Хусусияте, ки тарзи фикррониамонро заҳролуд карда метавонад. Ҳасад
Наполеон Бонапарт, Юлий Сезар ва Искандари Мақдунӣ ин хислатро доштанд. Онҳо ба қудрату шӯҳратмандиашон нигоҳ накарда, ин ҳиссиёти заҳрмонандро дар дили худ роҳ доданд. Ин хислат фикрронии шахсро заҳролуд карда метавонад. Ҳар сеи ин мардон ба дигарон ҳасад мебурданд.
«Наполеон ба Сезар ҳасад мебурд, Сезар бошад, ба Искандари Мақдунӣ, Искандари Мақдунӣ бошад, ба гумонам ба Геркулес, ки тамоман вуҷуд надошт, ҳасад мебурд»,— мегӯяд файласуфи англис, Бертран Рассел. Ҳасад ҳар касро новобаста аз боигарӣ, обрӯю эътибор ва муваффақияти ҳаёташ ба доми худ кашида метавонад.
Одами ҳасадхӯр аз шахсоне ки дорои молу мулк, мавқеи баланд ва соҳиби дигар чизҳо мебошанд ба қаҳр меояд. Барои нишон додани фарқияти байни ҳасад ва рашк як маълумотномаи Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Рашк ... ин хоҳиши доштани чизе ки дигарон доранд, аммо ҳасад аз ин зиёдтар аст». Шахси ҳасадхӯр ба чизҳои дигарон рашк мекунад ва онҳоро аз чизи доштаашон маҳрум кардан мехоҳад.
Дида баромадани он ки чӣ тавр ҳасад дар мо пайдо шуда метавонад ва оқибатҳои он чӣ гуна аст, бохирадона мебошад. Махсусан ба мо донистан лозим аст, ки чӣ бояд кард, то ки ҳасад ҳаётамонро роҳнамоӣ накунад.
РӮҲИЯЕ, КИ ҲАСАДРО ЗИЁД ГАРДОНДА МЕТАВОНАД
Одамони нокомил ба «ҳасад бурдан» майл доранд, аммо омилҳои гуногун ба онҳо таъсир расонда, ин майлашонро зиёд гардонда метавонанд (Воиз 4:4). Павлуси ҳавворӣ дар бораи яке аз ин омилҳо навишт: «Аз рӯи рақобат ё шӯҳратпарастӣ ҳеҷ коре накунед» (Фил. 2:3). Рӯҳияи рақобат майли ҳасадбариамонро ҳатто зиёдтар карда метавонад. Ду масеҳӣ, Манижа ва Қосимa дуруст будани инро дарк карданд.
Манижа, ки пешрави доимӣ мебошад, мегӯяд: «Ман бисёр вақт пай мебарам, ки нисбати дигарон ҳасад дорам. Ман чизҳои доштаи онҳоро бо он чизҳое ки ман надорам муқоиса мекунам». Боре, Манижа бо нозири сайёр ва зани ӯ якҷоя хӯрок мехӯрданд. Манижа ва шавҳараш Давлат бо нозири сайёр ва занаш қариб ҳамсол буданд ва онҳо низ пеш дар ин намуди хизмат иштирок мекарданд. Барои ҳамин Манижа гуфт: «Шавҳари ман ҳам пири ҷамъомад аст! Чаро шумо дар ин намуди хизмат иштирок мекунеду мо бошем не?» Рӯҳияи рақобате ки Манижа дошт, ба зиёдшавии ҳасад оварда расонд. Ва ин боиси он гашт, ки Манижа он хизмати арзандаеро, ки ӯву шавҳараш доштанд, фаромӯш кард ва дар ҳаёташ хурсандиро ҳис намекард.
Қосим мехост, ки дар ҷамъомад чун ходими ёвар хизмат кунад. Аммо вақте ки дигаронро таъин карданду ӯро не, вай нисбати бародарони таъиншуда ҳасад бурд. Ӯ ҳамчунин аз координатори шӯрои пирон қаҳр кард. Ӯ иқрор мешавад: «Ҳасад маро водор кард, ки аз он пири ҷамъомад нафрат кунам ва ман фикр мекардам, ки ӯ намехоҳад, ки ман дар ҷамъомад масъулият дошта бошам. Вақте ҳасад ҳаёти туро идора мекунад, ту равшан фикр карда наметавонӣ ва танҳо дар бораи худат фикр мекунӣ».
НАМУНАҲОИ ОГОҲКУНАНДА АЗ НАВИШТАҲО
Дар Китоби Муқаддас бисёр намунаҳои огоҳкунанда ҷой доранд (1 Қӯр. 10:11). Баъзе аз ин намунаҳо на танҳо нишон медиҳанд, ки чӣ тавр ҳасад инкишоф меёбад, аммо ҳамчунин нишон медиҳанд, ки чӣ тавр ҳасад ҳаёти онҳоеро ки ба инкишофёбиаш роҳ медиҳанд, заҳролуд мекунад.
Масалан, писари нахустини Одаму Ҳавво, Қобил, ба ғазаб омад, вақте ки Яҳува қурбонии ӯро неву аз они Ҳобилро қабул кард. Қобил имконият дошт, ки ин вазъиятро тағйир диҳад, аммо вай ба дараҷае ба ҳасад дода шуд, ки оқибат бародарашро кушт (Ҳас. 4:4–8). Барои ҳамин, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Қобил «аз иблис буд» (1 Юҳ. 3:12).
Даҳ бародари Юсуф аз муносибати махсусе, ки падарашон бо Юсуф дошт, ҳасад мебурданд. Вақте ки Юсуф рӯъёи дар хоб дидаашро нақл кард, нафрати онҳо ба ӯ зиёдтар шуд. Онҳо ҳатто ӯро куштан хостанд. Дар натиҷа, онҳо Юсуфро ба ғуломӣ фурӯхтанд ва ба падарашон раҳм накарда, ӯро бовар кунонданд, ки Юсуф мурдааст (Ҳас. 37:4–11, 23–28, 31–33). Баъд аз сипарӣ шудани солҳо онҳо ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба якдигар гуфтанд: «Дар ҳақиқат мо назди бародари худ гуноҳкор ҳастем. Вақте ки ба мо тазаррӯъ мекард, азияти ҷони ӯро дидем ва гӯш наандохтем» (Ҳас. 42:21; 50:15–19).
Қӯраҳ, Дотон ва Абиром вақте ки бо Мусову Ҳорун мавқеи худро муқоиса карданд, онҳо ба ҳисси ҳасадхӯрӣ роҳ доданд. Онҳо Мусоро дар он айбдор карданд, ки гӯё ӯ бар онҳо ҳукмронӣ кардан мехоҳад ва гӯё тавре рафтор мекунад, ки аз дигарон беҳтар аст (Ад. 16:13). Ин тӯҳмат буд (Ад. 11:14, 15). Худи Яҳува Мусоро таъин карда буд. Лекин ин исёнгарон аз мавқеи доштаи Мусо ҳасад мехӯрданд. Оқибат, ҳасад ба он оварда расонд, ки онҳо аз дасти Яҳува кушта шуданд (Заб. 105:16, 17).
Шоҳ Сулаймон шоҳиди он буд, ки ҳасад одамро ба корҳои даҳшатнок тела дода метавонад. Зане, ки кӯдаки навзодаш мемурад, зани дигареро бовар кунонданӣ мешавад, ки кӯдаки мурда аз они вай аст. Вақте ки онҳо барои ҳалли ин масъала назди Сулаймон меоянд, зани дурӯғгӯй ҳатто ба куштани кӯдаке, ки зинда буд, розӣ мешавад. Аммо Сулаймон тавре кард, ки кӯдаки зинда ба модари ҳақиқиаш дода шуд (3 Подш. 3:16–27).
Ҳасад оқибатҳои даҳшатнок дошта метавонад. Намунаҳои дар боло овардашуда нишон медиҳанд, ки он ба нафрат, беадолатӣ ва куштор оварданаш мумкин аст. Зиёда аз ин, аз ҳар як мисол маълум мешавад, ки на Ҳобил, на Юсуф, на Мусо ва зане, ки кӯдакаш зинда монд, ягон кори нодуруст накарда буданд, то нисбати онҳо чунин бераҳмона амал кунанд. Кадом амалҳо кӯмак мекунанд, то ҳасад ҳаётамонро роҳнамоӣ накунад?
АМАЛҲОИ ЗИДДИ ЗАҲР
Муҳаббат ва бародардӯстиро инкишоф диҳед. Петруси ҳавворӣ ба масеҳиён маслиҳат дод: «Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред» (1 Пет. 1:22). Дӯст доштан чӣ маъно дорад? Павлуси ҳавворӣ мегӯяд: «Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад, бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест» (1 Қӯр. 13:4, 5). Хуб мебуд, ки чунин муҳаббатро нисбати дигарон инкишоф диҳем ва аз диламон майли нодурусти ҳасадхӯриро дур созем (1 Пет. 2:1). Йӯнотон ба ҷои ҳасад бурдан, Довудро «мисли ҷони худ дӯст дошт» (1 Подш. 18:1).
Бо халқи Худо муошират кунед. Нависандаи Забур 72 аз ҳаёти дабдабаноку беозори шарирон ҳасад бурд. Лекин ӯ бо он ки «ба қудсҳои Худо» даромад ҳасадро бартараф карда тавонист (Заб. 72:3–5, 17). Муошират бо ҳамимонон ба забурнавис ёрдам кард, ки баракатҳое, ки аз муносибати наздик бо Худо ба даст оварда буд, қадр кунад (Заб. 72:28). Дар вохӯриҳо бо ҳамимонон мунтазам муошират кардан ба мо низ чунин таъсир расонда метавонад.
Дар паи некӣ бошед. Вақте ки дар дили Қобил ҳасад ва нафрат пайдо шуд, Худо бо гуфтани он ки «агар некӣ мекардӣ», ӯро ба кори нек барангехт (Ҳас. 4:7). Кори нек кардан барои масеҳиён чӣ маъно дорад? Исо гуфт, ки мо бояд Яҳуваро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ва бо тамоми ҳуши худ дӯст дорем ва ёри худро мисли худ дӯст бидорем (Мат. 22:37–39). Вақте ки хизмат ба Яҳува ва ёрдам ба дигаронро дар ҳаётамон дар ҷои аввал мегузорем, мо аз ин қаноатмандӣ мегирем ва ин дар навбати худ намегузорад, ки дар мо ҳисси ҳасадхӯрӣ пайдо шавад. Иштироки боғайратона дар мавъизаи Салтанат ва кори шогирдсозӣ яке аз роҳҳои беҳтарини ба Худо ва ба наздикон хизмат кардан аст ва ин моро аз «баракати Худованд сарватманд мекунад» (Мас. 10:22).
«Бо шодикунандагон шодӣ кунед» (Рум. 12:15). Исо муваффақияти шогирдонашро дида хурсандӣ мекард. Ӯ ҳатто қайд намуд, ки онҳо дар кори мавъиза нисбат ба вай корҳои зиёдро иҷро хоҳанд кард (Луқ. 10:17, 21; Юҳ. 14:12). Мо чун ходимони Яҳува муттаҳид ҳастем, барои ҳамин муваффақияти яке аз ҳамимононамон барои ҳамаи мо баракат мебошад (1 Қӯр. 12:25, 26). Барои ҳамин, вақте ки дигарон масъулияти баландтар мегиранд, оё мо набояд ба ҷои ҳасад бурдан хурсандӣ кунем?
МУБОРИЗАИ ДУШВОР!
Барои мо шояд кӯшишҳои мунтазам лозим аст, то бар зидди ҳасад мубориза барем. Манижа иқрор мешавад: «Ман то ҳол ба ҳасадхӯрӣ майли сахт дорам. Ҳатто нигоҳ накарда ба он ки аз он нафрат мекунам ин ҳиссиёт дар ман вуҷуд дорад ва ман бояд мунтазам бо он мубориза барам». Қосим низ бо ин гуна проблема мубориза мебарад. «Яҳува ба ман ёрдам кард, ки хислатҳои хуби координатори шӯрои пиронро қадр кунам,— мегӯяд ӯ.— Дар асл муносибат бо Худо чизи бебаҳо аст!»
Ҳасад ин яке аз «корҳои ҷисм» мебошад, ки ҳар як масеҳӣ бояд бо он мубориза барад (Ғал. 5:19–21). Агар мо нагузорем, ки ҳасад моро идора кунад, ҳаётамон хушбахттар мегардад ва мо Яҳува, Падари осмониамонро, хурсанд хоҳем кард.
[Эзоҳ]
a Номҳо иваз шудаанд.
[Тасвир дар саҳифаи 17]
«Бо шодикунандагон шодӣ кунед»