ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w13 15.11. саҳ. 21-25
  • Ба чӯпонони Яҳува итоат кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ба чӯпонони Яҳува итоат кунед
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЧӮПОНИ НЕК ДАР ҶАМЪОМАД ЧӮПОНОНИ ДАСТЁРРО ТАЪИН МЕКУНАД
  • ЧӮПОНИ НЕК ГӮСФАНДОНРО ҒИЗО МЕДИҲАД ВА МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД
  • БА КАМБУДИҲОИ ПИРОН МО БОЯД ЧӢ ГУНА НАЗАР КУНЕМ?
  • «ЯК РАМАЮ ЯК ЧӮПОН»
  • Пирон, ба Чӯпонони бузургтарин пайравӣ кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Рамаи Худоро, ки ба шумо супорида шудааст, бичаронед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Ба касоне, ки аз рама дур шудаанд, кӯмак кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2008
  • «Ман Худам гӯсфандони Худро хоҳам талабид»
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
w13 15.11. саҳ. 21-25

Ба чӯпонони Яҳува итоат кунед

«Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд» (ИБР. 13:17).

ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ ХОҲЕД ДОД?

  • Чӣ тавр пирони ҷамъомад имрӯз ба гӯсфандони Худо чӯпонӣ мекунанд?

  • Чаро гӯсфандон бояд ба чӯпонони ҷамъомад гӯш кунанд?

  • Барои чӣ мо набояд нокомилии пиронро баҳона карда, аз онҳо шикоят кунем ё маслиҳати онҳоро рад намоем?

1, 2. Барои чӣ Яҳува худро ба чӯпон монанд мекунад?

ЯҲУВА худро ба чӯпон монанд мекунад (Ҳиз. 34:11–14). Ин ба мо ёрӣ медиҳад, ки чӣ гуна будани Яҳуваро фаҳмем. Чӯпони меҳрубон барои зиндаю солим мондани гӯсфандонаш худро ҷавобгар меҳисобад. Вай онҳоро сӯи чарогоҳи сералаф ва чашмаҳои об мебарад (Заб. 22:1, 2), шабу рӯз онҳоро посбонӣ мекунад (Луқ. 2:8), аз ҳайвонҳои ваҳшӣ муҳофизат менамояд (1 Подш. 17:34, 35), барраҳои навзодро ба дасташ бардошта мегардад (Иш. 40:11), гӯсфандони гумшударо ҷустуҷӯ мекунад ва захмдоршудаашонро нигоҳубин мекунад (Ҳиз. 34:16).

2 Азбаски дар замони қадим халқи Яҳува асосан бо чорводорӣ ва зироаткорӣ машғул буданд, онҳо ба осонӣ мефаҳмиданд, ки чаро Яҳува худро ба чӯпони меҳрубон ташбеҳ медиҳад. Онҳо медонистанд, ки гӯсфандон барои солим ва зинда мондан ба ғамхориву диққати чӯпон мӯҳтоҷанд. Аз ҷиҳати рӯҳонӣ одамон низ ба чунин муносибат ниёз доранд (Марқ. 6:34). Бе ғамхории хуби рӯҳонӣ ва роҳнамоӣ одамон азоб мекашанд. Онҳо мисли «рамае, ки чӯпон надорад», бепушту паноҳ мегарданд ва аз ҳудуди меъёрҳои ахлоқӣ дур мешаванд (3 Подш. 22:17). Лекин Яҳува бо муҳаббат дар бораи ниёзҳои халқаш ғамхорӣ мекунад.

3. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Чун чӯпон тасвир шудани Яҳува дар рӯзҳои мо низ аҳамияташро гум накардааст. Яҳува то ҳол нисбати хизматгоронаш, ки ба гӯсфандон ташбеҳ дода мешаванд, ғамхорӣ мекунад. Биёед бубинем, ки чӣ тавр Ӯ имрӯз онҳоро роҳнамоӣ мекунад ва ниёзҳояшонро қонеъ мегардонад. Ҳамчунин дида мебароем, ки барои аз роҳнамоиву ғамхории Яҳува манфиат гирифтан мо бояд чӣ кор кунем.

ЧӮПОНИ НЕК ДАР ҶАМЪОМАД ЧӮПОНОНИ ДАСТЁРРО ТАЪИН МЕКУНАД

4. Исо нисбати гӯсфандони Яҳува чӣ гуна ғамхорӣ мекунад?

4 Яҳува Исоро Сарвари ҷамъомад таъин намудааст (Эфс. 1:22, 23). Исо низ монанди Падараш «чӯпони нек» мебошад. Ӯ гӯсфандонашро дӯст медорад ва нисбати онҳо ғамхор аст. Вай ҳатто ҳаёташро барои онҳо фидо кард (Юҳ. 10:11, 15). Чӣ атои олиҷанобест фидияи Масеҳ барои тамоми инсоният! (Мат. 20:28). Иродаи Яҳува он аст, ки «ҳар кӣ ба Ӯ [Исо] имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (Юҳ. 3:16).

5, 6. а) Барои ба гӯсфандонаш ғамхорӣ кардан Исо киҳоро таъин кардааст ва барои аз ин манфиат бурдан мо бояд чӣ кор кунем? б) Сабаби муҳимтарини ба пирон итоат кардани мо кадом аст?

5 Гӯсфандон чӣ тавр нишон медиҳанд, ки Исои Масеҳ Чӯпони онҳо аст? «Гӯсфандони Ман ба овози Ман гӯш медиҳанд»,— гуфт Исо,— «ва Ман онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд» (Юҳ. 10:27). Ба овози Чӯпони нек гӯш додан маънои онро дорад, ки дар ҳама чиз мувофиқи ҳидояти ӯ рафтор кунем. Ин бо пирони аз тарафи Исо таъиншуда ҳамкорӣ карданро дар бар мегирад. Исо қайд карда буд, ки ҳаввориён ва дигар шогирдонаш бояд кореро, ки ӯ оғоз карда буд, давом диҳанд. Онҳо бояд «гӯсфандони» ӯро таълим медоданд ва мечарониданд (Юҳанно 21:15–17-ро бихонед; Мат. 28:20). Паҳн гаштани хушхабар ва афзудани шумораи шогирдонро дида, Исо чора андешид, то дар ҷамъомадҳо масеҳиёни баркамоле бошанд, ки гӯсфандонашро чӯпонӣ кунанд (Эфс. 4:11, 12).

6 Баъдтар, вақте ки Павлуси ҳавворӣ ба пирони ҷамъомади Эфсӯс муроҷиат кард, ӯ гуфт, ки рӯҳулқудс онҳоро чун нозирон барои чӯпонӣ кардани ҷамъомади Худо таъин кардааст (Аъм. 20:28). Пирони масеҳии имрӯза низ дар асоси талаботҳое, ки зери таъсири рӯҳулқудс дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, таъин мешаванд. Пас, вақте ки мо ба пирони масеҳӣ итоат мекунем, мо ба Чӯпонони бузургтарин — Яҳува ва Исо эҳтиром нишон медиҳем (Луқ. 10:16). Ин бешубҳа сабаби муҳимтарин аст, ки чаро мо ба пирон мутеъ будан мехоҳем. Лекин барои ба ҳидояти онҳо итоат кардан боз сабабҳои дигаре низ ҳастанд.

7. Чӣ тавр пирон ба шумо барои бо Яҳува муносибатҳои хубро нигоҳ доштан кӯмак мекунанд?

7 Вақте ки пирон бародарону хоҳаронро рӯҳбаланд карданӣ мешаванд ё ба онҳо маслиҳат медиҳанд, инро ҳамеша дар асоси худи Китоби Муқаддас ё принсипҳои он мекунанд. Мақсади пирон ин нест, ки ба ҳамимонон чӣ тавр зиндагонӣ карданро фармон диҳанд (2 Қӯр. 1:24). Баръакс, дастуроти бар Навиштаҳо асосёфтаи онҳо ба ҳамимонон барои қабул кардани қарорҳои дуруст ёрӣ медиҳад ва ба тартибу низом ва осоиштагии ҷамъомад мусоидат мекунад (1 Қӯр. 14:33, 40). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки пирон «ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд». Ин маънои онро дорад, ки пирон ба ҳар як аъзои ҷамъомад барои бо Яҳува нигоҳ доштани муносибатҳои наздик ёрӣ додан мехоҳанд. Вақте онҳо мефаҳманд, ки бародар ё хоҳаре қадами нодуруст гузоштанӣ аст ё аллакай «гирифтори хатое» шудааст, онҳо ба зудӣ кӯмаки худро пешниҳод мекунанд (Ғал. 6:1, 2; Яҳд. 22). Дар ҳақиқат, мо сабабҳои хеле зиёд дорем, ки «ба сардорони худ фармонбардор» бошем. (Ибриён 13:17-ро бихонед.)

8. Чӣ тавр пирон рамаи Худоро муҳофизат мекунанд?

8 Павлуси ҳавворӣ чун чӯпони ғамхор ба бародарони шаҳри Қӯлассо навишт: «Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фитнаи ботиле ки бар тибқи ривояти инсонӣ, бар тибқи аносири ҷаҳон, на бар тибқи Масеҳ аст, ҷазб накунад» (Қӯл. 2:8). Аз ин огоҳӣ мо боз як сабаби дигареро мефаҳмем, ки чаро ба маслиҳати бар Навиштаҳо асосёфтаи пирон гӯш додан муҳим аст. Онҳо ҷамъомадро аз касоне, ки аъзоёнашро аз имон дур кардан мехоҳанд, муҳофизат мекунанд. Петруси ҳавворӣ аз «анбиёи козиб» ва «муаллимони козиб», ки «ҷонҳои ноустуворро ба дом» афтондан мехоҳанд, огоҳ карда буд (2 Пет. 2:1, 14). Имрӯз низ агар зарур ояд, пирон бояд чунин огоҳиҳо диҳанд. Чун масеҳиёни баркамол онҳо таҷрибаи ҳаётӣ доранд. Беш аз ин, онҳо пеш аз пир таъин шуданашон нишон додаанд, ки Навиштаҳоро хуб мефаҳманд ва ҳақиқати Китоби Муқаддасро таълим дода метавонанд (1 Тим. 3:2; Тит. 1:9). Азбаски онҳо рӯҳан баркамол ва бомулоҳиза мебошанд ва хиради доштаашон бар Каломи Худо асос меёбад, онҳо метавонанд ба рамаи Худо дастуроти хуб диҳанд.

Чун чӯпоне, ки рамаи худро ҳимоя мекунад, пирон гӯсфандони ба онҳо супоридашударо муҳофизат менамоянд (Ба сархати 8 нигаред)

ЧӮПОНИ НЕК ГӮСФАНДОНРО ҒИЗО МЕДИҲАД ВА МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД

9. Чӣ тавр Исо имрӯз ҷамъомади масеҳиро роҳнамоӣ мекунад ва ғизо медиҳад?

9 Яҳува тавассути ташкилоташ ба тамоми бародарияти умумиҷаҳонӣ ба таври фаровон ғизои рӯҳонӣ медиҳад. Аксарияти маслиҳатҳои бар Навиштаҳо асосёфта тавассути адабиётҳоямон дода мешаванд. Илова бар ин, баъзан ташкилот бевосита ба пирони ҷамъомад дастурот медиҳад. Пирон чунин дастуротро аз номаҳои ба онҳо фиристодашуда ё аз маслиҳатҳое, ки нозирони сайёр медиҳанд, мегиранд. Бо ин тарзҳо ба аъзоёни ҷамъомад ҳидоят ва роҳнамоии аниқ дода мешавад.

10. Чӯпонони рӯҳонӣ нисбати онҳое, ки аз рама дур шудаанд, чӣ гуна масъулият доранд?

10 Ба дӯши пирони масеҳӣ масъулият гузошта шудааст, ки аъзоёни ҷамъомадро аз ҷиҳати рӯҳонӣ муҳофизат кунанд, ғизо диҳанд ва дар бораи саломатии рӯҳонии онҳо ғамхорӣ намоянд. Онҳо хусусан оиди шахсоне, ки имонашон суст шудааст ё гуноҳи ҷиддие содир кардаанд, ғам мехӯранд. (Яъқуб 5:14, 15-ро бихонед.) Баъзеи чунин шахсон шояд аз рама дур шуда, ба Худо хизмат карданро бас кардаанд. Дар чунин ҳолат магар чӯпони ғамхор ҳама кори аз дасташ меомадаро намекунад, то ки ҳар як гӯсфанди гумшударо ёбад ва ӯро барои ба ҷамъомад баргаштан барангезад? Албатта мекунад! Исо гуфт: «Иродаи Падари Шумо, ки дар осмон аст, ин нест, ки яке аз ин тифлон нобуд шавад» (Мат. 18:12–14).

БА КАМБУДИҲОИ ПИРОН МО БОЯД ЧӢ ГУНА НАЗАР КУНЕМ?

11. Чаро барои баъзеҳо ба пирон итоат кардан душвор буда метавонад?

11 Яҳува ва Исо Чӯпонони комиланд. Вале чӯпонони дастёре, ки онҳо барои ғамхорӣ кардани ҷамъомад истифода мебаранд, чунин нестанд. Аз ин рӯ, барои баъзеҳо итоат кардан ба пирон душвор буда метавонад. Ин гуна шахсон шояд чунин фикр кунанд: «Пирон ҳам мисли мо одамони нокомил ҳастанд. Чаро мо бояд ба маслиҳати онҳо гӯш диҳем?» Бале, пирон нокомиланд, лекин мо бояд ба хатоҳову камбудиҳои онҳо назари дуруст дошта бошем.

12, 13. а) Дар гузашта ходимони масъули Худо чӣ гуна хатогиҳо содир карда буданд? б) Чаро камбудиҳои мардони масъул дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд?

12 Дар Навиштаҳо ошкоро дар бораи хатогиҳои шахсоне, ки Яҳува дар гузашта барои роҳбарии халқаш истифода мебурд, гуфта шудааст. Масалан, Довуд чун подшоҳ ва пешвои халқи Исроил тадҳин шуда буд. Вале ӯ ба васваса дода шуда, зино ва куштор содир кард (2 Подш. 12:7–9). Инчунин дар бораи Петруси ҳавворӣ фикр кунед. Ҳарчанд ба вай дар ҷамъомади масеҳиёни асри як масъулияти калон дода шуда буд, вай хатоҳои ҷиддӣ содир кард (Мат. 16:18, 19; Юҳ. 13:38; 18:27; Ғал. 2:11–14). Аз замони Одаму Ҳавво инҷониб ғайр аз Исо ягон инсони комиле набуд.

13 Чаро Яҳува нависандагони Китоби Муқаддасро барангехт, ки камбудиҳои шахсони масъулро зикр кунанд? Ин якчанд сабаб дошт. Масалан, Худо бо ин нишон додан мехост, ки Ӯ барои роҳбарӣ кардани халқаш мардони нокомилро истифода бурда метавонад. Аслан Ӯ ҳамеша чунин мекард. Барои ҳамин, мо набояд нокомилии пиронро баҳона карда, аз онҳо шикоят кунем ё ҳокимияти онҳоро рад намоем. Яҳува аз мо интизор аст, ки чунин бародаронро эҳтиром кунем ва ба онҳо итоат намоем. (Хуруҷ 16:2, 8-ро бихонед.)

14, 15. Мо аз он ки чӣ тавр Яҳува дар гузашта ба халқаш дастурот медод, чӣ меомӯзем?

14 Итоат ба касоне, ки имрӯз дар байни мо роҳбариро ба ӯҳда доранд, ҳаётан муҳим аст. Оиди он фикр кунед, ки чӣ тавр Яҳува дар гузашта ҳангоми душвориҳо ба халқаш дастурот медод. Масалан, вақте ки халқи Исроил Мисрро тарк мекард, Худо ба халқаш ба воситаи Мусо ва Ҳорун дастурот дод. Барои аз балои даҳум наҷот ёфтан, исроилиён бояд ба дастурот итоат карда, хӯроки махсус тайёр мекарданд ва хуни барраи кушташударо ба паҳлударӣ ва болодарии хонаҳои худ мемолиданд. Оё Худо аз осмон бевосита бо халқ гап зад? Не, онҳо бояд ба пирони Исроил, ки дар навбати худ аз Мусо дастурот гирифта буданд, итоат мекарданд (Хур. 12:1–7, 21–23, 29). Дар он маврид, Мусо ва пирон дар байни халқ чун намояндагони Яҳува амал мекарданд. Имрӯз низ Яҳува пирони масеҳиро ба ҳамин тариқ истифода мебарад.

15 Эҳтимол, шумо аз Китоби Муқаддас боз мисолҳои бисёреро медонед, ки чӣ тавр Яҳува одамон ё фариштагонро чун намояндаи худ истифода бурда, ба халқаш дастуроти наҷотбахш дода буд. Дар ҳамаи он мавридҳо Худо лозим донист, ки ба дигарон ҳуқуқи аз номи Ӯ сухан гуфтанро диҳад. Он намояндагон ба халқ мегуфтанд, ки барои аз мусибат наҷот ёфтан бояд чӣ кор кунанд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар вақти Ҳармиҷидӯн Яҳува ба ин монанд амал мекунад. Албатта, пироне, ки имрӯз чун намояндаи Яҳува ё ташкилоти Ӯ хизмат мекунанд, бояд хеле эҳтиёт шаванд, ки ҳеҷ гоҳ аз доираи ҳокимияте, ки ба онҳо бовар карда шудааст, набароянд.

«ЯК РАМАЮ ЯК ЧӮПОН»

16. Ба кадом «сухан» мо бояд диққат диҳем?

16 Халқи Яҳува «як рама»-ро ташкил медиҳанд, ки зери роҳбарии «як чӯпон», Исои Масеҳ, мебошанд (Юҳ. 10:16). Исо нишон дод, ки ӯ «ҳаррӯза то охирзамон» бо шогирдонаш хоҳад буд (Мат. 28:20). Ӯ чун Подшоҳи осмонӣ тамоми воқеаҳоеро, ки ба нобудшавии ҷаҳони Шайтон оварда мерасонанд, пурра назорат мекунад. Барои муттаҳид мондан ва дар рамаи Худо паноҳ ёфтан, мо бояд чӣ кор кунем? Китоби Муқаддас ҷавоб медиҳад: «Гӯшҳотон суханеро аз қафои шумо хоҳад шунид, ки мегӯяд: “Роҳ ин аст, бо он биравед”». Ин «сухан» он чизҳоеро, ки Яҳува ба мо аз Каломаш таълим медиҳад ва дастуротеро, ки Ӯ ва Исо тавассути чӯпонони ҷамъомад медиҳанд, дар бар мегирад. (Ишаъё 30:21; Ваҳй 3:22-ро бихонед.)

Пирон мекӯшанд, то ба волидони танҳо барои аз муоширати зараровар муҳофизат кардани фарзандонашон кӯмак кунанд (Ба сархатҳои 17 ва 18 нигаред)

17, 18. а) Ба рамаи Худо кадом хатар таҳдид мекунад, вале мо аз чӣ дилпур буда метавонем? б) Дар мақолаи навбатӣ кадом саволро дида мебароем?

17 Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки Шайтон «мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Пет. 5:8). Чун ҳайвони ваҳшӣ ва гурусна вай гӯё мавриди мувофиқ меҷӯяд, то ба шахсони беэҳтиёт ё аз рама дуршуда ҳамла орад. Аз ин рӯ, ба мо хеле муҳим аст, ки дар даруни рама монем ва аз Яҳува, ки «Чӯпон ва Нозири ҷонҳои» мо аст, дур нашавем (1 Пет. 2:25). Дар бораи касоне, ки аз мусибати бузург наҷот меёбанд, дар Ваҳй 7:17 гуфта шудааст: «Барра [Исо]... онҳоро чӯпонӣ хоҳад кард, ва онҳоро ба чашмаҳои оби ҳаёт хоҳад бурд, ва Худо ҳар ашкро аз чашмонашон пок хоҳад кард». Магар аз ин дида ваъдаи беҳтаре буда метавонад?

18 Мо муфассал дида баромадем, ки пирони масеҳӣ дар нигоҳубин кардани рамаи Худо нақши хеле муҳим мебозанд. Вале чӣ тавр ин мардони таъиншуда дилпур буда метавонанд, ки ба гӯсфандони Исо ба таври дуруст ғамхорӣ карда истодаанд? Ҷавоби ин саволро дар мақолаи навбатӣ дида мебароем.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан