ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wt боби 16 саҳ. 144-150
  • «Ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • «Ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед»
  • Худои ягонаи ҳақиқиро ибодат намоед
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Вақте ки мушкилиҳо ба миён меоянд
  • Бикӯшед, то «фарохдил бошед»
  • Дар зоҳир кардани муҳаббати бародарӣ рушд намоед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
  • Чӣ хел муҳаббатамонро ба якдигар қавӣ нигоҳ дорем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Нагузоред, ки муҳаббататон сард шавад
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Муҳаббат хислати беҳамтост
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
Худои ягонаи ҳақиқиро ибодат намоед
wt боби 16 саҳ. 144-150

Боби шонздаҳ

«Ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед»

1. Ба шахсоне, ки бори нахуст ба ҷамъомади Шоҳидони Яҳува меоянд, чӣ аксар вақт таассуроти сахт мебахшад?

БА ШАХСОНЕ, ки бори нахуст ба ҷамъомади Шоҳидони Яҳува меоянд, дидани муҳаббате, ки дар он ҷо ҳукмфармост, аксар вақт таассуроти сахте мебахшад. Чунин муҳаббат дар пешвозгирӣ ва сӯҳбати гарми ҳозирон дида мешавад. Меҳмонони анҷуманҳоямон низ ин муҳаббатро мушоҳида мекунанд. Хабарнигоре оиди яке аз анҷуманҳо чунин навишт: «Ҳеҷ кас зери таъсири нашъа ва ё машруботи спиртӣ нест. На ғавғо ва на доду фарёд. На теладиҳӣ. На ҷанҷолу дашном. На шӯхиҳои қабеҳ. На дуди сигор. На дуздӣ. Ҳеҷ кас зарфу қуттиҳои холиро ба замин намепартояд. Ин дар ҳақиқат манзараи ғайриоддие буд!» Ҳамаи ин аз муҳаббате шаҳодат медиҳад, ки «бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест» (1 Қӯринтиён 13:4–8).

2. a) Бо гузашти вақт дар зоҳир намудани муҳаббатамон чӣ бояд аён гардад? б) Ба Масеҳ тақлид намуда, мо бояд чӣ гуна муҳаббатро дар худ инкишоф диҳем?

2 Муҳаббати бародарона — нишонаи фарқкунандаи масеҳиёни ҳақиқист (Юҳанно 13:35). Дар баробари рӯҳан афзуданамон, мо беҳтар зоҳир намудани муҳаббатро таълим мегирем. Павлуси расул дуо мегуфт, ки муҳаббати ҳамимононаш «торафт афзунтар гардад» (Филиппиён 1:9). Юҳаннои расул навишта буд, ки муҳаббати мо бояд фидокорона бошад: «Мо муҳаббатро аз он донистем, ки Ӯ [Писари Худо] ҷони Худро барои мо фидо кард. Мо ҳам бояд ҷонҳои худро барои бародарон фидо кунем» (1 Юҳанно 3:16; Юҳанно 15:12, 13). Оё мо дар ҳақиқат тайёрем, ки ҷони худро барои бародаронамон фидо кунем? Гарчанд дар аксар мавридҳо чунин амал зарур намеояд, метавонем аз худ бипурсем: то чӣ андоза ман кӯшиш мекунам, ҳатто вақте ки бароям қулай нест, ба онҳо кӯмак расонам?

3. a) Чӣ тавр мо метавонем муҳаббати худро боз ҳам бештар зоҳир намоем? б) Чаро ба якдигар муҳаббати пурзӯр доштан имрӯз хеле муҳим аст?

3 Мо бояд на танҳо дар рӯҳияи фидокорӣ амал намоем, балки нисбати бародаронамон эҳсосоти гарму самимӣ низ дошта бошем. Каломи Худо ба мо мегӯяд: «Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред» (Румиён 12:10). Албатта, ҳамаи мо нисбати баъзе одамон чунин эҳсосот дорем. Лекин оё мо метавонем нисбати дигарон низ чунин муҳаббатро дар худ инкишоф диҳем? Азбаски анҷоми ин тартиботи фарсуда наздик шуда истодааст, ба мо зарур аст, ки бо ҳамимононамон боз ҳам наздиктар гардем. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Фарҷоми ҳама чиз наздик аст... Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад» (1 Петрус 4:7, 8).

Вақте ки мушкилиҳо ба миён меоянд

4. a) Чаро байни аъзоёни ҷамъомад мушкилиҳо ба миён омада метавонанд? б) Чӣ самари хубе мо аз ба кор бурдани панди Китоби Муқаддас ҳосил хоҳем кард, гарчанде ки на ҳама вақт ба ин майл дорем?

4 Албатта, то он вақте ки мо нокомил ҳастем, метавонем бо амалу рафтори худ дигаронро биранҷонем. Бародаронамон низ метавонанд дар ҳаққи мо бо ҳар тарз гуноҳ кунанд (1 Юҳанно 1:8). Агар шумо бо чунин ҳолат дучор оед, чӣ гуна рафтор хоҳед кард? Навиштаҳои Муқаддас оиди ин ба мо дастуроти заруриро фароҳам меоварад, вале мумкин аст ин дастурҳо бо майли дарунии мо, одамони нокомил, мувофиқ наоянд. (Румиён 7:21–23). Бо вуҷуди ин, аз рӯи панди Китоби Муқаддас амал намудани мо шаҳодати он хоҳад буд, ки мо аз дилу ҷон мехоҳем Яҳуваро хушнуд созем. Ҳамчунин, ин гуна амал намуданамон муҳаббати моро нисбати дигарон афзунтар хоҳад гардонд.

5. Чаро аз озордиҳандаи худ интиқом гирифтан нодуруст мебуд?

5 Баъзан одамони ранҷида мехоҳанд бо ҳар роҳ аз озордиҳандаашон қасос гиранд. Вале ин вазъиятро боз ҳам бадтар месозад. Агар барои гуноҳ сазо додан зарур бошад, инро бояд ба Худо вогузорем (Масалҳо 24:29; Румиён 12:17–21). Баъзеҳо аз озордиҳандаи худ дурӣ меҷӯянд, вале мо набояд нисбати ҳамимононамон чунин рафтор кунем, зеро мақбул гардидани хидмати мо қисман аз муҳаббат ба бародаронамон вобастагӣ дорад (1 Юҳанно 4:20). Аз ин рӯ, Павлус навишта буд: «Ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳ шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед» (Қӯлассиён 3:13). Оё рафтори шумо чунин аст?

6. a) То чанд бор мо бояд бародари худро бубахшем? б) Фаҳмидани чӣ ба мо кӯмак мерасонад, то ба гуноҳе, ки кас дар ҳаққи мо мекунад, назари дуруст дошта бошем?

6 Шояд касе дар ҳаққи мо пайваста гуноҳ мекунад, вале азбаски гуноҳҳояш чандон ҷиддӣ нестанд, ӯро аз ҷамоат хориҷ намекунанд. Дар ин сурат чӣ бояд кард? Оиди чунин гуноҳҳои на он қадар ҷиддӣ Петруси расул изҳор намуд, ки бояд «то ҳафт бор» бубахшем. Вале Исо гуфт: «Ба ту намегӯям: “То ҳафт бор”, балки то ҳафтод карат ҳафт бор». Сипас Исо ба он ишора намуд, ки қарзи мо дар назди Худо нисбат ба ҳама қарзҳое, ки шахсе дар назди мо дошта метавонад, азимтар аст (Матто 18:21–35). Ҳар рӯз мо дар назди Худо гуноҳҳои бисёре мекунем — гоҳо дар фикр ё дар сухан, гоҳо бо амали худхоҳона ё бо иҷро нанамудани коре, ки бояд мекардем, ва мо ҳатто аз гуноҳ кардани худ пай намебарем (Румиён 3:23). Ба ин нигоҳ накарда, Худо нисбати мо доимо марҳамат зоҳир менамояд (Забур 102:10–14; 129:3, 4). Ӯ интизор аст, ки мо низ дар муносибат бо ҳамдигар чунин рафтор хоҳем кард (Матто 6:14, 15; Эфсӯсиён 4:1–3). Ин тавр амал намуда, мо муҳаббатеро нишон хоҳем дод, ки «ба дил кина намегирад» (1 Қӯринтиён 13:4, 5; 1 Петрус 3:8, 9).

7. Агар ягон бародар чизе бар зидди мо дошта бошад, чӣ гуна бояд рафтор кунем?

7 Гоҳо мо метавонем дарёбем, ки гарчанде нисбати бародарамон ҳеҷ бадбиние надорем, ӯ аз мо ранҷидааст. Мо метавонем инро, чуноне ки дар 1 Петрус 4:8 гуфта мешавад, бо муҳаббат рӯпӯш намоем. Ё метавонем худамон қадами аввал гузошта, бо бародарамон сӯҳбат кунем ва барои барқарор сохтани муносибатҳои хуб кӯшиш намоем (Матто 5:23, 24).

8. Агар ҳамимоне бо рафтори худ моро ранҷонад, чӣ кор кардан дуруст мебуд?

8 Ҳамчунин мумкин аст яке аз аъзоёни ҷамъомад тавре рафтор кунад, ки на танҳо шумо, балки дигаронро низ биранҷонад. Оё бо ӯ оиди ин сӯҳбат намудан хуб намебуд? Агар бо меҳрубонӣ масъаларо ба ӯ фаҳмонед, шояд натиҷаи хубе ба даст меоред. Аммо аввал бояд аз худ бипурсед: оё рафтори ӯ дар ҳақиқат бархилофи меъёрҳои Китоби Муқаддас аст? Ё сабаби ба миён омадани нофаҳмӣ асосан дар он аст, ки мо дар муҳити гуногун ба воя расидаем ва тарбияи гуногун гирифтаем? Эҳтиёт шавед, ки дар асоси меъёрҳои худ дигаронро ҳукм накунед (Яъқуб 4:11, 12). Яҳува бе рӯйбинӣ одамонеро, ки тарзи ҳаёт ва тарбияи гуногун доштанд, мепазирад ва то вақти рӯҳан баркамол шуданашон нисбати онҳо сабру таҳаммул зоҳир менамояд.

9. a) Киҳо дар ҷамъомад масъалаҳоеро, ки оиди гуноҳҳои ҷиддианд, дида мебароянд? б) Дар кадом мавридҳо шахси ранҷида бояд якум шуда бо шахси гуноҳкор сӯҳбат кунад ва бо кадом мақсад?

9 Агар яке аз аъзоёни ҷамъомад гуноҳи ҷиддие ба монанди бадахлоқӣ содир кунад, фавран чорае дидан зарур аст. Ин масъаларо киҳо бояд дида бароянд? Пирони ҷамъомад (Яъқуб 5:14, 15). Вале агар гуноҳ бар зидди шахсе содир шуда бошад, масалан дар ҳал намудани масъалаҳои корӣ, ё ин ки касе бо сухани худ шахси дигареро ранҷонида бошад, хуб мебуд агар шахси ранҷида кӯшиш намояд якум шуда масъаларо дар танҳоӣ бо озордиҳандааш ҳал кунад (Матто 18:15). Агар масъала бо ин ҳал нагардад, он гоҳ аз рӯи суханони дар Матто 18:16, 17 овардашуда амал бояд кард. Муҳаббат ба бародари хатокардаамон ва хоҳиши ӯро дарёфтан ба мо кӯмак хоҳад расонд, то мо ин масъаларо тавре ҳал кунем, ки дили бародарамонро ба даст орем (Масалҳо 16:23).

10. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, то ба мушкилии пешомада назари дуруст дошта бошем?

10 Вақте ки мушкилии хурд ё калоне пеш меояд, барои ҳалли он доштани нуқтаи назари Яҳува ба мо кӯмак хоҳад расонд. Худо ҳеҷ навъи гуноҳро раво намедонад ва касоне, ки гуноҳи азим карда, тавба намекунанд, аз созмони Ӯ хориҷ карда мешаванд. Вале набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи мо каме ҳам бошад, гуноҳ мекунем ва бинобар ин ба пуртоқатӣ ва марҳамати Худо эҳтиёҷ дорем. Яҳува бо ин ба мо намунае мегузорад, то ҳангоми бо хатогиҳои дигарон дучор шуданамон, аз Ӯ ибрат гирем. Аз рӯи марҳамат амал карда, мо муҳаббати Худоро зоҳир менамоем (Эфсӯсиён 5:1, 2).

Бикӯшед, то «фарохдил бошед»

11. Чаро Павлус қӯринтиёнро ба фарохдил шудан даъват намуд?

11 Дар таи якчанд моҳ Павлуси расул ҷамоати Қӯринтусро (Юнон) дастгирӣ менамуд. Ӯ бо ҷидду ҷаҳд ба бародарони онҷоӣ кӯмак мерасонд, чунки онҳоро дӯст медошт. Вале баъзеи он бародарон нисбати Павлус эҳсосоти гарму самимӣ надоштанд ва ҳатто ӯро сахт танқид мекарданд. Аз ин рӯ, Павлус онҳоро ташвиқ кард, ки дар зоҳир намудани муҳаббат «фарохдил» бошанд (2 Қӯринтиён 6:11–13; 12:15). Хуб мебуд, агар ҳамаи мо оиди зоҳир кардани муҳаббатамон меандешидем ва кӯшиш менамудем, ки дили худро барои дигарон фарох созем (1 Юҳанно 3:14).

12. Чӣ гуна мо метавонем муҳаббатамонро нисбати ҳамаи аъзоёни ҷамъомад афзун гардонем?

12 Оё ба мо бо баъзе аъзоёни ҷамъомад муносибати наздик пайдо кардан душвор аст? Ҳамаи мо аз ҳамдигар фарқ мекунем ва агар мо ба ин фарқиятҳо чашм пӯшем, чӣ тавре ки мо инро аз дигарон низ интизорем, метавонем бо онҳо робитаи наздик пайдо кунем. Агар мо дар онҳо хислатҳои хуб ёфта, диққати худро ба ин сифатҳояшон равона созем, муносибатамон бо онҳо беҳтар хоҳад гашт ва ин албатта сабаби афзудани муҳаббатамон нисбати онҳо хоҳад шуд (Луқо 6:32, 33, 36).

13. Чӣ гуна мо метавонем фарохдил шуда, муҳаббатамонро ба аъзоёни ҷамъомади худ нишон диҳем?

13 Аён аст, ки имкониятҳои мо дар зоҳир намудани муҳаббат ба дигарон маҳдуд аст. Масалан, мо наметавонем дар ҳар вохӯрӣ бо ҳамаи ҳозирон салом кунем, ё ин ки ҳамаро якбора ба меҳмонӣ даъват намоем. Вале оё мо метавонем фарохдил бишавем ва якчанд дақиқа ёфта, бо яке аз аъзоёни ҷамъомадамон беҳтар шинос шавем? Оё мо метавонем баъзан касеро, ки хуб намешиносем, ба хидмати мавъиза таклиф намоем?

14. Чӣ тавр ба масеҳиёне, ки бо онҳо шинос нестем, муҳаббати самимиамонро нишон дода метавонем?

14 Дар анҷуманҳои масеҳӣ низ мо барои дар муҳаббат фарохдил гардидан имкониятҳои хубе дорем. Шояд дар чунин анҷуманҳои калон ҳазорҳо нафар иштирок кунанд. Албатта бо ҳамаи ҳозирони анҷуман ҳамсӯҳбат шудан бароямон аз имкон берун аст, вале мо метавонем бо рафтори худ нишон диҳем, ки манфиатҳои дигаронро аз роҳати худ авлотар медонем. Дар вақти танаффус мо метавонем бо баъзе атрофиёнамон сари сӯҳбатро кушода, ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намоем. Рӯзе фаро хоҳад расид, ки ҳамаи сокинони замин бародару хоҳар хоҳанд буд ва Худои ҳақиқӣ, Падари ҳамагонро дар ягонагӣ ибодат хоҳанд кард. Бо ҳамдигар шинос шудан чӣ хурсандиовар хоҳад буд! Ба ин амал моро «муҳаббати пурзӯр» ташвиқ хоҳад кард. Пас чаро шинос шуданро аз ҳоло сар накунем?

Саволҳо барои такрор

• Вақте ки дар байни масеҳиён мушкилиҳо сар мезананд, чӣ гуна бояд онҳоро ҳал намуд ва чаро?

• Дар баробари рӯҳан афзуданамон, дар кадом ҷиҳатҳо муҳаббатамон низ бояд биафзояд?

• Чӣ тавр мо метавонем на танҳо ба дӯстони наздики худ, балки ба дигарон низ муҳаббати пурзӯр зоҳир намоем?

[Тасвири саҳифаи 148]

Масеҳиён метавонанд муҳаббати худро бо тарзҳои гуногун зоҳир намоянд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан