Боби бист
Омадани рӯзи Яҳуваро дар хотир нигоҳ доред
1. Вақте ки шумо аввалин бор фаҳмидед, ки раҳоӣ аз дарду ғами ин тартиботи кӯҳна наздик аст, чиро эҳсос намудед?
ОМӮЗИШИ Китоби Муқаддасро сар карда, шумо пеш аз ҳама фаҳмидед, ки Яҳува ният дорад тамоми заминро ба биҳишт табдил диҳад. Дар дунёи нав ҷанг, ҷинояткорӣ, қашшоқӣ, беморӣ, азоб ва марг дигар нахоҳад буд. Ҳатто фавтидагон ба ҳаёт бармегарданд. Чӣ ояндаи олиҷанобе! Вақти иҷрошавии ҳамаи ин наздик аст, зеро мо дар асоси далелҳо медонем, ки аз соли 1914 инҷониб Масеҳ ҳамчун Подшоҳи ҳукмрон ба таври ноаён ҳузур дорад ва аз ҳамон вақт сар карда, мо дар охирзамон, яъне айёми охири ин дунёи шарир зиндагӣ карда истодаем. Дар интиҳои охирзамон Яҳува тартиботи шариронаи ҳозираро нест карда, дунёи нави ваъдакардаашро барқарор хоҳад сохт!
2. «Рӯзи Худованд» чист?
2 Китоби Муқаддас замони нобудшавии ин дунёи шарирро «рӯзи Яҳува» меномад (2 Петрус 3:10, ТДН). Он рӯз — «рӯзи хашми Худованд» бар тамоми дунёи Шайтон хоҳад буд (Сафанё 2:3). Ин рӯз дар «ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ..., ки ба забони ибронӣ Ҳармиҷидӯн ном дорад», ба авҷи худ хоҳад расид ва дар он вақт «подшоҳони тамоми ҷаҳон» нест карда хоҳанд шуд (Ваҳй 16:14, 16). Оё шумо бо тарзи зиндагии худ нишон медиҳед, ки ба наздик будани «рӯзи Худованд» боварии комил доред? (Сафанё 1:14–18; Ирмиё 25:33).
3. а) Рӯзи Яҳува кай хоҳад омад? б) «Он рӯз ва соатро» маълум насохтани Яҳува чиро аён месозад?
3 Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки маҳз дар кадом рӯз Исои Масеҳ бар тартиботи шариронаи Шайтон довариҳои Яҳуваро ба амал хоҳад овард. «Он рӯз ва соатро, ғайр аз Падар, касе намедонад, на фариштагони осмон, на Писар»,— гуфта буд Исо (Марқӯс 13:32). Фарде ки дар асл Яҳуваро дӯст намедорад, фикран рӯзи Ӯро ақиб гузошта, аз паи ҳавасҳои ин ҷаҳон меравад. Вале онҳое ки ҳақиқатан Яҳуваро дӯст медоранд, бо тамоми вуҷуди худ, новобаста аз он ки поёни ин тартиботи шарирона кай меояд, ба Ӯ хидмат хоҳанд кард (Забур 36:4; 1 Юҳанно 5:3).
4. Исо моро оиди чӣ огоҳ карда буд?
4 Исо дӯстдорони Яҳуваро огоҳ карда гуфт: «Барҳазар ва бедор бошед... зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад» (Марқӯс 13:33–37). Ӯ таъкид мекунад, ки мо набояд ба хӯрдану нӯшидан ё дигар ташвишҳои зиндагӣ то он дараҷае дода шавем, ки дар чӣ гуна рӯзҳо зиндагӣ карданамонро фаромӯш кунем (Луқо 21:34–36; Матто 24:37–42).
5. Мувофиқи шарҳи Петрус рӯзи Яҳува бо худ чӣ меорад?
5 Петрус низ ба мо насиҳат медиҳад, ки рӯзи Яҳуваро дар хотир нигоҳ дорем. Сипас ӯ мегӯяд, ки «дар он рӯз осмон аланга гирифта несту нобуд хоҳад шуд ва аносир оташ гирифта» гудохта хоҳанд шуд. «Осмон», яъне тамоми ҳукуматҳои башарӣ ва «замин», яъне ҷомеаи шарири инсонӣ ба таври куллӣ нобуд хоҳанд гашт. Ҳамчунин «аносир»-и замин, яъне фикру аъмоли ин ҷаҳони шарир, ба монанди рӯҳияи беитоатӣ ба Худо ва тарзи ҳаёти бадахлоқона ва зарпарастона, нест хоҳанд шуд. Ба ивази ҳамаи ин «осмони нав [Салтанати осмонии Худо] ва замини нав [ҷомеаи нав дар рӯи замин]» хоҳад омад, ки «дар онҳо адолат сокин хоҳад буд» (2 Петрус 3:10–13). Ин воқеаҳо, ки ҷаҳонро такон хоҳанд дод, ба таври ногаҳонӣ, дар рӯзу соате, ки ҳеҷ кас интизор нахоҳад буд, рӯй хоҳанд дод (Матто 24:44).
Ба иҷрошавии аломат мудом диққат диҳед
6. a) Ҷавоби Исо ба саволи шогирдонаш то чӣ андоза ба замони хотимаи тартиботи яҳудӣ тааллуқ дошт? б) Кадом қисми ҷавоби Исо диққати моро ба рафтори одамон ва рӯйдодҳое, ки аз соли 1914 мушоҳида карда мешаванд, ҷалб мекунад?
6 Замонеро, ки мо ҳоло дар он зиндагӣ дорем, ба назар гирифта, мо бояд бо ҷузъиёти аломати таркибии «охирзамон» хуб шинос шавем. Биёед фаромӯш накунем, ки вақте ки шогирдони Исо саволеро, ки дар Матто 24:3 навишта шудааст, ба ӯ доданд, Исо дар ҷавоби онҳо, чуноне ки дар оятҳои 4 то 22 мехонем, воқеаҳоеро пешгӯӣ намуд, ки баъзеашон дар миқёси хурд бар тартиботи яҳудӣ аз соли 33 то 70 д. мо иҷро гардиданд. Вале ин пешгӯӣ асосан дар давраи ҳузури Масеҳ ва анҷоми тартиботи шарирона, ки аз соли 1914 оғоз ёфт, иҷро мегардад. Дар Матто 24:23–28 рӯйдодҳое, ки аз соли 70 д. мо то поёни айёми ҳузури Масеҳ ба амал меоянд, тасвир шудаанд. Аммо он чизе, ки дар Матто 24:29–25:46 гуфта мешавад, танҳо дар замони охир ба вуқӯъ хоҳад омад.
7. a) Чаро ҳар яки мо бояд ба чӣ гуна иҷро шуда истодани аломати охирзамон диққат диҳад? б) Ба саволҳои дар охири сатр овардашуда ҷавоб дода, андеша кунед, ки чӣ тавр аз соли 1914 инҷониб аломати охирзамон иҷро шуда истодааст.
7 Ҳар яки мо бояд ба рафтори одамон ва ба рӯйдодҳое, ки ба иҷрошавии аломати охирзамон ишора мекунанд, диққат диҳем. Дидани робитаи байни ин рӯйдодҳо ва нубувватҳои Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мерасонад, ки рӯзи Яҳуваро дар хотир нигоҳ дорем ва бо боварии қатъӣ дигаронро дар бораи наздикшавии он рӯз огоҳ кунем (Ишаъё 61:1, 2). Ин мақсадҳоро дар хотир дошта, биёед саволҳои зеринро оиди қисмҳои аломати таркибӣ, ки дар Матто 24:7 ва Луқо 21:10, 11 оварда шудаанд, дида бароем.
Бо кадом тарзи ғайриоддӣ пешгӯӣ оиди он ки «қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард», аз соли 1914 иҷро шуда истодааст? Дар бораи ҷангҳое, ки аз он вақт сар карда ба амал меоянд, чӣ метавон гуфт?
Соли 1918 кадом эпидемия назар ба Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ шумораи бештари одамонро ҳалок сохт? Ба дониши одамон дар соҳаи тиб нигоҳ накарда, кадом бемориҳо то ҳол миллионҳо одамонро аз ҳаёт маҳрум месозанд?
Қатъи назар аз дастовардҳои илмии садсолаи охир, то чӣ андоза ҷаҳон бо мушкилии норасоии хӯрокворӣ рӯ ба рӯ мегардад?
Дар 2 Тимотиюс 3:1–5, 13 гуфта мешавад, ки бо наздикшавии анҷоми охирзамон шароит торафт бадтар хоҳад гашт. Чӣ шуморо бовар мекунонад, ки ин гуна шароит хоси ҳама давр набуд?
Ҷудосозии одамон
8. a) Мувофиқи шарҳи дар Матто 13:24–30, 36–43 овардашуда, Исо боз кадом воқеаеро дар робита бо анҷоми тартиботи шарирона қайд намуд? б) Масали Исо чӣ маъно дорад?
8 Исо воқеаҳои муҳими дигареро низ номбар намуд, ки бо анҷоми тартиботи шарирона алоқаманданд. Яке аз онҳо ҷудокунии «писарони Малакут» аз «писарони иблис» мебошад. Дар ин бора Исо оиди киштзори гандум масале овард ва гуфт, ки душман дар он киштзор тухми мастак кошт. «Гандум» дар масали Исо масеҳиёни тадҳиншудаи вафодор мебошанд. «Мастакҳо» бошад касонеанд, ки худро масеҳӣ меноманд, вале дар асл «писарони иблис» мебошанд, зеро ба ҷаҳоне, ки ҳукмронаш Иблис аст, часпидаанд. Онҳо аз «писарони Малакут»-и Худо ҷудо карда шудаанд ва онҳоро нестшавӣ интизор аст (Матто 13:24–30, 36–43). Оё ин ҷудосозӣ дар асл ба амал омадааст?
9. a) Пас аз Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ чӣ гуна ҷудосозии бузурге дар байни ҳамаи онҳое, ки худро масеҳӣ меномиданд, ба амал омад? б) Чӣ тавр масеҳиёни тадҳиншуда нишон доданд, ки ходимони ҳақиқии Салтанат мебошанд?
9 Пас аз Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ҳамаи онҳое, ки худро масеҳӣ меҳисобиданд, ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд: 1) рӯҳониёни ҷаҳони масеҳият ва пайравонашон, ки Лигаи Миллатҳоро (ҳоло Созмони Миллали Муттаҳид) бо қатъият дастгирӣ менамуданд ва ҳамзамон манфиатҳои давлати худро пеш мебурданд, ва 2) масеҳиёни ҳақиқии он давраи баъдиҷангӣ, ки на давлатҳои ин ҷаҳон, балки Салтанати Масеҳии Худоро комилан ҷонибдорӣ мекарданд (Юҳанно 17:16). Ин одамон бо мавъиза намудани «Инҷили Малакут» дар тамоми рӯи замин исбот карданд, ки ходимони ҳақиқии Салтанати Худо мебошанд (Матто 24:14). Натиҷаи мавъизаи онҳо чӣ гуна буд?
10. Мавъиза дар бораи Салтанат аввалан ба чӣ натиҷа овард?
10 Аввалан боқимондаи шахсони бо рӯҳи Худо тадҳиншуда, ки умеди бо Масеҳ дар Салтанати осмонӣ буданро доштанд, ҷамъ оварда шуданд. Гарчанде ин одамон дар байни халқҳо пароканда буданд, онҳо қисми созмони ягонае гардиданд. Мӯҳрзании тадҳиншудагон ба қарибӣ анҷом хоҳад ёфт (Ваҳй 7:3, 4).
11. Ҷамъоварии киҳо идома дорад ва бо ин кор кадом пешгӯӣ иҷро шуда истодааст?
11 Сипас, таҳти роҳбарии Масеҳ ҷамъоварии «анбӯҳи бузурги мардум... аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо» оғоз ёфт. Ин одамон, ки «гӯсфандони дигар»-ро ташкил медиҳанд, аз «азоби азим» наҷот ёфта, ба дунёи нави Худо ворид хоҳанд шуд (Ваҳй 7:9, 14; Юҳанно 10:16). Кори мавъизаи Салтанати Худо, ки бояд пеш аз фаро расидани анҷоми ин тартибот гузаронида шавад, то ҳол идома дорад. Анбӯҳи бузурги гӯсфандони дигар, ки ҳоло шумораашон ба миллионҳо мерасад, ба тадҳиншудагони боқимонда дар эълон намудани хабари наҷотдиҳандаи Салтанат содиқона кӯмак мерасонад. Имрӯзҳо ин хабар дар миёни ҳамаи халқҳо мавъиза карда мешавад.
Дар оянда чӣ рӯй хоҳад дод?
12. Пеш аз фаро расидани рӯзи Яҳува кори мавъиза бояд то чӣ ҳад ба иҷро расад?
12 Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки поёни охирзамон қариб аст ва рӯзи Яҳува наздик мебошад. Оё пешгӯиҳое ҳастанд, ки бояд пеш аз фаро расидани он рӯзи даҳшатангез иҷро шаванд? Бале. Аввал ин ки ҷудосозии одамон аз рӯи муносибаташон ба Салтанати Худо ҳанӯз хотима наёфтааст. Дар баъзе ҷойҳое, ки ба мавъизаи Салтанат дар тӯли солҳо сахт муқобилат мекарданд, ҳоло афзудани шумораи шогирдони нав ба назар мерасад. Ҳатто дар он ҷойҳое, ки одамон хушхабарро қабул намекунанд, Яҳува марҳамати худро зоҳир намуда, моро барои шаҳодат додан ба назди онҳо мефиристад. Пас биёед ин кори мавъизаро идома диҳем! Исо моро бовар мекунонад, ки ҳангоми хотима ёфтани ин кор интиҳо фаро хоҳад расид.
13. Мувофиқи 1 Таслӯникиён 5:2, 3 боз кадом рӯйдоди муҳиме бояд ба вуқӯъ ояд ва он барои мо чӣ аҳамияте хоҳад дошт?
13 Дар Китоби Муқаддас пешгӯии хеле муҳими дигаре низ нависонида шудааст: «Чун бигӯянд: “Осоиштагӣ ва амният”,— он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд, мисли он ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва ба ҳеҷ ваҷҳ халос нахоҳанд шуд» (1 Таслӯникиён 5:2, 3). Дидани иҷроиши он ки чӣ гуна «осоиштагӣ ва амният» эълон мешавад, ҳоло дар пеш аст. Вале як чизро мо аниқ медонем, ки роҳбарони ҷаҳон ҳеҷ гоҳ мушкилоти инсониро ҳал нахоҳанд кард. Онҳоеро, ки рӯзи Яҳуваро дар хотир нигоҳ медоранд, шунидани эълони «осоиштагӣ ва амният» гумроҳ намесозад, зеро онҳо медонанд, ки пас аз чунин эълон ҳалокати ногаҳонӣ фаро хоҳад расид.
14. Дар давоми мусибати бузург чӣ гуна рӯйдодҳо ва бо кадом тартиб ба вуқӯъ меоянд?
14 Дар оғози мусибати бузург ҳукуматдорон муқобили Бобили бузург, яъне маҷмӯи динҳои козиби ин ҷаҳон бархоста, онро нест хоҳанд кард (Матто 24:21; Ваҳй 17:15, 16). Баъд аз ин халқҳо ба тарафдорони ҳокимияти Яҳува ҳамла меоранд, ки ин ғазаби Яҳуваро бар зидди ҳукуматҳо ва ҷонибдорони онҳо бармеангезонад ва ба пурра несту нобуд шуданашон оварда мерасонад. Ин дар арши мусибати бузург, яъне дар Ҳармиҷидӯн ба амал хоҳад омад. Сипас Шайтон ва девҳои ӯ ба варта андохта мешаванд ва онҳо одамонро дигар зери таъсири худ гузошта наметавонанд. Ҳамин тавр, исми Яҳува баланд бардошта хоҳад шуд (Ҳизқиёл 38:18, 22, 23; Ваҳй 19:11–20:3).
15. Чаро фикр кардан нодуруст мебуд, ки рӯзи Яҳува хеле дур аст?
15 Анҷоми ин тартибот айнан дар вақти муайянкардаи Худо фаро хоҳад расид. Он «таъхир нахоҳад кард» (Ҳабаққуқ 2:3). Ба хотир оред, ки Ерусалим дар соли 70 д. мо хеле зуд валангор гардид ва ин барои яҳудиён ғайричашмдошт буд, зеро онҳо гумон мекарданд, ки хатар паси сар шудааст. Дар бораи Бобили қадим бошад чӣ метавон гуфт? Бобил шаҳри боиқтидор буд, онро деворҳои азим ҳифз менамуданд ва сокинонаш аз ҳар ҷиҳат хотирҷамъ буданд, вале он дар як шаб фурӯ ғалтид. Тартиботи шариронаи ҳозира низ ҳамин тавр баногоҳ нобуд хоҳад шуд. Пас биёед доимо бо бародарони худ Яҳуваро дар ягонагӣ ибодат намоем ва фаро расидани рӯзи Ӯро дар хотир нигоҳ дорем.
Саволҳо барои такрор
• Чаро дар хотир доштани рӯзи Яҳува хеле муҳим аст? Чӣ ба мо дар ин кӯмак мерасонад?
• Донистани он ки имрӯз ҷудосозии одамон гузаронида шуда истодааст, ба ҳар яки мо чӣ тавр таъсир мерасонад?
• Боз кадом воқеаҳо бояд пеш аз оғоз ёфтани рӯзи Яҳува рӯй диҳанд? Инро дониста, мо шахсан бояд чӣ гуна амал кунем?
[Тасвири саҳифаи 180]
Ба қарибӣ бо несту нобуд шудани ин тартиботи шайтонӣ охирзамон ба поён хоҳад расид.