Боби 3
Худои ҳақиқӣ кист?
1. Чаро шахсони бисёр бо нахустин суханони Китоби Муқаддас розиянд?
ОЁ ДАР шабҳангоми беғубор ситорагони сершумори осмонро наззора карда, ҳайрон намешавед? Мавҷудияти ахтаронро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Ҳамчунин дар хусуси гулҳои рангоранг, паррандагони хушилҳон, дар бораи наҳангҳои бузурге, ки дар уқёнусҳо ғӯтазанон шиноваранд, чӣ андеша доред? Ҳамин тавр метавон мавҷудоти зиёдеро беохир номбар кард. Ҳамаи инҳо наметавонистанд, ки дар чаҳон тасодуфан падид оянд. Тааҷҷубовар нест, ки шахсони бисёре бо оғози Китоби Муқаддас розиянд: «Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид» (Ҳастӣ 1:1).
2. Китоби Муқаддас дар бораи Худо чӣ мегӯяд ва моро ба чӣ даъват мекунад?
2 Имрӯз одамон дар хусуси Худо ақидаҳои гуногун доранд. Баъзеҳо тасаввур мекунанд, ки Ӯ қувваи бешахсият аст. Миллионҳо гузаштагони худро парастиш мекунанд ва Худоро дастнорас меҳисобанд. Аммо Китоби Муқаддас возеҳ мефаҳмонад, ки Худои ҳақиқӣ — шахси воқеӣ буда, ба ҳар яки мо рағбати том зоҳир менамояд. Ба ҳамин тариқ Китоби Муқаддас моро тарғиб мекунад, ки Худоро биҷӯем ва мегӯяд, ки «Ӯ аз ҳеҷ яке аз мо дур нест» (Аъмол 17:27).
3. Чаро Худоро тасвир кардан ғайриимкон аст?
3 Худо чӣ гуна намуд дорад? Танҳо баъзе аз хизматгоронаш дар рӯъёҳо ҳузури боҳашамати Ӯро мушоҳида кардаанд. Дар ин рӯъёҳо, Ӯ худро нишаста бар тахти подшоҳӣ нишон медиҳад, ки аз Ӯ нури аҷиби ҳаяҷоноваре афшон аст. Аммо одамоне ки чунин рӯъёҳоро гирифтаанд, ҳаргиз тарҳи рӯи Худоро тасвир накардаанд, чунки «Худо рӯҳ аст» ва пайкари ҷисмонӣ надорад (Дониёл 7:9, 10; Ваҳй 4:2, 3; Юҳанно 4:24). Дарвоқеъ, тассаввур кардани Офаридгорамон дар пайкари ҷисмонӣ номумкин аст, зеро ки «Худоро ҳаргиз касе надидааст» (Юҳанно 1:18; Хуруҷ 33:20). Аммо Китоби Муқаддас дар хусуси Худо ба мо хеле зиёд нақл мекунад.
ХУДОИ ҲАҚИҚӢ НОМ ДОРАД
4. Баъзе аз унвонҳои пурмаънии Худо, ки дар Китоби Муқаддас омадаанд, кадоманд?
4 Дар Китоби Муқаддас Худои ҳақиқӣ бо ибораҳои «Худои қодир», «Ҳаққи Таоло», «Офаридгор», «Муаллим», «Парвардигор», «Подшоҳи Ҷовид» тавсиф шудааст (Ҳастӣ 17:1; Забур 49:14; Воиз 12:1; Ишаъё 30:20; Аъмол 4:24; 1 Тимотиюс 1:17). Агар дар хусуси ин унвонҳои Худо биандешем, мо дар бораи Ӯ бештар хоҳем фаҳмид.
5. Номи Худо чист ва он чанд бор дар Навиштаҳои Ибронӣ зикр шудааст?
5 Аммо Худо исми шахсие дорад, ки танҳо дар Навиштаҳои Ибронӣ қариб 7 000 бор зикр мешавад, яъне беш аз ҳар унвони Ӯ. Қариб 1 900 сол пеш, яҳудиён аз рӯи хурофот аз ба забон овардани номи Илоҳӣ даст кашиданд. Забони ибронӣ, ки Китоби Муқаддас бо он навишта мешуд, ҳарфҳои садонок надошт. Аз ин сабаб, аниқ муайян кардани он ки Мусо, Довуд ва дигар одамони давраҳои қадим ин чор ҳарфи ҳамсадоро (יהוה), ки исми Худоро ифода мекунад, чӣ гуна мехонданд, аз имкон берун аст. Гурӯҳе аз муҳаққиқон эҳтимол доранд, ки номи Худо «Яҳва» талаффуз мешуд, вале ба ин ақидаи худ итминон надоранд. Дар забони тоҷикӣ талаффузи «Йеҳӯва» истифода мешавад ва муродифҳои он дар забонҳои гуногуни ҷаҳон ба таври васеъ пазируфта шудаанд. (Нигаред ба шарҳи умумии мундариҷаи Китоби Муқаддас.)
ЧАРО БОЯД НОМИ ХУДОРО ХОНЕМ?
6. Забур 82:19 дар бораи Йеҳӯва чӣ мегӯяд ва чаро бояд номи Ӯро бихонем?
6 Йеҳӯва — ин исми ягонаест, ки Худоро аз ҳама худоёни дигар фарқ мекунонад. Ба ҳамин сабаб номи Ӯ муттасил дар Китоби Муқаддас, хусусан дар матни ибронӣ зоҳир мешавад. Аксари тарҷумонҳо исми Худоро истифода накардаанд, аммо дар Забур 82:19 (ТОН) рӯшан омада: «Танҳо Ту, ки исмат Йеҳӯва аст, бар тамоми замин Ҳаққи Таоло ҳастӣ». Бинобар ин шоиста аст, ки ҳангоми гуфтор дар бораи Худо номи шахсии Ӯро истифода бикунем.
7. Дар бораи Йеҳӯва аз маънои номи Ӯ чӣ мефаҳмем?
7 Номи Йеҳӯва — яке аз шаклҳои феъли ибронист, ки маънояш “шудан” аст. Бинобар ин, номи Худо дорои ин маънӣ аст: “Ӯ сабаби шудан мегардад”. Ҳамин тариқ, Йеҳӯва ба мо мефаҳмонад, ки Ӯ Худои ниятҳои бузург аст. Ӯ ҳамеша сабаби он мегардад, ки мақсадҳояш ҷомаи амал пӯшанд. Танҳо Худои ҳақиқӣ соҳибҳуқуқона дорои ин ном буда метавонад, зеро ки инсонҳо ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба бомуваффақият анҷом ёфтани нақшаҳояшон итминони комил дошта бошанд (Яъқуб 4:13, 14). Танҳо Йеҳӯва метавонад гӯяд: «Ончунон каломе ки аз даҳони Ман мебарояд, хоҳад буд ... ва ба иҷрои он чӣ, ки барояш варо фиристодаам, муваффақ хоҳад шуд» (Ишаъё 55:11).
8. Йеҳӯва чӣ гуна мақсадашро ба воситаи Мусо ошкор кард?
8 Сардорони қавми ибронӣ Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб «исми Йеҳӯваро мехонданд», вале онҳо аз маънои пурраи номи Худо огоҳ набуданд (Ҳастӣ 21:33; 26:25; 32:9; Хуруҷ 6:3, ТОН). Вақте ки Йеҳӯва нияти худ, яъне озод кардани насли исроилиёнро аз ғуломии Миср ошкор кард ва ваъда дод, ки ба онҳо «заминеро, ки дар он ширу асал ҷорист» мебахшад, ин гуфтор аз ҳақиқат дур менамуд (Хуруҷ 3:17). Бо вуҷуди ин Худо ба маънои исми худ ишора карда, ба Мусо пайғамбар амр кард: «Ба бани Исроил чунин бигӯ: “Худованд [«Йеҳӯва», ТОН] Худои падаронатон, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб, маро назди шумо фиристод”. Ин аст исми Ман то абад ва ин аст зикри Ман аз насл ба насл» (Хуруҷ 3:15).
9. Муносибати фиръавн ба Йеҳӯва чӣ гуна буд?
9 Мусо аз фиръавн, подшоҳи Миср хоҳиш кард, ки исроилиёнро ба биёбон барои ибодат кардани Йеҳӯва ҷавоб диҳад. Аммо фиръавн, ки ӯро худо мешумориданд ва ӯ худ ба худоёни мисриён саҷда мекард, гуфт: «Йеҳӯва кист, ки ба овозаш гӯш дода, Исроилро равона кунам? Йеҳӯваро намешиносам ва Исроилро низ равона нахоҳам кард» (Хуруҷ 5:1, 2, ТОН).
10. Дар Мисри қадим Йеҳӯва барои ба анҷом расонидани мақсаде, ки нисбати исроилиён дошт, чӣ кор кард?
10 Пас аз он, Йеҳӯва тибқи маънои номи худ амал карда, тадриҷан ба иҷро кардани ниятҳои худ оғоз намуд. Ӯ даҳ офатро ба сари мисриёни қадим овард. Офати охирин ҳамаи нахустзодагони мисрӣ, аз он ҷумла писари фиръавни мағрурро ба ҳалокат расонд. Он гоҳ мисриён илтиҷо карданд, то исроилиён замини онҳоро тарк кунанд. Аммо ба баъзе мисриён қудрати Йеҳӯва чунон таъсир расонд, ки ба исроилиён пайвастанд ва замини Мисрро тарк карданд (Хуруҷ 12:35–38).
11. Дар назди баҳри Қулзум, Йеҳӯва чӣ гуна мӯъҷизаро ба вуқӯъ овард ва душманони Ӯ ба иқрори чӣ маҷбур шуданд?
11 Фиръавни якрав бо лашкари худ, ки дар он садҳо аробаи ҷангӣ буд, бо умеди баргардонидани ғуломони худ аз паи онҳо тохт. Вақте ки мисриён наздик мешуданд, Худо бо мӯъҷизае оби баҳри Қулзумро ба ду ҳисса аз ҳам ҷудо кард, то ки исроилиён битавонанд, ки бар рӯи замини хушки он гузаранд. Ҳангоме ки таъқибкунандагон ба долони дар қаъри баҳр баамаломада ворид шуданд, Йеҳӯва «чархҳои аробаҳошонро баровард, ба тавре ки онҳо базӯр ҳаракат мекарданд». Ва сарбозони мисрӣ фарёд заданд: «Аз пеши исроилиён бигрезем, зеро ки Худованд барои онҳо бо мисриён ҷанг мекунад». Аммо бениҳоят дер шуда буд. Деворҳои бузурги об ба рӯи ҳам ғалтида ва «аробаҳо ва саворон ва тамоми лашкари фиръавнро пӯшонид» (Хуруҷ 14:22–25, 28). Йеҳӯва номи худро муаззам гардонид ва ин воқеа то ба имрӯз фаромӯш нашудааст (Еҳушаъ ибни Нун 2:9–11).
12, 13. а) Мафҳуми номи Худо имрӯз ба мо чӣ аҳамият дорад? б) Одамон чиро бояд ҳатман омӯзанд ва барои чӣ?
12 Исми шӯҳратманди Худо имрӯз барои мо маънои амиқ дорад. Номи Ӯ — Йеҳӯва гарави он аст, ки ҳар он чӣ ки Ӯ ният кард, ба вуҷуд меояд. Ҳамчунин маънои исмаш ба аввалин нияти Ӯ, яъне ба биҳишт табдил додани замин вобаста аст (Ҳастӣ 1:28; 2:8). Ҳамин тавр, Худо ҳамаи мухолифони ҳозираи салтанаташро несту нобуд мекунад, чунон ки изҳор кардааст: «Ва хоҳанд донист, ки Ман — Худованд [«Йеҳӯва», ТОН] ҳастам» (Ҳизқиёл 38:23). Ҳамон вақт Ӯ ваъдаи худро иҷро намуда, ба парастандагони худ олами наверо, ки дар он ҷо адолат ҳукмфармост, ҳадя мекунад (2 Петрус 3:13).
13 Ҳама касоне, ки мехоҳанд сазовори таҳсини Худо гарданд, бояд бо имон хондани номи Ӯро биомӯзанд. Китоби Муқаддас чунин ваъда медиҳад: «Ҳар кӣ исми Худованд [«Йеҳӯва», ТОН]-ро бихонад, наҷот хоҳад ёфт» (Румиён 10:13). Оре, номи Йеҳӯва маънои ғанӣ дорад. Йеҳӯваро Худои худ ва Наҷотдиҳанда хонда, хушбахтии ҷовидониро инъом хоҳед гирифт.
ХУСУСИЯТҲОИ ХУДОИ ҲАҚИҚӢ
14. Китоби Муқаддас кадом хусусиятҳои асосии Худоро ошкор месозад?
14 Воқеаи озод кардани Исроилиён аз ғуломии Миср чор хусусияти аслии Худоро, ки дар Ӯ муттаносибанд, ошкор намуд. Рафтори Ӯ бо фиръавн нишонгари қуввати азими ҳаяҷонангези Ӯст (Хуруҷ 9:16). Ҳалли олиҷанобонаи ин вазъияти мураккаб аз хиради бепоёни Ӯ шаҳодат медиҳад (Румиён 11:33). Бо таъини ҷазо ба душманони якрав ва таъқибкунандагони халқи худ Ӯ адолатро зоҳир намуд (Такрори Шариат 32:4). Хусусияти барҷастаи Худо — муҳаббат аст. Ваъдаи худро дар бобати насли Иброҳим иҷро карда, Йеҳӯва муҳаббати беҳамтои худро нишон дод (Такрори Шариат 7:8). Ғайр аз ин, Ӯ муҳаббати худро дар он зоҳир кард, ки ба баъзе мисриён имкон дод, то худоёни сохтаи худро тарк карда, ба манфиати худ, ба Худои ягонаи ҳақиқӣ рӯ оваранд.
15, 16. Худо муҳаббати худро чӣ гуна намоён мекунад?
15 Ҳангоми хондани Китоби Муқаддас дармеёбед, ки муҳаббат хусусияти асосии Худост ва Ӯ онро ба тариқи гуногун намоён месозад. Чунончӣ, маҳз аз муҳаббат Ӯ Офаридгор гашт ва дар ибтидо ба махлуқоти рӯҳӣ хуррамии зиндагӣ ато кард. Садҳо миллион фариштаҳо ба Худо муҳаббат доранд ва ӯро ҳамд мегӯянд (Айюб 38:4, 7; Дониёл 7:10). Ҳамчунин бо офариниши Замин ва омода сохтани он барои зиндагии саодатманди одамон Ӯ муҳаббат нишон дод (Ҳастӣ 1:1, 26–28; Забур 113:24).
16 Беҳисобанд он неъматҳое ки Худо аз рӯи муҳаббат ба мо ато мекунад. Чунончӣ, Худо бо муҳаббат моро ба сурати ҳайратовар офаридааст, то мо битавонем аз зиндагӣ лаззат бибарем (Забур 138:14). Муҳаббати Ӯро дар он мебинем, ки «аз осмон борон меборонад, фаслҳои боровар мебахшад, ба мо ғизо медиҳад ва дилҳои моро аз шодмонӣ пур мекунад» (Аъмол 14:17). Худо ҳатто «офтоби Худро бар бадону некон тулӯъ мекунонад ва борон бар одилону золимон меборонад» (Матто 5:45). Муҳаббат Ӯро водор мекунад, ки ба мо дар андӯхтани дониш ва хидмат ба Ӯ ба сурати парастандагонаш, кӯмак кунад. Дар ҳақиқат «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳанно 4:8). Вале шахсияти Ӯ хусусиятҳои зиёди дигаре низ дорад.
«ХУДОИ РАҲИМ ВА МЕҲРУБОН»
17. Аз Хуруҷ 34:6, 7 дар бораи Худо мо чӣ мефаҳмем?
17 Ҳатто пас аз он ки исроилиён аз баҳри Қулзум гузаштанд, ҳанӯз ниёз бар он доштанд, ки Худоро хубтар бишносанд. Мусо инро дарк карда, дар дуо мегӯяд: «Агар ман манзури назари Ту шуда бошам, лутфан, роҳҳои Худро ба ман маълум намо, то ки Туро бишносам ва манзури назари Ту гардам» (Хуруҷ 33:13). Мусо Худоро беҳтар шинохт, ҳангоме ки ба шунидани суханони худи Худо ноил гашт: «Йеҳӯва, Худованд, Худои раҳим ва меҳрубон, собир ва пур аз эҳсону вафо, ки марҳаматро барои ҳазорон насл нигоҳ медорад, гуноҳ ва маъсият ва хаторо меомурзад, вале осиёнро беҷазо намегузорад» (Хуруҷ 34:6, 7, ТОН). Худо муҳаббат ва адолати худро муттаносиб ба кор мебарад: одамонеро, ки аз гуноҳ худдорӣ намекунанд, Ӯ аз оқибати рафторҳои бадашон муҳофизат намекунад.
18. Раҳмдилии Йеҳӯва дар чӣ зоҳир мегардад?
18 Чунон ки Мусо омӯхт, Йеҳӯва раҳмдилиашро зоҳир менамояд. Шахси раҳмдил ба он касе, ки ранҷ мекашад, ҳамдард шуда кӯшиш мекунад, ки бори гарони ғами ӯро сабуктар созад. Ҳамчунин Худо низ ба инсоният ҳамдардии худро дар он нишон медиҳад, ки оқибат онҳоро аз уқубатҳо, дард ва марг раҳоӣ хоҳад дод (Ваҳй 21:3–5). Парастандагони Худо аз авзои шариронаи дунё ва ё аз он ки ҷое рафтори бемулоҳиза карданд, метавонанд азобу уқубат кашанд. Аммо агар бо фурӯтанӣ ба Йеҳӯва рӯ оваранд, Ӯ онҳоро тасаллӣ дода, ба ёриашон мешитобад. Чаро? Зеро Ӯ раҳимона ба парастандагонаш таваҷҷӯҳ карда, лутфу меҳрубонӣ нишон медиҳад (Забур 85:15; 1 Петрус 5:6, 7).
19. Чаро метавонем бигӯем, ки Худо раҳим ва меҳрубон аст?
19 Бисёре аз соҳибмансабон бо дигарон сангдилона рафтор мекунанд. Бар хилофи онҳо Йеҳӯва нисбат ба ходимони фурӯтани худ меҳрубонии беҳудудро зоҳир менамояд! Бо вуҷуди он ки баландтарин мақом дар даҳр дорад, нисбат ба кулли инсоният Ӯ аз худ меҳрубонии бемисл нишон медиҳад (Забур 8:4, 5; Луқо 6:35). Дар мавриде ки одамон аз Худо илтифоти Ӯро пурсон мегарданд, Йеҳӯва ба хоҳиши ҳар яки онҳо посух дода, бо ин низ аз меҳрубонии худ дарак медиҳад (Хуруҷ 22:26, 27; Луқо 18:13, 14). Албатта, Худо мутасаддӣ бар он нест, ки ба касе лутф ё раҳмдилӣ зоҳир бикунад (Хуруҷ 33:19). Аз ин хотир, барои раҳмдиливу меҳрубонии Худо бояд аз худ қадршиносии амиқ нишон диҳем (Забур 144:1, 8).
РӮЙБИНӢ НАДОРАД, ПУРТОҚАТ ВА ОДИЛ АСТ
20. Аз чӣ маълум мешавад, ки Йеҳӯва пуртоқат аст ва рӯйбинӣ надорад?
20 Йеҳӯва пуртоқат аст. Аммо аз нобуд сохтани фиръавни якрав бо лашкараш дар баҳри Қулзум аён аст, ки Ӯ беамал наменишинад. Йеҳӯва ҳамчунин рӯйбинӣ надорад. Аз ин рӯ, қавми исроилиён бо сабаби идомаи амали нодурусташон оқибат аз лутфи Худо маҳрум шуданд. Худо парастандагони худ, яъне онҳоеро ки аҳкоми Ӯро риоя мекунанд, аз халқи ҳама миллатҳо ҷамъ мекунад (Аъмол 10:34, 35).
21. а) Китоби Ваҳй 15:2–4 дар бораи Худо чӣ хабар медиҳад? б) Чӣ моро ёрӣ мерасонад, ки мувофиқи аҳкоми Худо зиндагӣ кунем?
21 Дар Ваҳйи Китоби Муқаддас таъкид мешавад, ки дар бораи «довариҳои одилона»-и Худо донистан муҳим аст. Ин китоб ба мо арз мекунад, ки махлуқоти осмонӣ чунин мехонанд: «Бузург ва аҷоиб аст аъмоли Ту, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ! Ҳақ асту рост роҳҳои Ту, эй Подшоҳи муқаддасон! Кист, ки аз Ту, эй Худованд, натарсад ва исми Туро ҷалол надиҳад? Зеро ки танҳо Ту Қуддус ҳастӣ. Ҳамаи халқҳо омада, дар пеши Ту саҷда хоҳанд кард, зеро ки довариҳои одилонаи Ту зоҳир шудааст» (Ваҳй 15:2–4). Агар меъёрҳои Йеҳӯва дар зиндагии мо таҷассум ёбанд, бо ин мо худотарсӣ зоҳир намуда, эҳтироме ки Ӯ ба он сазовор аст, барояш ба ҷо меоварем. Ин душвор нахоҳад буд, дар сурате, ки ҳамеша хираду муҳаббати Худо дар лавҳи хотири мо бошанд, зеро ҳама аҳкоми Ӯ ба манфиати мост (Ишаъё 48:17, 18).
«ХУДОВАНД ХУДОИ МО ХУДОИ ЯГОНА АСТ»
22. Чаро касоне, ки Китоби Муқаддасро пазируфтанд, Сегонаро эътироф намекунанд?
22 Мисриёни қадим худоёни сохтаи зиёдеро мепарастиданд, аммо Йеҳӯва «Худои ғаюр» аст (Хуруҷ 20:5). Мусо ба исроилиён хотиррасон кард, ки «Худованд Худои мо Худои ягона аст» (Такрори Шариат 6:4). Исои Масеҳ низ ин суханонро такрор кард (Марқӯс 12:28, 29). Бинобар ин, касоне ки Китоби Муқаддасро Каломи Худо медонанд, Сегона (яъне се шахс дар як Худо)-ро эътироф намекунанд. Бояд қайд кард, ки калимаи «Сегона» дар Китоби Муқаддас ҳатто зикр нашудааст. Худои ҳақиқӣ як шахс аст ва аз Исои Масеҳ фарқ дорад (Юҳанно 14:28; 1 Қӯринтиён 15:28). Рӯҳулқудси Худо шахс нест, балки нерӯи фаъоли Йеҳӯва аст, ки онро Қодири Мутлақ барои иҷрои мақсадҳояш мавриди истифода қарор медиҳад (Ҳастӣ 1:2; Аъмол 2:1–4, 32, 33; 2 Петрус 1:20, 21).
23. а) Муҳаббати шумо нисбати Худо аз чӣ хоҳад афзуд? б) Нисбати муҳаббат ба Худо Исо чӣ гуфт ва дар бораи Масеҳ чиро бояд бифаҳмем?
23 Вақте пай мебаред, ки Йеҳӯва то чӣ андоза олист, оё розӣ намешавед, ки Ӯ шоистаи парастиш аст? Дар таи омӯзиши Каломи Ӯ, яъне Китоби Муқаддас Ӯро беҳтар мешиносед ва мефаҳмед, ки дархостҳои Ӯ барои беҳбудию хушбахтии абадии шумоянд (Матто 5:3, 6). Илова бар ин, муҳаббати шумо нисбати Худо хоҳад афзуд. Исо гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту ва бо тамоми қуввати ту дӯст бидор» (Марқӯс 12:30). Аён аст, ки Исо ба Худо чунин муҳаббат дошт. Аммо Китоби Муқаддас дар бораи Исои Масеҳ чӣ мегӯяд? Нақши Ӯ дар иҷрошавии мақсади Йеҳӯва чӣ гуна аст?
ДОНИШИ ХУДРО БИОЗМОЕД
Номи Худо чист ва он чанд бор дар Навиштаҳои Ибронӣ зикр шудааст?
Барои чӣ хондани номи Худо зарур аст?
Кадом хусусиятҳои Йеҳӯва Худо бароятон бештар писанд омаданд?
[Тасвири саҳифаи 29]
Оё Офаридгори тамоми ҳастиро хуб мешиносед?