ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wt боби 6 саҳ. 50-59
  • Саволи баҳсталабе, ки ба ҳамаи мо дахл дорад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Саволи баҳсталабе, ки ба ҳамаи мо дахл дорад
  • Худои ягонаи ҳақиқиро ибодат намоед
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Таърих чиро исбот кард?
  • Ворид шудан ба дунёи нави Худо
  • Посухи онҳо ба саволи баҳсталаб
  • Посухи мо
  • Яҳува — Ҳокими Олии мост!
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2010
  • Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Диққати худро ба тарафдорӣ кардани ҳокимияти Яҳува равона созед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ кунед!
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
Худои ягонаи ҳақиқиро ибодат намоед
wt боби 6 саҳ. 50-59

Боби шаш

Саволи баҳсталабе, ки ба ҳамаи мо дахл дорад

1, 2. a) Шайтон кадом саволи баҳсталабро дар Адан бардошт? б) Чӣ тавр ин саволи баҳсталаб аз суханони Шайтон аён гардид?

ШУМО ба муҳимтарин саволи баҳсталабе, ки инсоният ба он дучор гардидааст, ҷалб кунонда шудаед. Дар ин савол киро тарафдорӣ кардани шумо ояндаи ҷовидониатонро муайян месозад. Ин саволи баҳсталаб ҳангоми дар Адан сар задани исён бардошта шуд. Он вақт Шайтон аз Ҳавво пурсид: «Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?» Ҳавво ҷавоб дод, ки Худо танҳо дар бораи як дарахт гуфтааст: «[Аз он] нахӯред,... мабодо бимиред». Сипас Шайтон Худоро рӯирост дар дурӯғгӯӣ айбдор намуда гуфт, ки ҳаёти ӯ ва шавҳараш Одам аз итоат ба Худо вобаста нест. Ӯ изҳор намуд, ки Худо офаридаҳои худро аз чизи хубе, яъне аз имконияти барои худ муқаррар кардани меъёрҳо маҳрум сохтааст. Шайтон гуфт: «Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд» (Ҳастӣ 3:1–5).

2 Аслан Шайтон гуфт, ки барои одамон беҳтар мебуд, агар онҳо ба ҷои ба қонунҳои Худо итоат намудан аз рӯи қарорҳои худ зиндагӣ мекарданд. Бо ин ӯ тарзи роҳбарии Худоро зери шубҳа гузошт. Ҳамин тавр, муҳимтарин саволи баҳсталаб оиди ҳукмронии Худо бар олам, яъне ҳуқуқи Ҳоким будани Ӯ, бардошта шуд. Он савол чунин буд: барои одамон чӣ беҳтар аст — роҳбарии Яҳува ё роҳбарии мустақил аз Ӯ? Албатта, Яҳува метавонист Одам ва Ҳавворо дарҳол нест кунад, вале бо ин тарз саволи баҳсталаб оиди ҳукмронӣ пурра ҳал намегардид. Аз ин рӯ, Худо ба муддати тӯлонӣ инкишофёбии ҷомеаи инсониро роҳ дод, то аён гардад, ки мустақилият аз Ӯ ва қонунҳояш ба чӣ оварда мерасонад.

3. Кадом саволи баҳсталаби дуюмдараҷа аз тарафи Шайтон бардошта шуд?

3 Шайтон бо он ки дар Адан ба ҳуқуқи ҳукмронӣ намудани Яҳува ҳамла овард, бознаистод. Ӯ ба Яҳува содиқ будани дигаронро низ зери шубҳа гузошт. Ин саволи баҳсталаби дуюмдараҷа бо саволи дар аввал бардошташуда зич алоқаманд буд. Саволи дуюмдараҷа ҳам ба насли Одаму Ҳавво ва ҳам ба тамоми писарони рӯҳии Худо, ҳатто ба Писари нахустзодаву маҳбуби Яҳува низ дахл дошт. Масалан, дар рӯзҳои Айюб Шайтон гуфт, ки ходимони Яҳува на аз рӯи муҳаббат ба Худо ва тарзи роҳбарии Ӯ, балки аз рӯи мақсадҳои худбинонаи худ хидмат мекунанд ва агар онҳо ба душвориҳо дучор гарданд, ба майлҳои худхоҳонаашон дода мешаванд (Айюб 2:1–6; Ваҳй 12:10).

