Боби ҳаждаҳ
«Онҳо аз ҷаҳон нестанд»
1. a) Исо пеш аз марги худ дар чӣ хусус дуо гуфта буд? б) Чаро «аз ҷаҳон» набудан ин қадар муҳим аст?
ИСО шаби пеш аз маргаш барои шогирдони худ дуо гуфта буд. Ӯ медонист, ки Шайтон онҳоро таҳти фишори сахт қарор хоҳад дод ва бинобар ин ба Падари худ чунин гуфт: «Илтимос намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, балки онҳоро аз шарорат муҳофизат намоӣ; онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман аз ҷаҳон нестам» (Юҳанно 17:15, 16). Барои чӣ аз ҷаҳон ҷудо будан ин қадар муҳим аст? Барои он ки ҳокими ин ҷаҳон Шайтон аст ва мо масеҳиён намехоҳем қисми ҷаҳоне бошем, ки зери ҳукмронии ӯст (Луқо 4:5–8; Юҳанно 14:30; 1 Юҳанно 5:19).
2. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки ҷузъи ин ҷаҳон нест?
2 Ҷузъи ин ҷаҳон набудани Исо маънои онро надошт, ки ӯ нисбати дигарон бепарво буд. Баръакс, ӯ беморонро шифо медод, мурдагонро зинда мекард ва мардумро дар бораи Салтанати Худо таълим медод. Ӯ ҳатто ҳаёти худро барои одамизод фидо кард. Аммо Исо аз афкору рафтори шариронаи онҳое, ки рӯҳияи ҷаҳони Шайтонро зоҳир менамуданд, нафрат дошт. Аз ин рӯ, вай аз чунин майлу корҳое ба монанди ҳавасҳои фосиқона, тарзи ҳаёти зарпарастона ва шӯҳратпарастӣ огоҳ менамуд (Матто 5:27, 28; 6:19–21; Луқо 20:46, 47). Пас ҷои тааҷҷуб нест, ки Исо ба корҳои сиёсии ин ҷаҳон дахолат намекард. Гарчанде Исо фарди яҳудӣ буд, ӯ дар мубоҳисаҳои сиёсии миёни Рум ва яҳудиён ҳеҷ кадомеро ҷонибдорӣ намекард.
«Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест»
3. a) Сарварони дини яҳудӣ дар назди Пилат Исоро дар чӣ айбдор намуданд ва аз чӣ сабаб? б) Чӣ воқеае нишон медиҳад, ки Исо нияти дар замин подшоҳ шуданро надошт?
3 Биёед дида бароем, ки ҳангоми аз ҷониби сарварони дини яҳудӣ дастгир шудани Исо ва ба назди ҳокими Рум — Понтий Пилат бурдани ӯ, чӣ воқеа рӯй дод. Дар асл он сарварон аз он ба ташвиш омада буданд, ки Исо риёкориашонро фош намуд. Онҳо барои он ки Пилати ҳоким бар зидди Исо чорае биандешад, ӯро чунин айбдор намуданд: «Мо ёфтаем, ки Ӯ қавми моро фосид мекунад, ба қайсар ҷизя [андоз] додан намемонад ва Худро Подшоҳ Масеҳ меномад» (Луқо 23:2). Ин дурӯғи маҳз буд, зеро як сол пеш аз ин мардум мехост Исоро подшоҳ созад, лекин ӯ инро рад намуд (Юҳанно 6:15). Ӯ медонист, ки дар оянда дар осмон подшоҳӣ хоҳад кард (Луқо 19:11, 12). Ҳамчунин ӯро бояд на одамон, балки Яҳува бар тахт мешинонд.
4. Назари Исо ба супурдани андоз чӣ гуна буд?
4 Ҳамагӣ се рӯз пеш аз дастгир кардани Исо фарисиён кӯшиш карданд, ки ӯро ба гуфтани суханони нодуруст оиди супурдани андоз барангезанд ва сипас ӯро дар он суханонаш айбдор кунанд. Вале Исо пурсид: «Диноре [тангаи румӣ] ба Ман нишон диҳед: сурат ва рақами рӯи он аз они кист?» Вақте ки онҳо ҷавоб доданд: «Аз они қайсар», ӯ гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост — ба Худо» (Луқо 20:20–25).
5. a) Исо ҳангоми дастгир шуданаш ба шогирдони худ чӣ дарсе дод? б) Исо рафтори худро чӣ тавр шарҳ дод? в) Он доварӣ бо чӣ анҷом ёфт?
5 Яқин аст, ки Исо ба одамон таълим намедод, ки зидди ҳукуматҳои дунявӣ исён бардоранд. Вақте ки сарбозон ва дигар мардон барои ҳабс кардани Исо омаданд, Петрус шамшери худро аз ғилоф кашида, гӯши яке аз мардонро бурида партофт. Вале Исо ба вай гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун, зеро ҳар кӣ шамшер кашад, ба шамшер кушта шавад» (Матто 26:51, 52). Рӯзи дигар Исо рафтори худро ба Пилат фаҳмонда, гуфт: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест; агар Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, мулозимони Ман меҷангиданд, то ки Ман ба яҳудиён таслим карда нашавам» (Юҳанно 18:36). Пилат изҳор намуд, ки аз он айбҳое, ки ба гардани Исо партофта буданд, чизе наёфт, вале сипас ба фишори издиҳом дода шуда, ба мехкӯб кардани Исо амр фармуд (Луқо 23:13–15; Юҳанно 19:12–16).
Шогирдон ба намунаи Исо пайравӣ менамоянд
6. Чӣ тавр масеҳиёни пешин нишон медоданд, ки аз рӯҳияи ин ҷаҳон ҳазар мекунанд, вале одамонро дӯст медоранд?
6 Шогирдони Исо дарк намуданд, ки аз ин ҷаҳон набудан маънои аз рӯҳияи худобехабарӣ ва аъмоли ин дунё ҳазар карданро дорад, масалан ҳазар кардан аз тамошои намоишҳои бераҳмона ва бадахлоқонае, ки дар майдону театрҳои Рум нишон дода мешуданд. Азбаски шогирдон аз чунин вақтхушиҳо канорагирӣ мекарданд, онҳоро “бадбинони аҳли башар” меномиданд. Аммо пайравони Исо аз одамон нафрат надоштанд, балки ба душвориҳо нигоҳ накарда, ба дигарон кӯмак мерасониданд, то онҳо аз он чизе, ки Худо барои наҷот фароҳам оварда буд, баҳраманд гарданд.
7. a) Шогирдони нахустин аз сабаби ҷузъи ин ҷаҳон набуданашон бо чӣ рӯ ба рӯ мегаштанд? б) Онҳо ба ҳукуматдорон ва ба андозсупорӣ чӣ гуна менигаристанд ва чаро?
7 Аксар вақт аз рӯи маълумоти бардурӯғ мақомоти давлатӣ пайравони Исоро монанди худи Исо таъқиб мекарданд. Бо вуҷуди ин, тақрибан соли 56 д. мо Павлуси расул ба масеҳиёне, ки дар Рум мезистанд, чунин навишт: «Ҳар шахс бояд ба ҳокимиятҳои боло [ҳукуматдорон] итоат кунад; зеро ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад». Ин маънои онро надорад, ки Яҳува ҳукуматҳои дунявиро барпо месозад, балки Ӯ фақат иҷозат медиҳад, ки онҳо то бар тамоми замин ҳукмрониро сар кардани Салтанати Ӯ вуҷуд дошта бошанд. Аз ин сабаб, Павлус ба масеҳиён насиҳат медод, ки ҳукуматдоронро эҳтиром намоянд ва андозҳоро бисупоранд (Румиён 13:1–7; Титус 3:1, 2).
8. a) То чӣ ҳад масеҳиён бояд ба ҳокимиятҳои боло итоат кунанд? б) Чӣ тавр масеҳиёни пешин ба намунаи Исо пайравӣ менамуданд?
8 Бо вуҷуди ин, итоат ба ҳукуматдорон бояд нисбӣ бошад, на пурра, зеро вақте ки қонунҳои одамӣ бархилофи қонунҳои Яҳува мебароянд, ходимони Яҳува бояд ба қонунҳои Ӯ итоат кунанд. Китобе дар бораи таърихи ҷаҳон бо номи «Дар роҳи тамаддун» оиди масеҳиёни пешин чунин мегӯяд: «Масеҳиён иҷрои баъзе вазифаҳои шаҳрвандони Румро рад мекарданд. Онҳо... ба хизмати ҳарбӣ рафтанро фурӯхтани имон меҳисобиданд, мансабҳои сиёсиро ишғол наменамуданд ва императорро ибодат намекарданд». Вақте ки додгоҳи олии яҳудиён мавъизаи шогирдони Исоро «ба таври қатъӣ» манъ намуд, онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод» (Аъмол 5:27–29).
9. a) Чаро соли 66 д. мо масеҳиёни сокини Ерусалим аз шаҳр гурехтанд? б) Аз кадом ҷиҳат рафтори онҳо барои мо намунаи пурарзишест?
9 Пайравони Исо дар низоъҳои сиёсиву ҳарбӣ бетарафии қатъиро нигоҳ медоштанд. Соли 66 д. мо яҳудиён бар зидди қайсар ошӯб бардоштанд. Лашкари Рум фавран Ерусалимро муҳосира кард. Масеҳиёни дар шаҳрбуда чӣ тавр амал карданд? Онҳо суханони Исоро оиди тарк кардани Ерусалим дар хотир доштанд ва ҳангоме ки румиён муваққатан ақиб гаштанд, масеҳиён дарёи Ӯрдунро убур карда, ба кӯҳистони шаҳри Пелла гурехтанд (Луқо 21:20–24). Онҳо бо бетарафии худ то имрӯз барои ҳамаи масеҳиёни вафодор намунаи хубе мебошанд.
Бетарафии масеҳиён дар ин айёми охир
10. a) Шоҳидони Яҳува ба чӣ кор машғуланд ва чаро? б) Нисбати чӣ онҳо бетараф мебошанд?
10 Оё гузориши таърихие шаҳодат медиҳад, ки дар ин айёми охир ягон гурӯҳи одамон бетарафии комилро ба мисли масеҳиёни пешин нигоҳ доштааст? Бале. Онҳо Шоҳидони Яҳува мебошанд. Дар тӯли тамоми ин вақт онҳо пайваста мавъиза мекарданд, ки танҳо Яҳува бо воситаи Салтанати худ сулҳу осоиштагӣ, шукуфоӣ ва хушбахтии пойдорро барои дӯстдорони адолат фароҳам хоҳад овард (Матто 24:14). Дар низоъҳои байни халқҳо Шоҳидони Яҳува ҳама вақт бетарафии қатъиро нигоҳ медоштанд.
11. a) Чӣ тавр бетарафии Шоҳидони Яҳува аз рафтори рӯҳониён комилан фарқ мекунад? б) Назари Шоҳидони Яҳува ба фаъолияти сиёсии дигарон чӣ гуна аст?
11 Рӯҳониёни динҳои ин ҷаҳон, баръакси Шоҳидони Яҳува, фаъолона ба корҳои сиёсӣ дахолат мекунанд. Дар баъзе давлатҳо онҳо дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ иштирок карда, ин ё он номзадро тарафдорӣ мекунанд ё зид будани худро нишон медиҳанд. Баъзе рӯҳониён ҳатто соҳиби мақомҳои сиёсианд. Дигаронашон сиёсатмадоронро водор месозанд, то барномаҳоеро, ки табъи дили онҳост, қабул намоянд. Аммо Шоҳидони Яҳува ба сиёсат дахолат намекунанд. Дар баробари ин онҳо ба дигарон дар дохилшавӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, талош барои мансабҳои давлатӣ ва овоздиҳӣ дар интихоботҳо монеъ намешаванд. Исо гуфта буд, ки шогирдони ӯ аз ин ҷаҳон нахоҳанд буд, аз ин рӯ Шоҳидони Яҳува ба сиёсат дахолат намекунанд.
12. Ба корҳои сиёсӣ дахолат кардани динҳои ин ҷаҳон ба чӣ оқибат оварда расонд?
12 Чуноне ки Исо пешгӯӣ карда буд, ҷангҳо дар байни халқҳо хотима наёфтанд. Ҳатто ҷангҳои шаҳрвандӣ дар таърих кам набуданд (Матто 24:3, 6, 7). Сарварони дин қариб доимо дар ҷангҳо яке аз ҷонибҳоро дастгирӣ менамуданд ва пайравонашонро низ ба ин даъват мекарданд. Ин ба чӣ оварда расонд? Аъзоёни як дин танҳо барои он ки аз миллат ё қабилаҳои гуногун мебошанд, даст ба куштори якдигар мезананд. Ин комилан бар зидди иродаи Худост (1 Юҳанно 3:10–12; 4:8, 20).
13. Далелҳо дар бобати бетарафии Шоҳидони Яҳува аз чӣ шаҳодат медиҳанд?
13 Вале Шоҳидони Яҳува ҳеҷ гоҳ дар ин гуна низоъҳо иштирок намекарданд. Дар «Бурҷи дидбонӣ»-и 1 ноябри соли 1939 (англ.) гуфта мешавад: «Ҳамаи онҳое ки Худовандро ҷонибдорӣ мекунанд, нисбати ҷанги байни халқҳо бетарафиро нигоҳ хоҳанд дошт». Шоҳидони Яҳува дар тамоми гӯшаю канори замин дар чӣ гуна шароите ки набошанд, чунин мавқеашонро нигоҳ медоранд. Онҳо намегузоранд, ки сиёсати ҷудоиовари ин дунё ва ҷангҳо бародарии байналхалқиашонро вайрон созанд. «Онҳо шамшерҳои худро ба амочҳо, ва найзаҳои худро ба досколаҳо табдил» медиҳанд ва бетарафиро нигоҳ дошта, ҷангро таълим намегиранд (Ишаъё 2:3, 4; 2 Қӯринтиён 10:3, 4).
14. Аз ин ҷаҳон худро ҷудо нигоҳ дошта, Шоҳидони Яҳува бо чӣ рӯ ба рӯ мешуданд?
14 Бетарафии Шоҳидони Яҳува ба чӣ натиҷае овард? Исо гуфта буд: «Азбаски шумо аз ҷаҳон нестед,... ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад» (Юҳанно 15:19). Шумораи зиёди Шоҳидони Яҳуваро аз боиси ходимони Худо буданашон ба маҳбас меандохтанд. Баъзеҳоро ба монанди масеҳиёни асри як азобу шиканҷа медоданд ва ҳатто мекуштанд. Сабаб дар он аст, ки Шайтон, «худои ин дунё», ба ходимони Яҳува, ки аз ин ҷаҳон нестанд, мухолифат менамояд (2 Қӯринтиён 4:4; Ваҳй 12:12).
15. a) Ҳамаи халқҳо сӯи чӣ равонаанд ва чиро Шоҳидони Яҳува мехоҳанд паси сар намоянд? б) Чаро бо ҷаҳон ҳамроҳ набудан ин қадар муҳим аст?
15 Ходимони Яҳува шоданд, ки ҷузъи ин ҷаҳон нестанд, зеро ҳамаи халқҳои ин ҷаҳон сӯи дар Ҳармиҷидӯн нест шудани худ равонаанд (Дониёл 2:44; Ваҳй 16:14, 16; 19:11–21). Мо аз чунин нобудшавӣ дар паноҳ хоҳем буд, зеро бо ин ҷаҳон ҳамроҳ нестем. Мо ҳамчун халқи муттаҳид ба Салтанати осмонии Худо вафодорем. Рост аст, ки моро аз сабаби ҷузъи ин ҷаҳон набуданамон писханду таъқиб менамоянд. Лекин дар ояндаи хеле наздик ҳамаи ин хотима меёбад, чунки тартиботи шариронаи ҳозирае, ки зери дасти Шайтон аст, абадан нест хоҳад шуд. Ходимони Яҳува бошад таҳти ҳукмронии Салтанати Худо дар дунёи нав абадан ҳаёт ба сар хоҳанд бурд (2 Петрус 3:10–13; 1 Юҳанно 2:15–17).
Саволҳо барои такрор
• Чӣ гуна Исо нишон дод, ки маънои «аз ин ҷаҳон» набудан чист?
• Назари масеҳиёни пешин нисбати a) рӯҳияи ин ҷаҳон, б) ҳукуматдорони дунявӣ ва в) пардохти андоз чӣ гуна буд?
• Чӣ гуна Шоҳидони Яҳува дар замони мо бетарафии масеҳии худро нишон доданд?
[Тасвири саҳифаи 165]
Исо гуфта буд, ки ӯ ва пайравонаш «аз ҷаҳон нестанд».