Исо мехоҳад Яҳуваро ошкор кунад
«Ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад» (ЛУҚ. 10:22).
ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?
Чаро Исо тавонист ба таври беҳтарин Падарро ба дигарон ошкор намояд?
Чӣ тавр Исо Падарашро ба дигарон ошкор сохт?
Бо кадом роҳҳо шумо метавонед ба Исо пайравӣ намуда Падарро ошкор созед?
1, 2. Кадом савол барои бисёриҳо муаммо аст ва чаро?
«ХУДО кист?» Ин савол барои бисёриҳо муаммо аст. Масалан, бисёр одамон фикр мекунанд, ки Худо гунаҳкорони тавбанакардаро дар оташи дӯзах азоб медиҳад. Ҳамзамон онҳо мегӯянд, ки «Худо меҳрубон ва бахшанда аст». Аз тарафи дигар, аксарияти тарафдорони назарияи эволютсия боварӣ доранд, ки Худо вуҷуд надорад. Онҳо тамоми аҷоиботи офаринишро ба тасодуф нисбат медиҳанд. Бо вуҷуди ин, Чарлз Дарвин, шахсе, ки назарияи эволютсияро дар олам маълум кард, мавҷудияти Худоро рад накард. Ӯ гуфта буд, ки одамон наметавонанд пурра ба мавзӯъ оиди Худо сарфаҳм раванд.
2 Бисёри одамон, новобаста аз он ки ба чӣ эътиқод доранд, ба савол оиди мавҷуд будани Худо ҷавоб меҷӯянд. Лекин, дар сурати ба хулосаи қонеъкунанда омада натавонистан, бисёриҳо оқибат ҷустуҷӯ кардани Худоро бас мекунанд. Дар ҳақиқат, Шайтон зеҳни беимонҳоро «кунд кардааст» (2 Қӯр. 4:4). Пас, ҳайратовар нест, ки чаро барои аксарияти одамон ҳақиқат дар бораи Падар, Офаридгори олам, муаммои душвор аст ва онҳо онро намедонанд (Иш. 45:18).
3. а) Кӣ Офаридгорро ба мо ошкор намуд? б) Кадом саволҳоро мо дида мебароем?
3 Лекин, хеле муҳим аст, ки одамон дар бораи Худо ҳақиқатро бифаҳманд. Чаро? Зеро танҳо касе, ки «исми Худовандро [«Яҳуваро», ТДН] бихонад, наҷот хоҳад ёфт» (Рум. 10:13). Исми Яҳуваро хондан онро дар бар мегирад, ки мо шахсиятеро, ки ин номро ба худ дорад, шиносем. Исои Масеҳ ин ҳақиқати муҳимро ба шогирдонаш ошкор намуд. Ӯ Падарашро ба онҳо ошкор сохт. (Луқо 10:22–ро бихонед.) Чаро ҳеҷ кас мисли Исо Падарро ошкор карда наметавонист? Чӣ тавр Исо ин корро кард? Ва чӣ тавр мо метавонем ба Исо пайравӣ намуда Падарро ба дигарон ошкор намоем? Биёед ин саволҳоро дида мебароем.
ИСО ТАВОНИСТ ПАДАРРО БА ТАВРИ БЕҲТАРИН ОШКОР КУНАД
4, 5. Чаро Исо Падарро ба таври беҳтарин ошкор карда метавонист?
4 Исо ягона шахсе буд, ки Падарро ба таври беҳтарин ба дигарон ошкор карда метавонист. Чаро? Зеро пеш аз офарида шудани ҳамаи дигар намудҳои ҳаёт офаридаи рӯҳие, ки баъдтар Исои инсон шуд, аллакай дар осмон чун «Писари ягонаи [«ягоназоди», ТДН] Худо» вуҷуд дошт (Юҳ. 1:14; 3:18). Чӣ мавқеи беҳамтое! Ҳангоме, ки ягон мавҷудоти дигар офарида нашуда буд, Писар аз таваҷҷӯҳу илтифоти Падар баҳра мебурд ва дар бораи Ӯ ва хислатҳояш мефаҳмид. Падар ва Писар эҳтимол хеле бисёр муошират мекарданд ва дар давоми ин муддати бемаҳдуд дилбастагии онҳо ба ҳамдигар зиёд мешуд (Юҳ. 5:20; 14:31). То чӣ андоза Писар дар бораи шахсияти Падар дониши фаровон гирифта буд! (Қӯлассиён 1:15–17-ро бихонед.)
5 Падар Писарро намояндаи худ интихоб кард, то ки ӯ «Каломи Худо» бошад (Ваҳй 19:13). Аз ин рӯ, Исо барои Падарро ба дигарон ошкор кардан имконияти олиҷаноб дошт. Юҳанно нишон дод, ки Исо яъне «Калом» бо Падар муоширати хеле наздик дошт. Ӯ вайро чун «Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст», тасвир намуд (Юҳ. 1:1, 18). Ибораи «дар оғӯши Падар аст» ҳамчунин маънои «бар сандуқи синаи Падар аст»–ро дошта метавонад. Бо ин ибора Юҳанно ба одате, ки одамон он вақтҳо дар сари миз, вақти хӯрокхӯрӣ, доштанд, ишора намуд. Як меҳмон ба меҳмони дигар наздик ҷойгир мешуд ва ҳамин тавр онҳо бо ҳамдигар ба осонӣ муошират мекарданд. (Бо Юҳанно 13:23–25 муқоиса кунед.) Ба ҳамин монанд, Писар ба Падар хеле наздик буд ва бо Ӯ муоширати аз ҳад наздик дошт.
6, 7. Чӣ тавр муносибатҳои Падару Писар қавитар мешуданд?
6 Муносибати байни Падару Писар инкишоф меёфт. Писар «назди Худо... ҳар рӯз ҳаловат мебурд». (Масалҳо 8:22, 23, 30, 31–ро бихонед.) Пас чунин гуфтан дуруст аст, ки муносибати ин ду нафар қавитар мешуд, зеро онҳо якҷоя меҳнат мекарданд ва Писар ба хислатҳои Падар пайравӣ намуданро ёд мегирифт. Ҳангоми офарида шудани дигар офаридаҳои соҳибақл Писар медид, ки чӣ тавр Яҳува бо ҳар яки онҳо муносибат мекунад ва муҳаббату эҳтироми ӯ нисбати Падараш торафт зиёд мегашт.
7 Ҳатто саволи баҳсноке, ки Шайтон баъдтар бар муқобили ҳукмронии одилонаи Яҳува бардошт, ба Писар як имконияти хуб дод. Ба воситаи ин вай тавонист фаҳмад, ки чӣ тавр дар вақти дучор шудан бо вазъияти душвор Яҳува муҳаббат, адолат, хирад ва қувваташро зоҳир мекунад. Ин бошад, бешубҳа Исоро тайёр кард, ки душвориҳоеро, ки баъдтар ҳангоми хизмати заминиаш бояд вомехӯрд, паси сар кунад (Юҳ. 5:19).
8. Чӣ тавр нақлҳои Инҷил ба мо кӯмак мекунанд, ки дар бораи хислатҳои Падар бисёр чизро бифаҳмем?
8 Азбаски Писар бо Яҳува муносибати наздик дошт, ӯ назар ба ҳар каси дигар дар бораи Падар чизҳои бисёрро нақл карда метавонист. Оё барои шинохтани Падар аз дида баромадани таълимоту корҳои Писари ягоназоди Ӯ роҳи беҳтаре буда метавонад? Масалан, магар мо пурра фаҳмида метавонистем, ки калимаи «муҳаббат» чӣ маъно дорад, агар танҳо шарҳи ин калимаро дар луғат мехондем? Ин душвор мебуд. Вале вақте ки мо оиди нақлҳое, ки нависандагони Инҷил дар бораи хизмати Исо ва тарзҳои ба дигарон ғамхорӣ кардани ӯ навиштаанд, мулоҳиза меронем, мо маънои суханони «Худо муҳаббат аст»–ро хубтар мефаҳмем (1 Юҳ. 4:8, 16). Ҳамчунин дар бораи дигар хислатҳои Худо, ки Исо ҳангоми дар рӯи замин будан ба шогирдонаш ошкор карда буд, чунин гуфтан мумкин аст.
ИСО ПАДАРАШРО ЧӢ ТАВР ОШКОР НАМУД
9. а) Бо кадом ду роҳи асосӣ Исо Падарашро ошкор намуд? б) Бо мисоле фаҳмонед, ки чӣ тавр Исо тарзи фикрронии Падарашро бо таълимоташ ошкор сохт?
9 Чӣ тавр Исо Падарашро ба шогирдонаш ва ҳамчунин ба пайравони ояндааш ошкор сохт? Вай ин корро бо ду роҳи асосӣ кард — ба воситаи таълимот ва рафтораш. Биёед, дар аввал оиди таълимоти ӯ сухан ронем. Аз чизҳое, ки Исо ба пайравонаш таълим медод, дида мешуд, ки ӯ оиди тарзи фикрронӣ, ҳиссиёт ва роҳҳои Падар дониши чуқур дорад. Масалан, Исо Падарашро ба рамабони ғамхор, ки барои ёфтани як гӯсфанди гумшуда меравад, монанд кард. Исо гуфт, ки вақте соҳиби рама гӯсфанди гумшударо меёбад, ӯ «барои он бештар шодӣ мекунад аз он наваду нӯҳ, ки гум нашудаанд». Чаро Исо ин мисолро истифода бурд? Исо фаҳмонд: «Ба ҳамин тариқ, иродаи Падари Шумо, ки дар осмон аст, ин нест, ки яке аз ин тифлон нобуд шавад» (Мат. 18:12–14). Аз ин мисол дар бораи Яҳува шумо чиро фаҳмида метавонед? Ҳатто агар баъзан шумо худро беқадр ва нодаркор ҳис кунед ҳам, Падари осмониатон ба шумо таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ мекунад. Дар назари Ӯ шумо мисли «яке аз ин тифлон» ҳастед.
10. Чӣ тавр Исо ба воситаи корҳои худ Падарашро ошкор намуд?
10 Роҳи дуюме, ки тавассути он Исо Падарашро ба шогирдонаш ошкор намуд, ин рафтори ӯ буд. Пас, вақте ки Филиппуси ҳавворӣ ба Исо «Падарро ба мо нишон деҳ» гуфт, Исо барҳақ метавонист чунин гӯяд: «Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст» (Юҳ. 14:8, 9). Биёед баъзе мисолҳоро дида бароем ва бубинем, ки чӣ тавр Исо хислатҳои Падарро зоҳир менамуд. Вақте ки шахси махавие аз Исо илтиҷо кард, ки ӯро шифо диҳад, Исо ба мард, ки «пур аз махав» буд, даст расонд ва ба ӯ гуфт: «Мехоҳам, пок шав!». Баъди шифо ёфтанаш шахси махавӣ бешубҳа фаҳмид, ки Яҳува ӯро ба воситаи Исо шифо дод (Луқ. 5:12, 13). Ҳамчунин, вақте ки Лаъзор мурд, шогирдон эҳтимол аз дидани он ки Исо «аз дил оҳи аламноке кашид ва музтариб шуд», раҳмдилии Падарро ҳис карданд. Ҳарчанд Исо медонист, ки Лаъзорро эҳё карданӣ аст, ӯ ба дарди аҳли оила ва дӯстони Лаъзор шарик шуд (Юҳ. 11:32–35, 40–43). Шумо эҳтимол аз Китоби Муқаддас дар бораи корҳои Исо нақлҳои дӯстдоштае доред, ки ба шумо барои дидани раҳмдилии Падар кӯмак мекунанд.
11. а) Вақте ки Исо маъбадро тоза кард, ӯ дар бораи Падар чиро ошкор намуд? б) Чаро нақл дар бораи маъбадро тоза кардани Исо моро қувват мебахшад?
11 Лекин аз он ки чӣ тавр Исо маъбадро тоза карда буд, шумо ба чӣ хулоса меоед? Инро тасаввур кунед: Исо аз арғамчин тозиёнае сохт ва фурӯшандагони гову гӯсфандонро аз он ҷо ронд. Сипас ӯ пулу тангаҳои саррофонро пош дода, мизҳояшонро чаппа кард (Юҳ. 2:13–17). Ин рафтори қатъӣ ба шогирдон пешгӯии шоҳ Довудро хотиррасон намуд. Ӯ навишта буд: «Рашки хонаи Ту маро хӯрдааст» (Заб. 68:10). Дар ин маврид сахтгирона муносибат кардани Исо нишон дод, ки ӯ дар ҳақиқат ибодати ҳақиқиро муҳофизат кардан мехоҳад. Оё шумо дар ин нақл шахсияти Падарро мебинед? Ин ба мо хотиррасон мекунад, ки Худо барои аз рӯи замин нест кардани бадиҳо на танҳо қувваи бемаҳдуд дорад, балки Ӯ дар ҳақиқат ин корро кардан мехоҳад. Тасаввур кунед, ки Яҳува чӣ эҳсос мекунад, вақте мебинад, ки тамоми рӯи замин аз бадӣ пур шудааст! Муносибати Яҳува ва Исо ба чунин вазъият ба мо ҳангоми азоб кашидан аз беадолатӣ қувват мебахшад.
12, 13. Шумо аз он ки чӣ тавр Исо бо шогирдонаш муносибат мекард, дар бораи Яҳува чӣ меомӯзед?
12 Биёед мисоли дигареро дида бароем — тарзеро, ки Исо бо шогирдонаш муносибат мекард. Онҳо пайваста дар бораи он ки кадоме аз онҳо бузургтар аст, баҳс мекарданд (Марқ. 9:33–35; 10:43; Луқ. 9:46). Азбаски Исо вақти хеле бисёрро бо Падар гузаронда буд, ӯ медонист, ки Яҳува ба чунин ҳавобаландӣ чӣ гуна муносибат мекунад (2 Подш. 22:28; Заб. 137:6). Исо ҳамчунин рӯҳияи ҳавобаландонаи Шайтон Иблисро дида буд. Шайтон шахсияти худпарастест, ки танҳо дар бораи муҳиммияти худаш фикр мекунад. Пас чӣ қадар ғамгин мешуд Исо вақте медид, ки байни шогирдоне, ки вай таълим медод, пайваста рӯҳияи ҳавобаландӣ зоҳир мешуд! Чунин рӯҳия ҳатто байни 12 нафаре, ки чун шогирдони наздики ӯ интихоб шуда буданд, дида мешуд! Онҳо ин рӯҳияашонро ҳатто то рӯзи охирини ҳаёти заминии Исо зоҳир намуданд (Луқ. 22:24–27). Лекин Исо пайваста бо меҳрубонӣ онҳоро ислоҳ мекард. Ӯ ҳеҷ гоҳ умедашро намеканд, ки онҳо оқибат ба рӯҳияи фурӯтании ӯ пайравӣ карданро ёд мегиранд (Фил. 2:5–8).
13 Оё шумо дар он ки чӣ тавр Исо пурсаброна майли нодурусти шогирдонашро ислоҳ мекард, дасти Падарро намебинед? Оё шумо аз рафтору гуфтори Исо чӣ гуна будани шахсияти Падарро намефаҳмед? Падари ӯ ходимонашро нигоҳ накарда ба он ки онҳо гаштаву баргашта хатогиҳо мекунанд, тарк намесозад. Дониш дар бораи хислатҳои Худо моро бармеангезад, ки ҳангоми содир кардани хатогӣ тавба кунем ва дар дуо аз Яҳува бахшиш пурсем.
ПИСАР МЕХОҲАД, КИ ПАДАРРО ОШКОР КУНАД
14. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки Падарро ошкор кардан мехоҳад?
14 Бисёри ҳокимиятдорон мекӯшанд, ки одамонро зери идораи худ нигоҳ доранд ва аз онҳо маълумоти даркориро пинҳон кунанд. Баръакси ин, Исо мехост ба одамон кӯмак кунад, ки дар бораи Падараш бифаҳманд. Аз ин рӯ, вай ҳама чизеро, ки ба онҳо дар бораи Яҳува донистан лозим буд, ба онҳо ошкор намуд. (Матто 11:27–ро бихонед.) Беш аз ин, Исо ба шогирдонаш «хирад бахшид, то ки ҳақро [яъне Яҳува Худоро] дарк» кунанд (1 Юҳ. 5:20). Ин чӣ маъно дорад? Исо ба шогирдонаш кӯмак кард, ки ба он чизе, ки ӯ дар бораи Падар таълим медод, сарфаҳм раванд. Ӯ шахсияти Падарро пинҳон намекард. Масалан, Ӯ бо таълимотҳои торику нофаҳмо ба монанди таълимот оиди дӯзахи оташин одамонро гумроҳ намекард.
15. Чаро Исо ба шогирдонаш ҳама чизеро ки дар бораи Падар медонист, намегуфт?
15 Оё Исо ҳама чизеро, ки дар бораи Падар медонист, ошкор мекард? Не, ӯ хирадмандона рафтор менамуд ва ба шогирдонаш ҳама чизро намегуфт. (Юҳанно 16:12–ро бихонед.) Чаро? Зеро он вақт шогирдонаш ба ҳама чиз сарфаҳм рафта наметавонистанд. Лекин Исо ба онҳо фаҳмонд, ки вақте «Пуштибон» ё ёрдамчӣ меояд, бисёр чиз ба онҳо ошкор мешавад. Ин ёрдамчӣ рӯҳулқудс буд, ки бояд онҳоро «ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ» мекард (Юҳ. 16:7, 13). Чӣ тавре ки волидони бохирад то дами калон шудани фарзандонашон аз гуфтани баъзе чизҳо худдорӣ мекунанд, Исо интизор шуд, то даме ки шогирдонаш барои дар бораи Падар фаҳмидани чизҳои бештар тайёр шуданд. Исо меҳрубон буд ва ӯ маҳдудиятҳои шогирдонашро ба назар мегирифт.
МИСЛИ ИСО БА ДИГАРОН БАРОИ ШИНОХТАНИ ПАДАР КӮМАК КУНЕД
16, 17. Чаро шумо метавонед Падарро ба дигарон ошкор созед?
16 Вақте ки шумо касеро хуб медонед ва хислатҳои неки ӯро қадр мекунед, оё дилатон барнамеангезад, ки ба дигарон дар бораи ӯ нақл кунед? Вақте ки Исо дар рӯи замин буд, ӯ дар бораи Падари худ гап мезад (Юҳ. 17:25, 26). Оё мо метавонем ба Исо пайравӣ намуда Яҳуваро ба дигарон ошкор созем?
17 Чӣ тавре ки мо фаҳмидем, Исо назар ба ҳар шахс дар бораи Падар дониши бештар дошт. Ӯ мехост, баъзе чизҳои медонистаашро ба дигарон таълим диҳад ва ҳатто ба пайравонаш хирад бахшид, то онҳо чизҳои чуқурро дар бораи шахсияти Худо бифаҳманд. Исо ба мо кӯмак кард, то дар бораи Худо донишеро гирем, ки бисёр одамон имрӯз надоранд. То чӣ андоза мо миннатдорем, ки Исо тавассути таълимот ва рафтораш мехост Падарро ба мо ошкор намояд! Барои мо донистани Яҳува шараф аст (Ирм. 9:24; 1 Қӯр. 1:31). Мо барои бо Яҳува муносибати наздик доштан саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додем ва ҳоло Ӯ ба мо наздик аст (Яъқ. 4:8). Аз ин рӯ, мо метавонем дониши дар бораи Яҳува доштаамонро ба дигарон таълим диҳем. Чӣ тавр мо ин корро карда метавонем?
18, 19. Бо кадом роҳҳо шумо Падарро ба дигарон ошкор карда метавонед? Фаҳмонед.
18 Вақте ки мо дар гуфтору рафторамон ба Исо пайравӣ менамоем, мо бо ин Падарро ба дигарон ошкор месозем. Дар хотир доред, ки бисёри касоне, ки мо дар хизмат вомехӯрем, намедонанд, ки Худо кист. Шояд аз сабаби он ки ба онҳо ақидаҳои бардурӯғро таълим додаанд , онҳо дар бораи Худо назари нодуруст доранд. Мо метавонем аз Китоби Муқаддас ба онҳо номи Худо, мақсади нисбати инсоният доштаи Ӯ ва шахсияти Ӯро ошкор созем. Беш аз ин, вақте ки мо бо ҳамимонон баъзе нақлҳои Китоби Муқаддасро муҳокима мекунем, мо метавонем ягон ҷониби дигари шахсияти Худоро, ки аз ин пеш намедонистем, бифаҳмем. Ҳамин тавр, онҳо низ рӯҳбаландӣ мегиранд.
19 Мо бояд ба Исо пайравӣ намуда бо рафтори худ Падарро ошкор созем. Вақте ки одамон дар тарзи рафтори мо муҳаббати Масеҳро мебинанд, онҳо низ хоҳиш пайдо мекунанд, ки бо Исо ва Падари ӯ наздик шаванд (Эфс. 5:1, 2). Павлуси ҳавворӣ ба мо мегӯяд: «Ба ман тақлид кунед, чунон ки ман ба Масеҳ тақлид мекунам» (1 Қӯр. 11:1). Чӣ имконияти олиҷанобест, ки мо бо рафторамон ба одамон кӯмак мекунем, ки онҳо чӣ гуна будани Яҳуваро фаҳманд! Биёед минбаъд низ ба Исо пайравӣ намуда Падарро ба дигарон ошкор созем!