоқӣ, бехонагӣ ва маҳаллаҳои ноободу пур аз ҷиноят чӣ рӯй хоҳад дод?
21 Он вақт дигар қашшоқӣ, бехонагӣ ва маҳаллаҳои ноободу пур аз ҷиноят нахоҳад буд. «Хонаҳо бино карда дар онҳо сокин хоҳанд шуд, ва токҳо шинонда, меваи онҳоро хоҳанд хӯрд. Онҳо бино нахоҳанд кард барои он ки дигарон сокин шаванд; онҳо нахоҳанд шинонд барои он ки дигарон бихӯранд». «Ҳар яке зери токи худ ва зери дарахти анҷири худ хоҳанд нишаст, ва касе онҳоро нахоҳад тарсонид» (Ишаъё 65:21, 22; Мико 4:4).
22. Баракатҳое, ки роҳбарии Худо меорад, дар Китоби Муқаддас чӣ гуна тасвир ёфтаанд?
22 Дар биҳишт одамон натанҳо соҳиби ин баракатҳо, балки баракатҳои бештаре хоҳанд гашт. Дар Забур 144:16 гуфта шудааст: «Дасти Худро мекушоӣ, ва ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер мекунӣ». Тааҷҷубовар нест, ки Китоби Муққадас пешгӯӣ мекунад: «Ҳалимон вориси замин хоҳанд буд, ва аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд ... Одилон вориси замин хоҳанд буд, ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард» (Забур 36:11, 29).
Бартараф гардидани гузашта
23. Чӣ тавр Салтанати Худо тамоми ранҷу азоберо, ки мо кашидаем, бартараф месозад?
23 Салтанати Худо тамоми бадбахтиеро, ки бар сари инсоният дар тӯли шаш ҳазор соли сипаришуда фурӯ рехта шуда буд, бартараф месозад. Ҳама гуна ранҷу азобе, ки одамон кашидаанд, назди шодиву хурсандии онвақта ба назар ҳеҷ хоҳад намуд. Хотироти бади пешина ҳаётро дигар талх нахоҳад кард. Фикру машғулиятҳои самарабахш кори муқаррарии одамон гашта, оҳиста–оҳиста ғубори дарду аламро аз дил хоҳанд баровард.
24, 25. a) Мувофиқи пешгӯии Ишаъё чӣ бояд рӯй диҳад? б) Чаро итминон дошта метавонем, ки аз ранҷу азоби гузашта танҳо хотироти хирае боқӣ хоҳад монд?
24 Худои ғамхор мегӯяд: «Ман осмони нав [ҳукумати нави осмоние, ки бар инсоният роҳбарӣ хоҳад кард] ва замини нав [ҷамъияти одилонаи инсонӣ] меофарам, ва чизҳои пештара ба хотир нахоҳад расид, ва ба дил нахоҳад омад; балки аз он чи Ман меофарам, шодӣ кунед ва то абад ба ваҷд оед». «Тамоми замин ором ёфта, фароғат менамояд; ба тараннум овоз баланд мекунанд» (Ишаъё 14:7; 65:17, 18).
25 Ҳамин тавр, Худо тавассути Салтанати худ вазъияти бадро, ки муддати дароз тӯл кашида истодааст, иваз хоҳад кард. Ӯ азиятҳои дидаамонро натанҳо бартараф мекунад, балки дар давоми абадият баракатҳоро бар мо фурӯ мерезад ва бо ин ғамхории бузурги худро нишон медиҳад. Аз ранҷу азобҳои пасисаргашта танҳо хотироти хирае боқӣ хоҳад монд, агар умуман онҳоро ба ёд овардан хоҳем.
26. Чаро Худо ҳамаи азобҳои гузаштаро ҷуброн хоҳад кард?
26 Бо чунин тарз Худо ҳамаи азобҳоеро, ки мо дар ин ҷаҳон аз сар гузарондаем, ҷуброн хоҳад кард. Ӯ медонад, ки айби мо нест, ки нокомил таваллуд шудаем, зеро нокомилиро аз волидони нахустини худ мерос гирифтаем. Мо айбдор нестем, ки дар ҷаҳони шайтонӣ таваллуд шудаем, зеро агар Одам ва Ҳавво садоқатмандиро нигоҳ медоштанд, он гоҳ мо дар биҳишт тавлид мешудем. Бинобар ин Худо аз рӯи марҳамати бузурги худ ҳамаи ранҷу азоби гузаштаро рӯпӯш хоҳад кард.
27. Кадом пешгӯӣҳо иҷрошавии аҷоиби худро дар дунёи нав интизоранд?
27 Дар дунёи нав одамизод аз озодие, ки дар Румиён 8:21, 22 пешгӯӣ шуда буд, баҳраманд хоҳад гардид: «Худи махлуқот ҳам аз бандагии фано халосӣ ёфта, ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик хоҳад шуд. Зеро медонем, ки тамоми махлуқот бо якҷоягӣ то алҳол оҳу нола мекунад ва азоб мекашад». Дар он вақт одамон пурра иҷро шудани дуои зеринро хоҳанд дид: «Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд» (Матто 6:10). Шароити аҷоибе, ки дар биҳишти заминӣ ҳукмфармо хоҳад буд, шароити осмониро инъикос хоҳад кард.
[Тасвири саҳифаи 23]
Дар дунёи нав пиронсолон қувваи ҷавонии худро аз нав пайдо хоҳанд кард.
[Тасвири саҳифаи 24]
Дар дунёи нав ҳамаи бемориҳо ва нотавониҳо аз миён бардошта хоҳанд шуд.
[Тасвири саҳифаи 25]
Дар дунёи нав мурдагон ба ҳаёт баргардонида мешаванд.
[Тасвири саҳифаи 26]
«Ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт».
[Тасвири саҳифаи 27]
Дар биҳишт байни одамон ва ҳайвонот осоиштагии пурра хоҳад буд.
[Тасвири саҳифаи 27]
«Худо дасти Худро мекушояд ва ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер мекунад».
[Тасвири саҳифаи 28]
Салтанати Худо натанҳо тамоми ранҷу азоберо, ки аз сар гузаронидаем, рӯпӯш мекунад, балки баракатҳои зиёдтаре хоҳад овард.