Таърих чиро исбот кард?

4, 5. Таърих оиди қадамҳои худро ҳидоят кардани инсон чиро исбот кард?

4 Яке аз нуктаҳои муҳими саволи баҳсталаб оиди ҳукмронӣ чунин аст: Худо одамонро тавре наофаридааст, ки онҳо аз ҳукмронии Ӯ мустақил зиста, муваффақ гарданд. Балки Худо барои фоидаи худи одамон онҳоро тобеи қонунҳои одилонаи худ офарид. Пайғамбар Ирмиё эътироф намуд: «Ман, эй Худованд, медонам, ки роҳи одам дар ихтиёри вай нест, ва касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд. Маро, эй Худованд, ҷазо бидеҳ [«ислоҳ намо», ТДН]» (Ирмиё 10:23, 24). Аз ин рӯ, Каломи Худо мегӯяд: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун» (Масалҳо 3:5). Ғайр аз он ки Худо одамизодро барои зинда монданашон тобеи қонунҳои физикии худ офарид, Ӯ қонунҳои ахлоқиро низ барояшон муқаррар намуд, ки ба ин қонунҳо итоат карда, одамон метавонистанд ҷомеаи тифоқро барпо созанд.

5 Албатта, Худо медонист, ки инсоният ҳаргиз наметавонад бе роҳбарии Ӯ худро идора кунад. Одамон роҳбарии Худоро рад намуда, тартиботҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва диниро ташкил доданд, аммо ин кӯшишҳои онҳо беҳуда буданд. Ин тартиботҳои мухталиф боиси доимо бо ҳамдигар мубориза бурдани одамон гардиданд, ки бо худ зулм, ҷанг ва марг меоварданд. Таърихи инсоният исбот намуд, ки «одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (Воиз 8:9). Чӣ тавре ки дар Каломи Худо пешгӯӣ шуда буд, «одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар» мегарданд (2 Тимотиюс 3:13). Гарчанде дар асри ХХ инсоният ба комёбиҳои илмиву техникии зиёде ноил гардид, он рӯйдодҳои мудҳиштаринро низ аз сар гузаронид. Суханони дар Ирмиё 10:23 гуфташуда пурра тасдиқ гардиданд: инсон тавре офарида нашудааст, ки қадамҳои худро ҳидоят карда тавонад.

6. Чӣ тавр Худо ба қарибӣ масъалаи аз Ӯ мустақил будани инсониятро ҳал хоҳад кард?

6 Мустақилият аз Худо ба оқибатҳои фоҷианоку давомдор оварда расонд ва ин қатъиян аён гардонд, ки роҳбарии одамӣ ҳеҷ гоҳ наметавонад бобарор бошад. Роҳбарии Худо ягона роҳест ба хушбахтӣ, ягонагӣ, саломатӣ ва ҳаёт. Ва чуноне ки Каломи Худо нишон медиҳад, Яҳува ба ҳукмронии мустақили одамӣ ба зудӣ хотима хоҳад дод (Матто 24:3–14; 2 Тимотиюс 3:1–5). Дар ояндаи начандон дур Ӯ ба корҳои инсоният дахолат карда, ҳокимияти худро бар замин барқарор менамояд. Дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шудааст: «Дар айёми он подшоҳон [роҳбарияти одамии имрӯза] Худои осмон салтанате [дар осмон] барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд [дигар ҳеҷ гоҳ одамон бар замин ҳукмронӣ нахоҳанд кард]: он ҳамаи ин салтанатҳоро [ҳокимиятҳои имрӯзаро] гард–гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод» (Дониёл 2:44).

Ворид шудан ба дунёи нави Худо

7. Вақте ки ҳокимияти Худо ба роҳбарии инсонӣ хотима медиҳад, кӣ наҷот хоҳад ёфт?

7 Ҳангоме ки ҳокимияти Худо ба роҳбарии инсонӣ хотима медиҳад, кӣ наҷот хоҳад ёфт? Китоби Муқаддас ба ин савол чунин ҷавоб медиҳад: «Росткорон [онҳое ки ҳуқуқи ҳукмронӣ намудани Худоро дастгирӣ мекунанд] сокини замин хоҳанд буд, ва беайбон бар он боқӣ хоҳанд монд, валекин шарирон [онҳое ки ҳуқуқи ҳукмронӣ намудани Худоро дастгирӣ намекунанд] аз замин маҳв хоҳанд шуд» (Масалҳо 2:21, 22). Таронасаро низ чунин иброз намуд: «Боз андак сабр кун ва шарир боқӣ нахоҳад монд... Одилон вориси замин хоҳанд буд ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард» (Забур 36:10, 29).

8. Чӣ гуна Худо ҳуқуқи Ҳоким будани худро комилан исбот хоҳад кард?

8 Баъд аз нобуд кардани тартиботи Шайтон, Худо дунёи нави худро барқарор мекунад, ки дар он зӯроварӣ, ҷанг, гуруснагӣ, азоб, беморӣ ва марг, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо инсониятро ба танг меоварданд, решакан хоҳанд гардид. Китоби Муқаддас оиди баракатҳое, ки инсонияти итоаткорро интизоранд, чунин мегӯяд: «Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт» (Ваҳй 21:3, 4). Худо тавассути Салтанати осмониаш, ки он таҳти ҳукмронии Масеҳ мебошад, ҳуқуқи Ҳоким, яъне бар мо Роҳбар буданашро комилан исбот хоҳад кард (Румиён 16:20; 2 Петрус 3:10–13; Ваҳй 20:1–6).

Посухи онҳо ба саволи баҳсталаб

9. а) Одамоне, ки ба Яҳува содиқ мемонданд, суханони Ӯро чӣ гуна қабул менамуданд? б) Чӣ гуна Нӯҳ садоқати худро исбот намуд ва мо аз рафтори ӯ чиро меомӯзем?

9 Дар тӯли таърих мардону занони имондор ба Ҳокими олам, Яҳува, содиқ будани худро исбот менамуданд. Онҳо медонистанд, ки ҳаёташон аз итоат намудан ба Худо вобастагӣ дорад. Нӯҳ яке аз онҳо буд. Худо ба ӯ гуфт: «Интиҳои ҳар башар пеши Ман фаро расидааст... Барои худ киштие... бисоз». Нӯҳ ба ҳидояти Яҳува гӯш дод. Дигарон бошад, ба огоҳӣ диққат надода, бо корҳои ҳаррӯзаашон машғул буданд, гӯё ҳеҷ чизи ғайриоддие рӯй нахоҳад дод. Вале Нӯҳ киштии азиме месохт ва ба дигарон дар бораи тариқҳои одилонаи Яҳува мавъиза менамуд. Дар Китоби Муқаддас мехонем: «Нӯҳ чунин кард; ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуда буд, ба ҷо овард» (Ҳастӣ 6:13–22; Ибриён 11:7; 2 Петрус 2:5).

10. a) Чӣ гуна Иброҳим ва Соро нишон доданд, ки тарафдори ҳокимияти Яҳува мебошанд? б) Аз намунаи Иброҳим ва Соро барои худ чӣ дарсе мегирем?

10 Иброҳим ва Соро низ дар тарафдорӣ намудани ҳокимияти Яҳува намунаи хубе гузоштанд, зеро ҳамеша аз рӯи гуфтаҳои Яҳува амал мекарданд. Онҳо дар Ури калдониён — яке аз шаҳрҳои равнақёфтаи он замон сокин буданд. Вале вақте ки Яҳува ба Иброҳим гуфт, ки ӯ бояд ба замини дигаре биравад, ба замине ки барояш ношинос буд, Иброҳим, «чунон ки Худованд ба ӯ фармуд, равона шуд». Бешубҳа, Соро дар Ур ҳаёти бароҳате дошт, зеро ӯ соҳиби хона буд ва дар иҳотаи дӯстону хешовандонаш мезист. Бо вуҷуди ин ӯ ба Яҳува ва шавҳараш итоат намуда, ба замини Канъон равона шуд, гарчанде намедонист, ки чӣ шароите ӯро дар он ҷо интизор аст (Ҳастӣ 11:31–12:4; Аъмол 7:2–4).

11. a) Дар чӣ гуна вазъиятҳо Мусо ҳокимияти Яҳуваро тарафдорӣ намуд? б) Чӣ гуна намунаи Мусо метавонад барои мо манфиатовар бошад?

11 Мусо низ яке аз тарафдорони ҳокимияти Яҳува буд. Ӯ ҷонибдори Яҳува буданашро дар душвортарин вазъият, яъне ҳангоми ба фиръавни Миср рӯ ба рӯ истода сухан гуфтанаш нишон дод. Вале гумон кардан нодуруст аст, ки Мусо шахси худбовар буд. Баръакс, ӯ дар қобилияти хуб сухан гуфтанаш шубҳа дошт. Бо вуҷуди ин, Мусо ба Яҳува итоат намуд ва тавонист бо пуштибонии Яҳува ва ёрии бародараш Ҳорун борҳо суханони Яҳуваро ба фиръавни якрав расонад. Гарчанде ки баъзе аз исроилиён Мусоро сахт танқид мекарданд, ӯ ҳамаи фармонҳои Яҳуваро содиқона ба ҷо овард ва маҳз бо воситаи ӯ Яҳува исроилиёнро аз ғуломии Миср озод кард (Хуруҷ 7:6; 12:50, 51; Ибриён 11:24–27).

12. a) Аз чӣ аён мегардад, ки садоқат ба Яҳува танҳо иҷро намудани нишондодҳои хаттии Худо нест? б) Чӣ гуна маънои ин навъ садоқатро фаҳмида, метавонем мувофиқи 1 Юҳанно 2:15 амал намоем?

12 Итоаткории шахсоне, ки ба Яҳува содиқ буданд, танҳо бо он чизе ки Худо нависонида буд, маҳдуд намегардид. Вақте ки зани Фӯтифар Юсуфро водор менамуд, ки бо ӯ зино кунад, аҳкоми хаттӣ дар бораи манъи зино аз тарафи Худо ҳанӯз дода нашуда буд. Вале Юсуф аз он издивоҷе, ки Яҳува дар Адан баста буд, огоҳӣ дошт ва медонист, ки бо зани марди дигар алоқаи ҷинсӣ доштан дар назари Худо бад аст. Юсуф намехост ҳамчун мисриён рафтор кунад ва бо ин сабри Худоро биозмояд. Ӯ дар бораи он ки Яҳува бо одамон чӣ гуна муносибат мекард, андеша меронд ва он чизеро ки оиди иродаи Худо мефаҳмид, дар зиндагиаш ба кор мебурд. Ин тавр рафтор намуда, ӯ нишон медод, ки тариқҳои Яҳуваро тарафдорӣ менамояд (Ҳастӣ 39:7–12; Забур 76:12, 13).

13. Чӣ тавр дар мавриди a) Аюб ва б) се ҷавони ибрӣ исбот гардид, ки Иблис дурӯғгӯй аст?

13 Онҳое, ки Яҳуваро ҳақиқатан мешиносанд, ҳатто дар озмоиши душвортарин аз Ӯ рӯ намегардонанд. Масалан, Шайтон ҳатто дар бораи Айюб — шахсе, ки писанди Яҳува буд — гуфт, ки агар ӯ молу мулк ва ё саломатиашро аз даст диҳад, аз Худо рӯ мегардонад. Гарчанде ки Айюб сабаби бо душвориҳо рӯ ба рӯ шуданашро намедонист, ӯ исбот намуд, ки Шайтон дурӯғгӯй аст (Айюб 2:9, 10). Садсолаҳо пас Шайтон барои собит намудани ҳаққонияти даъвои худ подшоҳи Бобилро ба он барангехт, ки ба се ҷавони ибрӣ бо марг таҳдид намояд. Подшоҳи бағазабомада ба он ҷавонон гуфт, ки агар онҳо ба ҳайкале, ки ӯ барқарор кардааст, саҷда набаранд, ба кӯраи оташ партофта мешаванд. Он се ҷавони ибрӣ бояд интихоб менамуданд, ки ба фармони подшоҳ итоат кунанд ё ба қонуне, ки Яҳува оиди манъи бутпарастӣ дода буд. Онҳо қатъиян дар ҷавоби подшоҳ гуфтанд, ки танҳо ба Яҳува — Ҳокими Мутаоли худ хидмат хоҳанд кард. Ба Худо вафодор мондан барои он ҷавонон аз ҳаёташон ҳам муҳимтар буд! (Дониёл 3:14–18).

14. Чӣ тавр мо, одамони нокомил, нишон дода метавонем, ки ҳақиқатан ҳам ба Яҳува содиқем?

14 Оё аз мисолҳои дар боло овардашуда чунин хулоса баровардан дуруст мебуд, ки фақат инсони комил метавонад ба Яҳува содиқ бошад ва агар шахс ба хато роҳ диҳад, дигар ҳеҷ гоҳ наметавонад ислоҳ шавад? Албатта, не! Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Мусо низ дар баъзе мавридҳо нодуруст амал мекард. Гарчанде Яҳува аз чунин рафтор озурда мегашт, Ӯ аз Мусо рӯ нагардонд. Расулони Исои Масеҳ низ сустиҳои худро доштанд ва хато мекарданд. Яҳува медонад, ки мо нокомилиро мерос гирифтаем, ва агар мо дидаву дониста аз иҷрои иродааш сар натобем, метавонем Ӯро хушнуд гардонем. Вале агар аз рӯи сустиамон ба хатогӣ роҳ диҳем, ба мо зарур аст, ки аз таҳти дил тавба кунем ва дигар онро такрор нанамоем. Ин тавр рафтор карда, мо нишон медиҳем, ки дар ҳақиқат он чизеро ки Яҳува нек мешуморад, дӯст медорем ва аз он чизе ки дар назараш бад аст, нафрат мекунем. Инчунин, дар асоси имонамон ба қурбонии кафоратдиҳандаи Исо мо метавонем дар назди Худо мавқеи пок дошта бошем (Омӯс 5:15; Аъмол 3:19; Ибриён 9:14).

15. a) Кадоме аз одамон беайбии комили худро дар назди Худо нигоҳ дошт ва ин чиро исбот кард? б) Намунаи Исо ба мо дар чӣ кӯмак мерасонад?

15 Оё барои одамон нисбати ҳокимияти Яҳува итоаткории комилро зоҳир намудан имконнопазир аст? Ҷавоби ин савол дар муддати тақрибан 4000 сол «сирри» муқаддас буд (1 Тимотиюс 3:16). Гарчанде Одам комил офарида шуда буд, ӯ намунаи комили ба Худо содиқ буданро боқӣ нагузошт. Пас, кӣ метавонист чунин намунае бигузорад? Албатта, ҳеҷ касе аз насли гунаҳкори Одам ба ин қодир набуд. Ягона шахсе ки инро ба ҷо оварда метавонист, Исои Масеҳ буд (Ибриён 4:15). Исо бо рафтори худ исбот кард, ки агар Одам мехост, беайбии комили худро нигоҳ дошта метавонист. Ногуфта намонад, ки Одам назар ба Исо дар шароит ва вазъияти мусоидтаре қарор дошт. Пас, махлуқоти Худо дар худ нуқсоне надоштанд. Исои Масеҳ намунаи онро гузошт, ки чӣ тавр мо на танҳо ба қонунҳои илоҳӣ итоат карданамонро, балки ба Яҳува, Ҳокими Даҳр, содиқ буданамонро низ нишон диҳем (Такрори Шариат 32:4, 5).

Посухи мо

16. Чаро саволеро, ки оиди ҳокимияти Яҳува мебошад, ба назар гирифта, бояд доимо ба рафторамон диққат диҳем?

16 Имрӯзҳо ҳар яки мо бо саволи баҳсталаб оиди ҳукмронӣ бар олам рӯ ба рӯ ҳастем. Агар мо кушоду равшан тарафдори Яҳува буданамонро нишон диҳем, Шайтон моро ҳадафи худ месозад. Ӯ моро аз ҳар тараф фишор медиҳад ва инро то анҷоми тартиботи шариронаи худ идома хоҳад дод. Бинобар ин, ба мо ҳушёр будан зарур аст (1 Петрус 5:8). Рафтори мо нишон хоҳад дод, ки дар саволҳои баҳсталаб тарафдори кӣ мебошем, яъне дар саволи асосӣ оиди ҳокимияти Яҳува ва дар саволи дуюмдараҷа оиди дар озмоишҳо вафодор мондан ба Худо. Вайронкунии меъёрҳои Худо дар дунё кори одатӣ шудааст, лекин мо набояд ҳамчун одамони ин дунёи шарир рафтор кунем. Барои он ки беайбии худро дар назди Худо нигоҳ дорем, бояд кӯшиш кунем, ки дар ҳар соҳаи ҳаёт аз рӯи меъёрҳои одилонаи Яҳува амал намоем.

17. Чаро бояд аз дурӯғ гуфтан ва дуздӣ кардан даргурез бошем?

17 Барои мисол, мо набояд ба Шайтон, ки «падари дурӯғ» аст, тақлид намоем (Юҳанно 8:44). Ба чӣ коре машғул нашавем, мо бояд ҳама вақт росткор бошем. Дар ин тартиботи шайтонӣ ҷавонон одатан волидони худро фиреб медиҳанд. Аммо ҷавонони масеҳӣ чунин рафтор намекунанд ва бо ин исбот менамоянд, ки изҳороти Шайтон дар бораи он ки ходимони Яҳува таҳти озмоиш беайбии худро нигоҳ намедоранд, дурӯғ аст (Айюб 1:9–11; Масалҳо 6:16–19). Рафтори нодурусти шахс дар масъалаҳои корӣ метавонад нишон диҳад, ки ӯ тарафдори «падари дурӯғ» аст, на Худои ҳақиқат. Чунин рафтор ба мо муносиб нест (Мико 6:11, 12). Инчунин дуздиро ҳеҷ гоҳ раво донистан дуруст нест, ҳатто агар шахсе, ки медуздад, сахт мӯҳтоҷ бошад ва ё фарде, ки молаш дуздида мешавад, сарватманд бошад (Масалҳо 6:30, 31; 1 Петрус 4:15). Агар чизи дуздидашуда камарзиш бошад, ё агар дар он ҷое, ки мо зиндагӣ мекунем, дуздӣ кори муқаррарӣ ба ҳисоб равад ҳам, чунин амал бархилофи шариати Худост (Луқо 16:10; Румиён 12:2; Эфсӯсиён 4:28).

18. а) Дар поёни ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ инсоният бо чӣ гуна озмоиш дучор хоҳад шуд? б) Чӣ одатеро мо бояд аз ҳоло дар худ инкишоф диҳем?

18 Дар давоми ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ Шайтон ва девҳояш дар варта хоҳанд буд ва қудрати ба одамон таъсир расонданро нахоҳанд дошт. Он гоҳ чӣ сабукие эҳсос хоҳем кард! Вале бо гузашти ҳазор сол онҳо ба муддати кӯтоҳ озод карда мешаванд. Пас аз он Шайтон ва пайравонаш ба одамоне, ки ба комилият расида, назди Худо беайбии худро нигоҳ медоранд, фишор меоваранд (Ваҳй 20:7–10). Агар мо имтиёзи дар он замон зиндагӣ карданро дошта бошем, дар саволи баҳсталаб оиди ҳукмронӣ бар олам киро ҷонибдорӣ хоҳем кард? Азбаски дар он вақт тамоми инсоният комил мегардад, ҳама гуна амали хиёнаткорона на нохост, балки дидаю дониста карда мешавад ва дар натиҷа ба нобудии ҷовидонӣ меоварад. Бинобар ин, то чӣ андоза зарур аст, ки мо аз ҳоло одат дошта бошем, ки ҳама роҳнамоиҳоеро, ки Яҳува ба воситаи Калом ё созмони худ медиҳад, қабул кунем! Чунин амал намуда, мо садоқати самимии худро ба Яҳува, Ҳокими Даҳр нишон хоҳем дод.

Саволҳо барои такрор

• Бо кадом саволи баҳсталаби муҳим ҳамаи мо рӯ ба рӯ ҳастем? Чӣ гуна мо ба он ҷалб карда шудаем?

• Дар рафтори мардону занони даврони қадим, ки беайбии худро дар назди Яҳува собит намуданд, чӣ шоёни диққати махсус аст?

• Чаро ба мо ҳамарӯза бо рафтори худ Яҳуваро ҷалол додан хеле муҳим аст?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан