Боби нуздаҳ
Каломи Худоро далерона мавъиза кунед
1. a) Шогирдони Исо кадом хушхабарро эълон менамуданд ва муносибати баъзе яҳудиён ба ин чӣ гуна буд? б) Кадом саволҳоро мо ба худ дода метавонем?
ТАҚРИБАН 2000 сол пеш Писари Худо, Исои Масеҳ, ҳамчун Подшоҳи ояндаи тамоми замин тадҳин карда шуд. Дертар Исоро бо иғвои мухолифони мазҳабӣ ба қатл расониданд, лекин Яҳува ӯро аз мурдагон эҳё кард. Тавассути Исо барои одамизод ҳаёти ҷовидонӣ имконпазир гардид. Вале вақте ки шогирдони Исо ба мардум эълон намудани ин хушхабарро сар карданд, онҳо дучори таъқибот гаштанд. Баъзеи онҳоро ба маҳбас андохта, ҳатто қамчинкорӣ карданд ва фармуданд, ки дигар дар бораи Исо мавъиза накунанд (Аъмол 4:1–3, 17; 5:17, 18, 40). Онҳо бояд чӣ гуна амал мекарданд? Шумо дар чунин вазъият чӣ кор мекардед? Оё далерона шаҳодат доданро давом медодед?
2. a) Кадом хабари хушро имрӯз ба одамон расонидан лозим аст? б) Масъулияти мавъизаи хушхабар бар зиммаи киҳо мебошад?
2 Соли 1914 Подшоҳи Салтанати Худо, Исои Масеҳ, дар осмон ба тахт шинонда шуд, то «дар миёни душманони Худ» ҳукмронӣ намояд (Забур 109:2). Баъд аз ин Шайтон ва девҳои ӯ ба замин партофта шуданд (Ваҳй 12:1–5, 7–12). Бо ин рӯйдод айёми охири тартиботи шариронаи ҳозира оғоз ёфт. Дар анҷоми ин айём Худо тартиботи шайтониро пурра несту нобуд хоҳад кард (Дониёл 2:44; Матто 24:21). Сипас замин ба биҳишт табдил хоҳад ёфт ва наҷотёфтагон имконияти то абад бар он зистанро пайдо хоҳанд кард. Агар шумо ин хушхабарро пазируфта бошед, дар шумо хоҳиши онро ба дигарон нақл кардан пайдо хоҳад шуд (Матто 24:14). Вале муносибати дигарон ба ин хабар чӣ гуна хоҳад буд?
3. a) Одамон ба хушхабари Салтанат чӣ гуна муносибат мекунанд? б) Кадом саволро мо бояд ба худ бидиҳем?
3 Вақте ки шумо хушхабари Салтанатро мавъиза мекунед, шояд баъзеҳо онро қабул кунанд, вале аксарият ба он аҳамият нахоҳанд дод (Матто 24:37–39). Баъзеҳо мумкин аст шуморо масхараву таъқиб кунанд. Исо огоҳ карда буд, ки мухолифат метавонад аз ҷониби хешовандон сар занад (Луқо 21:16–19). Ё шояд шумо бо ин дар ҷои кор ё дар мактаб дучор оед. Дар баъзе давлатҳо бошад, ҳукуматдорон фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро манъ кардаанд. Агар шумо ба чунин вазъият рӯ ба рӯ шавед, оё Каломи Худоро бо далерӣ мавъиза хоҳед кард ва «дар имон устувор» хоҳед монд? (1 Қӯринтиён 16:13).
Ба қувваи худ таваккал намекунем
4. a) Барои ходими вафодори Худо будан, ба мо чӣ кор кардан зарур аст? б) Чаро вохӯриҳои масеҳӣ ин қадар муҳиманд?
4 Барои ходими вафодори Яҳува будан ба мо зарур аст, ки аз ҳар он чизе ки Ӯ барои беҳбудии рӯҳониамон фароҳам меоварад, истифода барем. Яке аз онҳо вохӯриҳои ҷамъомад мебошад ва Китоби Муқаддас моро даъват мекунад, ки нисбати чунин вохӯриҳо беэътино набошем (Ибриён 10:23–25). Шоҳидони вафодори Яҳува тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, ки мунтазам бо ҳамимонон дар вохӯриҳо иштирок кунанд. Дар ин вохӯриҳо донишамон дар бораи Китоби Муқаддас чуқуртар мегардад. Инчунин фаҳмиши мо оиди таълимоти бароямон аллакай шиноси Китоби Муқаддас меафзояд ва мо аз чӣ тавр дар зиндагӣ истифода бурдани онҳо бештар воқиф мегардем. Дар ягонагӣ Худоро ибодат намуда, мо бо бародарони масеҳиамон наздиктар мешавем ва дар иҷрои иродаи Худо қавӣ мегардем. Яҳува бо рӯҳи худ тавассути ҷамъомад моро роҳбарӣ мекунад ва ҳамчунин ба воситаи он рӯҳ Исо дар байни мо ҳузур дорад (Матто 18:20; Ваҳй 3:6).
5. Вақте ки фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро манъ мекунанд, вохӯриҳо чӣ тавр гузаронида мешаванд?
5 Оё шумо мунтазам дар ҳамаи вохӯриҳо иштирок мекунед ва он чизеро ки дар он ҷо муҳокима карда мешавад, дар ҳаёти худ ба кор мебаред? Баъзан, вақте ки фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро манъ мекунанд, зарур меояд, ки вохӯриҳои ҷамъомад ба шакли гурӯҳҳои хурд дар хонаҳои шахсӣ гузаронда шаванд. Ҷой ва вақти гузаронидани вохӯриҳо метавонад тағйир ёбад ва на ҳама вақт қулай бошад. Масалан, баъзе вохӯриҳо бевақт гузаронида мешаванд, аммо бародарону хоҳарони вафодор ба ноқулаӣ ва хатар нигоҳ накарда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ки дар ҳамаи вохӯриҳо ҳозир бошанд.
6. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ба Яҳува такя мекунем ва чӣ гуна ин ба мо кӯмак мекунад, то бо далерӣ мавъиза карданро давом диҳем?
6 Агар мо ба мадади Худо мӯҳтоҷ буданамонро дарк карда, ба Ӯ мунтазам ва аз таҳти дил дуо гӯем, ба Ӯ бештар такя хоҳем кард. Оё шумо мунтазам дар дуо ба Яҳува муроҷиат мекунед? Исо ҳангоми дар рӯи замин хидмат карданаш пайваста дуо мегуфт (Луқо 3:21; 6:12, 13; 22:39–44). Ӯ шаби пеш аз маргаш шогирдонашро таъкид карда, гуфт: «Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед» (Марқӯс 14:38). Агар ҳангоми мавъиза карданамон одамон ба пайғоми Салтанат бепарвоӣ зоҳир намоянд, дар мо хоҳиши камтар хидмат кардан пайдо шуда метавонад. Ҳамчунин агар одамон моро тамасхур ё таъқиб кунанд, мо метавонем барои аз душвориҳо гурехтан мавъизаро бас кунем. Вале агар самимона дар дуо аз Худо кӯмак пурсем, Ӯ бо рӯҳи худ моро қодир мегардонад, ки бо далерӣ мавъиза кунем ва дар пеши чунин озмоишҳо истодагарӣ намоем (Луқо 11:13; Эфсӯсиён 6:18–20).
Онҳо бо далерӣ шаҳодат медоданд
7. a) Чаро китоби Аъмол ҷолиби диққати мост? б) Ба саволҳои дар поёни ин сатр овардашуда ҷавоб дода, андеша намоед, ки чӣ тавр ин маълумот метавонад барои мо муфид бошад.
7 Китоби Аъмол ҷолиби диққати ҳамаи мо мебошад. Дар он нақл карда мешавад, ки чӣ тавр расулон ва дигар шогирдони пешин — одамоне, ки мисли мо эҳсосот доштанд,— душвориҳоро паси сар карда, шоҳидони далеру вафодори Яҳува буданашонро собит менамуданд. Биёед бо ёрии саволҳо ва оятҳои зер порчаеро аз ин китоб дида бароем. Андеша намоед, ки чӣ тавр шахсан шумо метавонед аз маводи хондаатон фоида бибаред.
Оё расулон дорои маълумоти олӣ буданд? Оё онҳо табиатан одамони нотарс буданд ва новобаста аз шароит доимо далерона рафтор мекарданд? (Юҳанно 18:17, 25–27; 20:19; Аъмол 4:13).
Чӣ ба Петрус қудрат бахшид, то дар назди додгоҳи яҳудиён, ки Писари Худоро маҳкум намуда буд, далерона сухан гӯяд? (Матто 10:19, 20; Аъмол 4:8).
Расулон дар тӯли ҳафтаҳо, пеш аз он ки назди шӯрои пирон бурда шаванд, бо чӣ кор машғул буданд? (Аъмол 1:14; 2:1, 42).
Вақте ки сарварон ба расулон ба исми Исо мавъиза карданро манъ намуданд, Петрус ва Юҳанно чӣ ҷавоб доданд? (Аъмол 4:19, 20).
Расулон пас аз озод шуданашон аз кӣ мадад ҷустанд? Оё онҳо оиди қатъ гардидани таъқибот дуо мегуфтанд ё оиди чизи дигаре? (Аъмол 4:24–31).
Вақте ки мухолифон кӯшиши манъ кардани кори мавъизаро доштанд, ба чӣ восита Яҳува ба расулон кӯмак расонд? (Аъмол 5:17–20).
Аз чӣ аён аст, ки расулон мақсади озод шуданашонро фаҳмиданд? (Аъмол 5:21, 41, 42).
Ҳатто вақте ки бисёре аз шогирдон ба сабаби таъқибот пароканда гардиданд, онҳо чӣ кореро идома доданд? (Аъмол 8:3, 4; 11:19–21).
8. Хидмати шогирдони нахустин ба чӣ натиҷаи олиҷанобе овард ва чӣ тавр мо метавонем дар он саҳмгузор бошем?
8 Мавъизаи хушхабар кори беҳудае набуд. Дар Иди рӯзи 50-уми соли 33 д. мо тақрибан 3000 нафар шогирдон таъмид гирифтанд. «Мардону занони бисёре ба Худованд имон оварда, торафт бештар ба онҳо ҳамроҳ мешуданд» (Аъмол 2:41; 4:4; 5:14). Бо мурури замон ҳатто яке аз таъқибкунандагони ашадии халқи Худо — Шоули тарсусӣ масеҳӣ гардид ва бо далерӣ ба шаҳодат додан дар бораи ҳақиқат шурӯъ кард. Баъдан ӯ ҳамчун Павлуси расул маъруф гардид (Ғалотиён 1:22–24). Фаъолияте, ки дар асри як оғоз ёфт, қатъ нагардид, балки дар ин айёми охир вусъат ёфта, тамоми заминро фаро гирифт. Ҳамаи мо имтиёз дорем, ки дар ин фаъолият ширкат варзем ва аз намунаи шоҳидони содиқи даврони гузашта, ки ба Яҳува хидмат мекарданд, ибрат гирем.
9. a) Павлус барои шаҳодат додан аз кадом имкониятҳо истифода мебурд? б) Бо чӣ тарзҳо шумо хабари Салтанатро ба дигарон мерасонед?
9 Вақте ки Павлус аз ҳақиқат дар бораи Исои Масеҳ огоҳ гардид, ӯ чӣ тавр амал намуд? «Дарҳол... дар ҳаққи Исо мавъиза кардан гирифт ва гуфт, ки Ӯ Писари Худост» (Аъмол 9:20). Павлус барои лутфу марҳамати Худо бениҳоят миннатдор буд ва дарк менамуд, ки хушхабари шунидаашро бояд ба ҳама мавъиза кунад. Павлус фарди яҳудӣ буд ва бинобар ин мутобиқи урфу одатҳои онвақта ба куништҳо рафта, шаҳодат медод. Ҳамчунин ӯ хона ба хона мавъиза мекард ва дар бозорҳо бо мардум ҳамсӯҳбат мешуд. Ғайр аз ин ӯ бо омодагӣ барои мавъизаи хушхабар ба ҷойҳои нав сафар мекард (Аъмол 17:17; 20:20; Румиён 15:23, 24).
10. a) Аз чӣ аён аст, ки Павлус дар шаҳодат додан на танҳо ходими далер, балки оқилу мушоҳидакор низ буд? б) Чӣ тавр мо метавонем ҳангоми ба хешовандон, ҳамкорон ва ё ҳамсинфон шаҳодат додан мисли Павлус далеру хирадманд бошем?
10 Павлус ходими далер ва ҳамчунин оқилу мушоҳидакоре буд ва мо низ бояд мисли ӯ дорои чунин хислатҳо бошем. Ӯ ба яҳудиён дар асоси ваъдаҳое, ки Худо ба падаронашон дода буд, ва ба юнониён дар асоси он чизҳое, ки барояшон шинос буд, мавъиза мекард. Баъзан ӯ барои шаҳодат додан дар бораи чӣ тавр бо ҳақиқат шинос шуданаш нақл мекард. Ӯ гуфта буд, ки ҳамаи инро барои хушхабар мекунад, то ки онро ба дигарон бирасонад (1 Қӯринтиён 9:20–23; Аъмол 22:3–21).
11. a) Павлус барои доимо бо мухолифон рӯ ба рӯ нашудан чӣ тавр амал менамуд? б) Дар кадом мавридҳо ва чӣ тавр метавонем бо хирадмандӣ ба намунаи Павлус пайравӣ намоем? в) Кӣ ба мо қувват мебахшад, то далерона мавъиза карданро идома диҳем?
11 Вақте Павлус медид, ки ба ӯ аз сабаби мухолифат муддате дар ҷои дигар мавъиза кардан беҳтар аст, ӯ ҳамин тавр амал менамуд: ӯ аз рӯбарӯшавиҳои доимӣ бо мухолифон канорагирӣ мекард. (Аъмол 14:5–7; 18:5–7; Румиён 12:18). Вале ӯ ҳеҷ гоҳ башорат доданро ба худ ор намедонист (Румиён 1:16). Павлус ба муносибати густохона ва ҳатто бераҳмонаи мухолифон нигоҳ накарда, «дар Худои худ» ҷасорат пайдо мекард ва кори мавъизаро давом медод. Ӯ гуфт: «Худованд ёри ман буд ва маро қавӣ кард, то ки ба воситаи ман башорат тамоман эълон гардад» (1 Таслӯникиён 2:2; 2 Тимотиюс 4:17). Исо, Сарвари ҷамоати масеҳӣ, моро низ қавӣ мегардонад, то кореро, ки ӯ ба рӯзҳои мо пешгӯӣ намуда буд, иҷро намоем (Марқӯс 13:10).
12. Далерии масеҳиён дар чӣ аён мегардад ва ин далерӣ бар чӣ асос меёбад?
12 Мо пурра асос дорем, ки минбаъд низ мисли Исо ва дигар ходимони вафодори асри як бо далерӣ каломи Худоро баён намоем. Ин маънои онро надорад, ки мо метавонем бемулоҳиза рафтор кунем ё зӯран хушхабарро ба шахсоне, ки гӯш кардан намехоҳанд, бирасонем. Аз дигар тараф, мо набояд бо сабаби дилсардии одамон башорат доданро қатъ кунем ва аз боиси мухолифат хомӯш гардем. Мо ҳамчун Исо мавъиза мекунем, ки Салтанати Худо ҳукумати одилонае мебошад, ки бар тамоми замин ҳукмронӣ хоҳад кард. Мо бо итминон ҳарф мезанем, зеро намояндагони Яҳува, Ҳокими Даҳр, мебошем ва хабареро эълон менамоем, ки на аз ҷониби мо, балки аз ҷониби Ӯст. Ва маҳз муҳаббат ба Яҳува бояд беш аз ҳар чизи дигаре моро ба васф намудани Ӯ барангезад (Филиппиён 1:27, 28; 1 Таслӯникиён 2:13).
Саволҳо барои такрор
• Чаро муҳим аст, ки аз рӯи имкон хабари Салтанатро ба ҳама одамон бирасонем ва чӣ гуна муносибатро дар ҷавоб интизор буда метавонем?
• Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки дар хидмати Яҳува ба қувваи худ таваккал наменамоем?
• Аз китоби Аъмол кадом дарсҳои пурарзишеро барои худ омӯхта метавонем?
[Тасвири саҳифаи 173]
Имрӯз Шоҳидони Яҳува чун ходимони вафодори гузашта каломи Худоро далерона мавъиза мекунанд.