Хиёнат — аломати пешгӯишудаи замони мо!
«Мо муқаддасона [«содиқона», ТДН] ва одилона ва бенуқсон рафтор кардем» (1 ТАС. 2:10).
ИН ФИКРҲОИ МУҲИМРО ЁБЕД:
Аз хиёнаткории Далило, Абшолӯм ва Яҳудои Исқарют барои худ кадом дарсҳои огоҳкунандаро гирифтан мумкин аст?
Чӣ тавр мо ба садоқатмандие, ки Йӯнотон ва Петрус нишон доданд, пайравӣ карда метавонем?
Чӣ тавр мо ба ҳамсарамон ва ба Яҳува садоқатмандиамонро устувор нигоҳ дошта метавонем?
1–3. a) Кадом аломат нишон медиҳад, ки мо дар охирзамон зиндагӣ дорем? б) Кадом се саволро мо ҳоло дида мебароем?
БАЙНИ Далило, Абшолӯм ва Яҳудои Исқарют чӣ чизи умумие вуҷуд дорад? Ҳамаи онҳо хиёнат карданд — Далило ба марде, ки ӯро дӯст медошт — ба Шимшӯни довар, Абшолӯм ба падараш шоҳ Довуд, Яҳудо ба Устоди худ, Исои Масеҳ. Дар ҳар як маврид амалҳои даҳшатноки онҳо ба дигарон ғаму андӯҳ оварданд! Вале ин барои мо чӣ аҳамият дорад?
2 Як нависандаи замони мо хиёнатро дар қатори иллатҳои паҳнёфтаи ҷомеаи имрӯза номбар мекунад. Ин ғайричашмдошт нест. Ҳангоми пешгӯӣ кардани аломати «охирзамон» Исо гуфта буд: «Бисёр касон... якдигарро таслим хоҳанд кард [ба якдигар хиёнат хоҳанд кард]» (Мат. 24:3, 10). Имрӯз норасоии садоқату вафодорӣ бисёр ба чашм мерасад ва ин нишон медиҳад, ки мо дар «айёми охир» зиндагӣ мекунем. Павлус пешгӯӣ карда буд, ки одамон «ноаҳл... ва хоин» мешаванд (2 Тим. 3:1, 2, 4). Ҳарчанд муаллифон ва созандагони кинофилмҳо дар асарҳои худ амалҳои хиёнаткоронаро бисёр вақт чун як чизи ҳаяҷоновар ва мавзӯи қиссаҳои ошиқона нишон медиҳанд, дар ҳаёти воқеӣ бевафогӣ ва хиёнат ба шахс дарду азоб меорад. Дар ҳақиқат, чунин амалҳо аломати пешгӯишудаи замони мо мебошанд!
3 Аз Китоби Муқаддас мо оиди шахсони хиёнаткори замони пеш чӣ мефаҳмем? Ба намунаи кадом шахсоне, ки ба дигарон содиқ буданд, мо пайравӣ карда метавонем? Ва нисбати кӣ мо бояд содиқ монем? Биёед ҳоло ба ин саволҳо ҷавоб меёбем.
МИСОЛҲОИ ОГОҲКУНАНДА АЗ ГУЗАШТА
4. Чӣ тавр Далило ба Шимшӯн хиёнат кард ва чаро ин кори хеле паст буд?
4 Дар аввал мисоли Далилои хиёнаткорро, ки Шимшӯни довар ба ӯ ошиқ шуда буд, дида мебароем. Шимшӯн ният дошт, ки барои нафъи халқи Худо бо фалиштиён ҷанг кунад. Эҳтимол бохабар аз он ки Далило нисбати Шимшӯн муҳаббати содиқона надорад, панҷ сарвари фалиштиён ба ӯ пули зиёд пешниҳод карда гуфтанд, ки дар чӣ будани сирри қувваи бузурги Шимшӯнро фаҳмад, то онҳо ӯро ҳалок созанд. Далилои тамаъкор пешниҳоди онҳоро қабул кард, вале кӯшиши вай оиди ошкор кардани сирри Шишмӯн се бор барор нагирифт. Баъд аз ин, Далило «ӯро ҳар рӯз бо суханони худ фишор дода, зиқ мекард». Оқибат, Шимшӯн «аз ҷони худ безор шуд» ва ба Далило гуфт, ки ба муйҳои вай ҳеҷ гоҳ қайчӣ назадаанд ва агар ин кор карда шавад, ӯ қувваи худашро гум мекунадa. Инро фаҳмида, Далило вақте ки Шимшӯн дар зонуи ӯ хоб буд, мӯи сари вайро аз тагаш қайчӣ кард ва сипас ӯро ба дасти душманонаш супорид, ки бо вай ҳар кори мехостаашонро кунанд (Дов. 16:4, 5, 15–21). Чӣ кори пасте кард Далило! Аз пулдӯстӣ вай ба шахсе, ки ӯро дӯст медошт, хиёнат кард!
