ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w13 15.12. саҳ. 27-29
  • Ман мехостам мисли духтари Йифтоҳ бошам

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ман мехостам мисли духтари Йифтоҳ бошам
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Оилаи мо
  • Гӯё парда аз чашмонам афтид
  • Яҳува дасти маро маҳкам медошт
  • «Мо танҳо нестем»
  • «Сайқал додани маҳорати худро давом деҳ»
  • «Магар ту намехоҳӣ мисли дигарон зиндагӣ кунӣ?»
  • Тӯҳфа аз Яҳува
  • Ӯ падари худ ва Яҳуваро хурсанд мекард
    Кӯдаконатонро таълим диҳед
  • Бо имон амал кунед ва ба Худо писанд оед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Қавли Йифтоҳ
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
w13 15.12. саҳ. 27-29

Ман мехостам мисли духтари Йифтоҳ бошам

Нақл кард Ҷоанна Соунз

Вақте ки ман ҳанӯз наврас будам, дар дил орзу доштам, ки ба духтари Йифтоҳ монанд бошам. Иҷозат диҳед нақл кунам, ки маҳз аз кадом ҷиҳат ман ба ӯ монанд будан мехостам ва ин чӣ тавр ба ман муяссар шуд.

СОЛИ 1956 ман якумин бор ба анҷумани Шоҳидони Яҳува, дар шаҳри Бомбейи Ҳиндустон (ҳозира Мумбай) ташриф овардам. Ин анҷуман ҳаёти маро дигар кард. Нутқе ки дар он ҷо оиди духтари Йифтоҳ садо дод, ба дилам таъсири чуқур расонд.

Чӣ тавре ки шумо шояд аз Китоби Муқаддас медонед, духтари Йифтоҳ вақте барои муҷаррад мондан розӣ шуд, аз афташ ҳоло наврас буд. Ин имконият дод, ки падараш ваъдаи додаи худро иҷро кунад. Ва ӯ дар хаймаи муқаддас, хонаи Яҳува тамоми умр хизмат кард (Дов. 11:28–40).

То чӣ андоза ман мехостам ба ӯ монанд бошам! Вале ман бо душвории ҷиддие рӯ ба рӯ шудам: он вақт дар маданияти мо муҷаррад мондан ғайримуқаррарӣ буд.

Оилаи мо

Волидонам Бенҷамин ва Марселина Соунз шаш фарзанд доштанд, ки ман аз байнашон панҷумин будам. Мо дар Удипи ном шаҳр, ки дар соҳили ғарбии Ҳиндустон воқеъ аст, зиндагӣ мекардем. Бо забони модарии мо — тулу, қариб ду миллион одамон гап мезаданд. Лекин ба монанди аксари сокинони Удипи мо мактабро бо забони каннада хонда будем.

Оила ва фарзандон дар маҳалли мо ҳамеша неъмати асосӣ ҳисоб меёфтанд. Дар кӯдакӣ ман ҳатто намедонистам, ки бо забони тулу чунин калимаҳо ба монанди «муҷаррадӣ», «танҳоӣ» ва «фироқ» вуҷуд доранд. Одамон дар оилаҳои калон зиндагӣ мекарданд. Масалан, мо бо бобою бибиҳоям, тағою холаҳоям ва дувоздаҳ нафар холабачаю тағобачаҳоям якҷоя зиндагӣ мекардем!

Дар маҳалле, ки мо зиндагӣ мекардем, аслу насаб аз тарафи модар қабул карда мешуд, яъне ба кӯдакон меросу насабро аз модар медоданд. Насабнома аз тарафи модар ба қайд гирифта мешуд ва духтарон мероси зиёдтарро соҳиб мегаштанд. Дар баъзе қабилаҳои тулу духтар баъди издивоҷ дар хонаи модар зиндагӣ карданро давом медод ва шавҳараш ба хонаи онҳо меомад.

Азбаски оилаи мо дини масеҳиро қабул карда буд, дар оилаи мо тартибу низом аз дигарон фарқ мекард. Ҳар бегоҳ бобоям аҳли оиларо барои ибодат ҷамъ меовард, дуо мегуфт ва Китоби Муқаддасро бо забони тулу баланд мехонд. Вақте ки ӯ Китоби Муқаддаси фарсудаи худро барои ба мо хондан мекушод, ин гӯё ба он монанд буд, ки ӯ сандуқчаи ганҷдорро мекушояд. Ин хеле шавқовар буд! Махсусан суханони ояти Забур 22:1 маро ба худ ҷалб намуданд: «Худованд [«Яҳува», ТДН] Чӯпони ман аст: ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳам шуд». Ман доим фикр мекардам: «Яҳува кӣ бошад ва барои чӣ ӯ чӯпон номида шудааст?»

Гӯё парда аз чашмонам афтид

Аз сабаби душвориҳои иқтисодие, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон рӯй доданд, мо ба Бомбей, ки аз Удипи 900 км дуртар аст, кӯчидем. Дар он ҷо соли 1945, ду Шоҳиди Яҳува ба назди падарам омада, сӯҳбат карданд ва ба ӯ рисолаи бар Китоби Муқаддас асосёфтаеро доданд. Падарам чун замини ташнае, ки боронро ҷаббида мегирад, маълумоти дар он рисола овардашударо бо шавқ хонда аз худ кард ва дарҳол чизҳои фаҳмидаашро ба дигар одамоне, ки бо забони каннада гап мезаданд, нақл карданро сар кард. Гурӯҳи хурди Шоҳидони бо забони каннада гуфтугӯ мекарда афзуданд ва дар аввали солҳои 1950 дар Бомбей якумин ҷамъомад ба ин забон ташкил ёфт.

Падару модарам мо, фарзандонашонро таълим медоданд, то тадқиқотчиёни боғайрати Китоби Муқаддас ва муаллимони хуб бошем. Онҳо ҳар рӯз барои бо мо дуо гуфтан ва Каломи Худоро омӯхтан вақт ҷудо мекарданд (Такр. Ш. 6:6, 7; 2 Тим. 3:14–16). Боре ҳангоми хондани Китоби Муқаддас гӯё парда аз чашмонам афтид. Ман фаҳмидам, ки Яҳува аз он сабаб ба чӯпон монанд карда шудааст, ки Ӯ хизматгоронашро роҳнамоӣ мекунад, ғизо медиҳад ва муҳофизат менамояд (Заб. 22:1–6; 82:19).

Яҳува дасти маро маҳкам медошт

Ман чанде пас аз он анҷумани фаромӯшнашавандаи соли 1956, ки дар боло ёдрас кардам, таъмид гирифтам. Ним сол пас, ман ба акаи калониам Прабхакар пайравӣ карда, вақти бештари худро ба мавъизаи хушхабар сарф мекардагӣ шудам. Ман сахт мехостам, ки ба дигарон ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро нақл кунам, вале бо баробари сар кардани сӯҳбат гулӯям қоқ мешуд, забонам мегирифт ва овозам меларзид. Дар сарам беист чунин фикр чарх мезад: «Бе кӯмаки Яҳува ман аз ӯҳдаи ин кор намебароям!»

Кӯмаки Яҳува ба ман аз ҷониби ҷуфти миссионерон Хомер ва Рут Макай расонда шуд. Онҳо соли 1947 дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) мактаби миссионерии Шоҳидони Яҳуваро хатм карда буданд. Ҳангоме ки ман дар мавъиза аввалин қадамҳои ноустувори худро мегузоштам, онҳо гӯё маро аз дастонам медоштанд. Мо ҳамроҳи Рут пешниҳодотро барои мавъизаи хона ба хона зуд-зуд машқ мекардем. Вақте ки ман худро гум мекардам, вай аниқ медонист, ки чӣ тавр маро ором кунад. Ӯ дастони ларзидаистодаи маро дошта чунин мегуфт: «Ғам нахӯр, ҷонакам. Биё боз як бор дар назди дари дигар месанҷем». Вақте ман овози ороми ӯро мешунидам, худро сабук ҳис мекардам.

Як рӯз ба ман гуфтанд, ки Элизабет Чакранараян ном хоҳар, ки синну солаш аз ман калон буду таҷрибаи бойи мавъизакунӣ дошт, дар хизмат шарики ман мешавад. Аввалин фикре, ки ба сарам омад чунин буд: «Ман бо ин хоҳар чӣ хел зиндагӣ мекунам? Охир ӯ аз ман чандин сол калон аст!» Вале ӯ маҳз ҳамон шарике гашт, ки ба ман лозим буд.

«Мо танҳо нестем»

Таъиноти аввалини мо ба шаҳри Аврангобод буд, ки аз Бомбей қариб 400 км дуртар дар тарафи шарқ воқеъ аст. Дере нагузашта мо фаҳмидем, ки дар ин шаҳр, ки қариб миллион нафар аҳолӣ дорад, мо ягона Шоҳидон мебошем. Ғайр аз ин, ба ман лозим буд, ки забони маратхиро, ки қисми зиёди аҳолӣ бо он гап мезаданд, ёд гирам.

Баъзан маро ҳисси танҳоӣ фаро мегирифт ва ба монанди кӯдаке, ки бе модар монда бошад, гиря мекардам. Лекин Элизабет чун модар маро тасаллӣ дода мегуфт: «Баъзан мо танҳоиро ҳис мекунем, вале дар асл мо танҳо нестем. Гарчанде ту аз дӯстон ва оила дур бошӣ ҳам, Яҳува ҳамеша бо туст. Бигзор Ӯ дӯсти ту бошад ва он гоҳ аз танҳоии ту асаре нахоҳад монд». Ман он маслиҳатро то имрӯз қадр мекунам.

Вақте ки аз ҷиҳати пул танқисӣ мекашидем, мо дар гармову сармо ҳар рӯз то 20 км роҳи пур аз чангу хокро тай менамудем. Дар фасли тобистон ҳарорати ҳаво то 40 дараҷа гарм мешуд. Дар мавсими боронгарӣ роҳҳои баъзе қисми шаҳр моҳҳои дароз лою чиркин мехобид. Вале бисёр вақт аз боду ҳаво дида, урфу одати одамон барои мо озмоиши калонтар буд.

Маданияти он ҷо чунин буд, ки зан дар пеши ҳама ба марди бегона муроҷиат намекард. Мардонро таълим додани занҳо аз одат берун буд. Барои ҳамин, мо бо мазоҳу масхара ва муносибати дағалона дучор мешудем. Дар давоми шаш моҳи аввал дар вохӯриҳои ҳарҳафтаинаи бар Китоби Муқаддас асосёфта, танҳо ҳар дуи мо иштирок мекардем. Лекин бо гузашти вақт одамони рағбатдор низ ба мо ҳамроҳ шуданд. Дере нагузашта гурӯҳи хурде ташкил ёфт. Баъзеҳо ҳатто ҳамроҳи мо ба хизмат мерафтанд.

«Сайқал додани маҳорати худро давом деҳ»

Баъди дую ним сол мо аз нав ба Бомбей таъин шудем. Элизабет кори мавъизаро давом дод, аз ман бошад, хоҳиш карданд, то ба падарам, ки он вақт худаш танҳо адабиётҳои бар Китоби Муқаддас асосёфтаро бо забони каннада тарҷума мекард, ёрӣ диҳам. Вақте падарам фаҳмид, ки ман ба ӯ ёрӣ медиҳам, хеле хурсанд шуд, зеро дар ҷамъомад низ вазифаҳои зиёд дошт.

Соли 1966 волидони ман қарор карданд, то ба хона, яъне ба Удипи баргарданд. Ҳангоми аз Бомбей рафтан, падарам ба ман гуфт: «Духтарам, сайқал додани маҳорати худро давом деҳ. Оддӣ ва фаҳмо тарҷума кун. Аз худбоварӣ эҳтиёт шав ва хоксор бимон. Ҳамеша ба Яҳува такя кун». Ин охирин маслиҳате буд, ки ӯ ба ман дод, зеро чанде пас аз ба Удипи рафтанаш вафот кард. Ба кори тарҷумонӣ машғул шуда, ман то ҳол мекӯшам, ки аз рӯи маслиҳати ӯ амал кунам.

«Магар ту намехоҳӣ мисли дигарон зиндагӣ кунӣ?»

Одатан дар Ҳиндустон волидон ба он мусоидат мекунанд, то фарзандонашон дар навҷавонӣ оиладор шаванд ва онҳоро водор мекунанд, ки фарзанд ба дунё оранд. Бинобар ин, ба ман тез-тез савол медоданд: «Магар ту намехоҳӣ мисли дигарон зиндагӣ кунӣ? Вақте ки пир мешавӣ, кӣ туро нигоҳубин мекунад? Аз танҳоӣ азоб намекашӣ?»

Баъзан чунин суханон маро сахт рӯҳафтода мекарданд. Гарчанд ман дар пеши назари одамон ҳиссиёти худро нишон намедодам, лекин ҳамин ки танҳо мондам, диламро ба Яҳува холӣ мекардам. Донистани он маро тасаллӣ медод, ки Яҳува аз боиси шавҳар надоштанам маро аз дигарон кам намеҳисобад. Барои азми бе монеа хизмат карданро қавӣ гардондан, ман дар бораи намунаи духтари Йифтоҳ ва ҳамчунин Исо фикр мекардам, зеро ҳар дуяшон ҳам муҷаррад монданду пурра бо иҷрои иродаи Худо банд буданд (Юҳ. 4:34).

Тӯҳфа аз Яҳува

Ману Элизабет дар давоми қариб 50 сол дӯстони хеле наздик будем. Ӯ соли 2005 дар синни 98-солагӣ вафот кард. Дар пиронсолӣ аз боиси хира шудани чашмонаш ӯ Китоби Муқаддасро хонда наметавонист, лекин ҳар рӯз соатҳои дароз самимона ба Худо дуо мегуфт. Баъзан ман фикр мекардам, ки ӯ дар даруни хона бо касе Китоби Муқаддасро муҳокима карда истодааст, вале вақте медаромадам, медидам, ки ӯ бо Яҳува гап мезанад. Худо барои ӯ Шахси воқеӣ буд ва вай тавре мезист, ки гӯё Яҳува дар паҳлӯяш бошад. Ман фаҳмидам, ки барои мисли духтари Йифтоҳ дар хизмати Худо устувор мондан чунин рӯҳия доштан лозим аст. Ман барои чунин хоҳари баркамол, ки дар солҳои ҷавониам маро насиҳат медод ва дар ҳар душвориҳо маро дастгирӣ мекард, аз Яҳува хеле миннатдорам (Воиз 4:9, 10).

Чӣ қадар баракатҳои зиёдро дар хизмати Яҳува ман ҳис кардам! Мисли духтари Йифтоҳ муҷаррад монда ва ба насиҳатҳои Китоби Муқаддас гӯш дода, ман ҳаёти пурмазмуну қонеъкунанда гузарондам ва тавонистам, ки бе мамониат ба Худованд хизмат кунам (1 Қӯр. 7:35).

[Тасвир дар саҳифаи 28]

Падарам бо нутқ баромад мекунад (Бомбей, соли 1950)

[Тасвир дар саҳифаи 28]

Бо Элизабет чанде пеш аз маргаш

[Тасвир дар саҳифаи 29]

Даъваткунӣ ба нутқи бар Китоби Муқаддас асосёфта (Бомбей, соли 1960)

[Тасвир дар саҳифаи 29]

Бо ҳамкорон дар офиси тарҷумонӣ

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан