СУРУДИ 135
Насиҳати падаронаи Яҳува
1. Духтару писари
азизу дилписанд,
Бо ҷону дил гӯш деҳ
ба пандам чу фарзанд.
То ман ба бадгӯйи худ
бидиҳам ҷавоб,
Аз сидқу вафо кун
хизматам интихоб.
(Нақарот)
Ҷони Падар, ту бохирад бош,
то шавад дили ман хурсанд.
Аз таҳти дил маро ҷалол деҳ
ва бисоз маро сарбаланд.
2. Эй нури дида,
маро бидор дар хотир,
То ҷӯш занад меҳрам
дар дилат беохир.
Гар паст зананд туро,
аз ин накун парво —
Ту ҳастӣ бароям
гавҳари бебаҳо.
(Нақарот)
Ҷони Падар, ту бохирад бош,
то шавад дили ман хурсанд.
Аз таҳти дил маро ҷалол деҳ
ва бисоз маро сарбаланд.
(Ҳамчунин нигаред ба 5 Мӯсо 6:5; Пандгӯ 11:9; Иш. 41:13.)