5. а) Чӣ тавр Абшолӯм нисбати Довуд бесадоқатӣ кард ва ин дар бораи вай чиро ошкор сохт? б) Довуд нисбати хиёнати Аҳитӯфал чӣ ҳис мекард?
5 Мисоли навбатӣ Абшолӯми хоин аст. Бо майли ба даст овардани шӯҳрату мансаб вай хост, ки тахти падараш, шоҳ Довудро ғайриқонунӣ аз худ кунад. Абшолӯм дар аввал бо ваъдаҳои дурӯғ ва меҳрубониҳои сохта ба одамон маккорона хушомад зада «дили мардуми Исроилро мерабуд». Ӯ онҳоро ба оғӯш мекашид ва мебӯсид ва бо ин нишон медод, ки гӯё дар ҳақиқат нисбати ташвишҳои онҳо ғам мехӯрад (2 Подш. 15:2–6). Абшолӯм ҳатто тавонист дӯсти бовариноки Довуд, Аҳитӯфалро, ба хиёнат нисбати Довуд барангезад ва ба исён ҳамроҳ созад (2 Подш. 15:31). Дар бобҳои 3 ва 54–и Забур Довуд тасвир мекунад, ки чунин бесадоқатӣ ба ӯ чӣ гуна таъсир кард. (Заб. 3:1–8; Забур 54:13–15-ро бихонед.) Нақшаи маккорона ва сӯиқасди рӯирости Абшолӯм ба шоҳи аз тарафи Яҳува таъиншуда ошкор сохт, ки вай шахси беҳаё аст ва нисбати ҳокимияти Худо эҳтироме надорад (1 Вақ. 28:5). Оқибат исёни ӯ барор накард ва Довуд чун тадҳиншудаи Яҳува подшоҳӣ карданро давом дод.
6. Чӣ тавр Яҳудои Исқарют ба Исо хиёнат кард ва номи Яҳудо имрӯз бо кадом калима синоним аст?
6 Акнун оиди он фикр кунед, ки Яҳудои Исқарюти хиёнаткор нисбати Масеҳ чӣ кор кард. Дар иди Фисҳи охирин, ки Исо онро бо 12 ҳавворияш қайд мекард, ӯ ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумоён Маро таслим хоҳад кард» (Мат. 26:21). Баъдтар, худи ҳамон шаб, Исо ба Петрус, Яъқуб ва Юҳанно дар боғи Ҷатсамонӣ гуфт: «Инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад». Худи ҳамон лаҳза Яҳудо ҳамроҳи одамони забоняккардааш пайдо шуд «ва дарҳол назди Исо омада, гуфт: “Ассалом, эй Устод!” ва Ӯро бӯсид» (Мат. 26:46–50; Луқ. 22:47, 52). Яҳудо «хуни бегуноҳро таслим кард» ва Исоро ба дасти душманонаш супорид. Ва барои чанд пул Яҳудои чашмгурусна ин корро кард? Ҳамагӣ барои 30 тангаи нуқра! (Мат. 27:3–5). Аз он вақт инҷониб дар баъзе ҷойҳо номи Яҳудоро чун синоними калимаи «хиёнаткор» истифода мебаранд, хусусан нисбати касе, ки дӯсти худро мефурӯшадb.
7. а) Мо аз ҳаёти Абшолӯм ва Яҳудо чӣ меомӯзем? б) Аз ҳаёти Далило–чӣ?
7 Аз ин мисолҳои огоҳкунанда мо чӣ меомӯзем? Ҳам Абшолӯм ва ҳам Яҳудо бо марги шармандавор мурданд, зеро онҳо ба муқобили тадҳиншудаи Худо хиёнат намуданд (2 Подш. 18:9, 14–17; Аъм. 1:18–20). Номи Далило бошад ба таври ҳамешагӣ бо хиёнат ва муҳаббати сохтакорона алоқаманд гашт (Заб. 118:158). То чӣ андоза муҳим аст, ки мо ҳар гуна майли шӯҳратпарастиву чашмгуруснагиро, ки моро аз илтифоти Яҳува маҳрум мекунад, рад намоем! Инҳо мисолҳоеанд, ки сахт таъсир мекунанд ва барои аз хислати нафратовари хиёнаткорӣ канора гирифтан кӯмак мекунанд.
БА ОНҲОЕ, КИ СОДИҚ БУДАНД, ПАЙРАВӢ КУНЕД
8, 9. а) Чаро Йӯнотон бо Довуд аҳди вафо баст? б) Чӣ тавр мо ба Йӯнотон пайравӣ карда метавонем?
8 Китоби Муқаддас ҳамчунин дар бораи бисёр шахсони содиқ нақл мекунад. Биёед намунаи ду нафари онҳоро дида бароем ва бубинем, ки аз онҳо чӣ дарс гирифтан мумкин аст. Аввал дар бораи марде сухан меронем, ки ба Довуд садоқатмандӣ нишон дод. Йӯнотон, писари калонии шоҳ Шоул эҳтимол меросгирандаи тахти подшоҳии падараш буд — агар фақат як чизро ба инобат нагирем. Яҳува Довудро чун шоҳи навбатии Исроил интихоб намуд. Йӯнотон қарори Яҳуваро эҳтиром кард. Ӯ ба ҷои он ки ба Довуд чун рақиб нигоҳ кунад, «ӯро мисли ҷони худ дӯст дошт» ва бо ӯ аҳди вафо баст. Вай ҳатто ба Довуд либоси худ, шамшер, камон ва камарбандашро дода, ҳамин тавр ба ӯ иззату икроми шоҳӣ зоҳир кард (1 Подш. 18:1–4). Йӯнотон ҳар кори аз дасташ меомадаро карда «дасти ӯро... тақвият» менамуд ва ҳатто ҳаёти худро зери хатар гузошта дар назди Шоул Довудро тарафгирӣ мекард. Йӯнотон ба Довуд содиқ буд ва ба ӯ гуфт: «Ту бар Исроил подшоҳ хоҳӣ шуд, ва ман баъд аз ту дуюмин хоҳам буд» (1 Подш. 20:30–34; 23:16, 17). Тааҷҷубовар нест, ки баъди марги Йӯнотон, Довуд андӯҳ ва муҳаббати худро нисбати ӯ дар суруди марсия изҳор кард (2 Подш. 1:17, 26).
9 Ба Йӯнотон оиди ба кӣ содиқ будан фикр кардан лозим набуд. Ӯ пурра ба Ҳокими олӣ, Яҳува, содиқ буд ва Довудро чун тадҳиншудаи Худо дастгирӣ мекард. Имрӯз ба ҳамин монанд, ҳатто агар ба мо дар ҷамъомад ягон имтиёзи махсус дода нашуда бошад ҳам, мо бояд бо омодагӣ бародаронеро, ки дар миёни мо роҳбариро ба ӯҳда доранд, дастгирӣ кунем (1 Тас. 5:12, 13; Ибр. 13:17, 24).
10, 11. а) Чаро Петрус содиқона бо Исо монд? б) Чӣ тавр мо ба намунаи Петрус пайравӣ карда метавонем?
10 Мисоли хуби дигар Петруси ҳавворӣ аст, ки садоқатмандиашро ба Исо изҳор карда буд. Масеҳ бо истифодаи забони рамзӣ гуфт, ки ба бадан ва хуни ӯ, ки ба наздикӣ ба қурбонӣ оварда мешуд, имон овардан муҳим аст. Бисёри шогирдонаш ин суханонро сахту дурушт ҳисобида ӯро тарк карданд (Юҳ. 6:53–60, 66). Сипас, Исо аз 12 ҳаввориёнаш пурсид: «Оё шумо ҳам мехоҳед Маро тарк кунед?» Петрус дар ҷавоб гуфт: «Худовандо! Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст, ва мо имон овардаем ва донистаем, ки Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ» (Юҳ. 6:67–69). Оё ин маънои онро дошт, ки Петрус ҳама чизеро, ки Исо чанде пеш дар бораи қурбонии худ, гуфт, фаҳмид? Эҳтимол не. Бо вуҷуди ин, Петрус қатъиян қарор дод, ки ба Писари тадҳиншудаи Худо содиқ мемонад.
11 Петрус фикр намекард, ки Исо ақидаи нодуруст дорад ва бо гузашти вақт ӯ аз гапаш мегардад. Не, Петрус фурӯтанона эътироф мекард, ки Исо «суханони ҳаёти ҷовидонӣ» дорад. Ба ҳамин монанд, вақте ки мо аз адабиётҳои ғуломи «мӯътамад ва доно» ягон чизи душворфаҳм ё чизи ба тарзи фикррониамон мувофиқ набударо мехонем, мо чӣ гуна муносибат мекунем? Мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ба маънои он сарфаҳм равем, на ин ки интизор шавем, ки он мувофиқи нуқтаи назари мо дигар хоҳад шуд. (Луқо 12:42–ро бихонед.)
БА ҲАМСАРИ ХУД СОДИҚ МОНЕД
12, 13. Чӣ тавр дар издивоҷ хиёнат рӯй дода метавонад ва чаро синну соли шахс ба он баҳона нест?
12 Хиёнат новобаста аз шаклу намудаш кори паст мебошад ва он набояд сулҳу ягонагии оила ва ҷамъомади масеҳиро вайрон кунад. Инро дар хотир дошта биёед дида бароем, ки чӣ тавр мо садоқатмандиамонро нисбати ҳамсарамон ва нисбати Худо устувор карда метавонем.
13 Хиёнати ҳамсарӣ яке аз намудҳои дардовартарини хиёнат аст. Шахси зинокор аҳди вафоро нисбати ҳамсараш мешиканад ва диққату навозишашро ба шахси дигар зоҳир мекунад. Ҳамсари бегуноҳ ногаҳон танҳо мемонад. Ҳаёти ӯ тамоман гӯё чапаву роста мешавад. Чӣ тавр байни ду шахсе ки якдигарро дӯст медоштанд, чунин рӯй медиҳад? Бисёр вақт, ҳамааш аз он сар мешавад, ки ҳамсарон ба ҳиссиёти якдигар бепарвогӣ мекунанд. Профессори соҳаи ҷомеашиносӣ Габриелла Турнатури мефаҳмонад, ки хиёнат аз он сабаб рӯй медиҳад, ки ҳамсарон барои мустаҳкам кардани муносибатҳои худ дигар ҳар кори аз дасташон меомадаро намекунанд. Ин ҳатто бо ҷуфтони солхӯрда, ки солҳои дароз бо ҳам оиладор буданд, рӯй дода метавонад. Масалан, марди 50–солае, ки бо ҳамсараш 25 сол боз якҷоя зиндагӣ кард, аз зани содиқаш ҷудо шуд, то бо зани дигари барояш маъқул якҷоя бошад. Баъзеҳо чунин рафторро душвории давраи миёнсолӣ гуфта сафед мекунанд. Лекин биёед ин рафторро чизи беилоҷ наҳисобем, балки онро бо номи аслиаш гӯем — хиёнатc!
14. а) Яҳува ба хиёнати ҳамсарӣ чӣ гуна муносибат мекунад? б) Исо дар бораи бевафогӣ дар издивоҷ чӣ гуфт?
14 Яҳува нисбати касоне, ки ҳамсарашонро бе сабаби бар Навиштаҳо асосёфта тарк мекунанд, чӣ гуна муносибат мекунад? Худои мо «аз талоқ нафрат» дорад ва Ӯ нисбати касоне, ки бо ҳамсарашон бад муомила мекунанду вайро мепартоянд, суханони сахтро истифода бурдааст.(Малокӣ 2:13–16-ро бихонед.) Исо низ ба бевафогии ҳамсарӣ мисли Падараш муносибат мекунад. Ӯ таълим медод, ки агар шахс ҳамсарашро рад ё тарк кунад, ӯ наметавонад беайб монад. (Матто 19:3–6, 9-ро бихонед.)
15. Чӣ тавр онҳое, ки дар издивоҷанд, садоқатмандиашонро нисбати ҳамсарашон мустаҳкам карда метавонанд?
15 Чӣ тавр шахсони дар издивоҷбуда нисбати ҳамсарашон содиқ монда метавонанд? Каломи Худо мегӯяд: «Аз зани [ё шавҳари] ҷавонии худ шод бош» ва «бо завҷае [ё шавҳаре] ки дӯст медорӣ, аз зиндагӣ лаззат бигир» (Мас. 5:18; Воиз 9:9). Дар сурати торафт ба синни калонсолӣ расидан ҳар ду ҳамсарон бояд ҳар кори аз дасташон меомадаро кунанд, то ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати эмотсионалӣ муносибаташонро бо якдигар мустаҳкам нигоҳ доранд. Ин чӣ маъно дорад? Ба ҳамсарон лозим аст, ки бо ҳам наздик бимонанд, ба якдигар диққат зоҳир кунанд, бо ҳамдигар якҷоя вақт гузаронанд. Онҳо бояд ба он бикӯшанд, ки издивоҷашон ва муносибати бо Яҳува доштаашонро нигоҳ доранд. Барои ин, ҳамсарон бояд Китоби Муқаддасро якҷоя омӯзанд, мунтазам бо ҳам ба хизмат раванд ва ҳамроҳ дуо гуфта аз Яҳува баракат пурсанд.
БА ЯҲУВА СОДИҚ МОНЕД
16, 17. а) Чӣ тавр содиқии мо нисбати Худо дар оила ва дар ҷамъомад озмуда мешавад? б) Кадом мисол нишон медиҳад, ки агар мо ба амри Худо итоат карда бо хеши аз ҷамъомад хориҷшудаамон муошират накунем, натиҷаҳои хуб ба даст омаданаш мумкин аст?
16 Дар ҷамъомади масеҳӣ шахсоне ҳастанд, ки аз сабаби гуноҳҳои ҷиддӣ содир карданашон «ба таври ҷиддӣ мазаммат» шудаанд, «то ки дар имон солим бошанд» (Тит. 1:13). Баъзеҳо барои рафторашон бояд аз ҷамъомад хориҷ карда мешуданд. «Ба онҳое ки ба воситаи он таълим ёфтаанд», чораҳои ислоҳкунанда ёрӣ дод, ки муносибаташонро бо Худо барқарор намоянд (Ибр. 12:11). Чӣ бояд кард, агар хеш ё дӯсти наздики мо аз ҷамъомад хориҷ шуда бошад? Рафтори мо дар ин вазъият нишон медиҳад, ки мо ба кӣ содиқем — ба он шахс ё ба Худо. Мо бояд ба Яҳува содиқ бошем. Ӯ ба мо назорат мекунад, ки оё мо ба амри Ӯ итоат карда бо ягон шахси хориҷшуда алоқа намекунем ё мекунем. (1 Қӯринтиён 5:11–13-ро бихонед.)
17 Як мисолро дида мебароем, ки чӣ тавр вақте ки аъзоёни оила ба амри Яҳува содиқона итоат карда, бо хеши аз ҷамъомад хориҷшудаашон муошират намекунанд, чӣ натиҷаҳои хуб ба даст меояд. Ҷавоне дар давоми зиёда аз даҳ сол аз ҷамъомад хориҷ буд. Дар ин муддат падар, модар ва чор бародараш бо вай «алоқа» намекарданд. Баъзан, ӯ мекӯшид, ки бо онҳо якҷоя вақт гузаронад, вале ҳар як аъзои оила истодагарӣ намуда бо вай ҳеҷ гуна муошират намекарданд. Баъди ба ҷамъомад баргаштанаш вай гуфт, ки ба вай муошират кардан бо оилааш доим намерасид, хусусан шабона вақти танҳо буданаш. Ӯ иқрор шуд, ки агар наздиконаш бо вай ақаллан камтар муошират мекарданд, ин барояш кофӣ мебуд. Вале азбаски ӯ қадре ҳам бо ягон аъзои оилааш муошират карда наметавонист, хоҳиши сахти бо онҳо будан ӯро барангехт, ки муносибаташро бо Яҳува барқарор кунад. Агар ягон вақт дар шумо васвасаи муошират кардан бо хеши наздики аз ҷамъомад хориҷшудаатон пайдо шавад, ин мисолро ба хотир оред.
18. Ҳоло баъди дида баромадани мисоли одамони содиқ ва хиёнаткор шумо чӣ тавр амал карданӣ ҳастед?
18 Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки одамон ба якдигар бевафо ва хиёнаткоранд. Лекин дар ҷамъомад мо мисоли бисёр одамонро мебинем, ки бо садоқатмандиашон барои мо намунаи ибратанд. Аз тарзи ҳаёти онҳо аён аст, ки чӣ тавр онҳо «муқаддасона [«содиқона», ТДН] ва одилона ва бенуқсон» рафтор мекунанд (1 Тас. 2:10). Биёед ҳар кори аз дастамон меомадаро карда ба Худо ва ба якдигар содиқ бимонем.
[Эзоҳҳо]
a Қувваи Шимшӯн на дар худи мӯйҳои ӯ буд, балки аз муносибати махсусе, ки ӯ чун назир бо Яҳува дошт, сарчашма мегирифт.
b Дар баъзе забонҳо ибораи «бӯсаи Яҳудо» маънои «хиёнаткорӣ»–ро дорад
c Барои гирифтани маълумоти бештар оиди чӣ тавр ба хиёнати ҳамсарӣ тоб овардан нигаред ба мақолаи «Тоб овардан ба хиёнати ҳамсарӣ», дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 июни 2010, саҳ. 29–32.
[Тасвир дар саҳифаи 10]
Ҳарчанд дигарон Писари тадҳиншудаи Худоро рад карданд, Петрус ба ӯ содиқ буд