ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w16 декабр саҳ. 29-31
  • Сари хамро шамшер намебурад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Сари хамро шамшер намебурад
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ОДАМИ ҲАЛИМ ХИРАДМАНД АСТ
  • Ҳалимӣ. Чаро доштани ин хислат муҳим аст?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
  • Мулоимӣ қувват аст, на сустӣ
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
w16 декабр саҳ. 29-31
Зане ки беморонро нигоҳубин мекунад бо зани ғазаболуд гап зада истодааст

Сари хамро шамшер намебурад

Антония ном хоҳаре, ки беморонро нигоҳубин мекард, боре ба назди бемораш рафт. Вақте ки дари он зани беморро тақ-тақ кард, духтари он зан баромад. Вай дер омадӣ гуфта ба Антония гапҳои пасту баланд зад ва ӯро ҷанг кард. Лекин дар асл Антония дер наомада буд. Ба ин нигоҳ накарда хоҳар Антония оромона бахшиш пурсид.

ДАФЪАИ ДИГАР духтари он зан боз доду вой кард. Ин дафъа Антония ба ин чӣ хел муносибат кард? Ӯ мегӯяд: «Ин вазъият хеле душвор буд, чунки вай гапҳои ноҳақ зад». Вале ба ин нигоҳ накарда Антония боз бахшиш пурсид ва гуфт, ки азоби вайро мефаҳмад.

Агар шумо ба ҷои Антония мебудед, чӣ кор мекардед? Оё шумо кӯшиш мекардед, ки ҳалим бошед? Магар худдорӣ карда метавонистед? Бешубҳа дар ин гуна вазъиятҳо ором будан душвор аст. Вақте ки ба сари мо дод мезананд ё фишор меоранд, дар ҳақиқат ҳалим мондан душвор мегардад.

Лекин Китоби Муқаддас масеҳиёнро бармеангезад, ки ҳалим бошанд. Каломи Худо ҳалимиро бо хирадмандӣ алоқаманд мекунад. Яъқуб пурсид: «Оё касе аз шумо ҳаким ва бохирад аст? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурӯтании хирадмандона дар амал нишон диҳад» (Яъқ. 3:13). Чаро одами ҳалиму фурӯтанро хирадманд номидан мумкин аст? Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ин хислатро дар худ инкишоф диҳем?

ОДАМИ ҲАЛИМ ХИРАДМАНД АСТ

Ҳалимӣ вазъиятро ором мекунад. «Ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад, вале сухани сахт хашмро бармеангезад» (Мас. 15:1).

Қаҳру ғазаб вазъиятро бадтар карда метавонад, гӯё ки ба алов бензин мерезад (Мас. 26:21). Баръакси ин ҳалимона ҷавоб додан одатан натиҷаи хуб меорад. Он ҳатто шахси ғазаболудро мулоим карда метавонад.

Антония инро дар худ ҳис кард. Он зан муносибати ӯро дида дилаш мулоим шуд ва зор-зор гирист. Вай фаҳмонд, ки аз душвориҳои шахсӣ ва оилавиаш монда шудааст. Антония шаҳодати нағз дод ва бо вай омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Ҳамаи ин натиҷаи рафтори оромонаву ҳалимонаи ӯ буд.

Ҳалимӣ ба мо хушбахтӣ меорад. «Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд» (Мат. 5:5).

Чаро ҳалимӣ одамро хушбахт мекунад? Касоне ки пештар бадҷаҳл буданд дар худ ҳалимиро инкишоф доданд ва ҳоло хушбахтанд. Онҳо медонанд, ки ояндаи олиҷаноб доранд (Қӯл. 3:12). Адолфо, ки ҳоло дар Испания чун нозири ноҳиявӣ хизмат мекунад, ҳаёташро пеш аз фаҳмидани ҳақиқат нақл кард.

Ӯ мегӯяд: «Ҳаётам маъно надошт. Ман тез ба қаҳр меомадам ва ҳатто дӯстонам аз феъли тези ман метарсиданд. Як рӯз ин феълам ба сарам бало овард. Дар яке аз ҷангу хархашаҳо маро шаш бор корд заданд, ки аз хунравӣ қариб мурда будам».

Ҳоло Адолфо бо сухан ва рафтораш ба дигарон ҳалимиро ёд медиҳад. Ба бисёриҳо бо чунин шахси меҳрубону ҳалим дӯст шудан маъқул аст. Адолфо аз ин дигаргуние, ки дар худ дароварда тавонист хеле хурсанд аст. Ва ӯ аз Яҳува миннатдор аст, ки барои инкишоф додани ҳалимӣ ба ӯ кӯмак расонд.

Ҳалимӣ дили Яҳуваро хурсанд мекунад. «Эй писарам! Бохирад бош, ва дили маро шод гардон, то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам» (Мас. 27:11).

Яҳува барои ба ғазаб омадан нисбати душмани ашаддиаш Шайтон асос дорад, вале дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Ӯ «собир» аст, яъне тез ба ғазаб намеояд (Хур. 34:6). Агар мо ба Яҳува пайравӣ карда, тез ба ғазаб дода нашавем ва оромиро нигоҳ дорем, мо хирадмандона амал карда дили Худоро шод мекунем (Эфс. 5:1).

Дунёи имрӯза пур аз ҷангу адоват аст. Мо бо одамони «пурғурур, ва ҳавобаланд, ва бадзабон... номуросо, ва тӯҳматчӣ, ва бепарҳез» рӯ ба рӯ шуда метавонем (2 Тим. 3:2, 3). Аммо ин набояд ба масеҳиён дар ҳалим будан монеа шавад. Каломи Худо ба мо ёдрас мекунад, ки «ҳикмате ки аз болост... осоишта, боилтифот» аст (Яъқ. 3:17). Орому меҳрубон буда мо нишон медиҳем, ки хирадманд ҳастем. Вақте ягон кас қаҳри моро меорад, хирад ба мо ёрдам мекунад, ки оромона ҷавоб диҳем. Дар натиҷа мо ба Атокунандаи ин хирад, Яҳува, наздиктар мешавем.

Чӣ тавр ҳалимиро инкишоф диҳем?

Агар ягон кас ба сари шумо дод занад ва ё беадолатона рафтор намояд, чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки худатонро идора карда Яҳуваро хурсанд созед? Хуб мебуд, ки дар ин маврид дар бораи принсипҳои пурарзиши зерин мулоҳиза намоед.

  1. 1 «РӮҲИ ИН ҶАҲОНРО» РАД КУНЕД (1 Қӯр. 2:12). Бисёр одамон ҳалимиро ба сустӣ баробар мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки шахси боқувват бояд бадҷаҳл бошад. Ин тарзи фикрронӣ рӯҳи ин ҷаҳонро инъикос мекунад, на хиради Худоро. Дар асл Китоби Муқаддас аниқу равшан нишон медиҳад, ки ҳалимӣ ин сустӣ не, балки боқувватист. Дар он чунин навишта шудааст: «Бо сабурӣ мирро ба марҳамат моил кардан мумкин аст ва забони нарм устухонро мешиканад» (Мас. 25:15).

    Саволҳо барои мулоҳиза:

    Оё ҳалимӣ барои ман нишонаи сустӣ ё боқувватист?

    Оё ман аз «корҳои ҷисм» ба мисли қаҳр ва ҷанҷол худро дур мекашам? (Ғал. 5:19, 20).

  2. 2 БАРОИ МУЛОҲИЗА ВАҚТ ҶУДО КУНЕД. «Дили одил барои ҷавоб додан фикру хаёл мекунад, вале даҳони шарирон бадиҳоро ифода менамояд» (Мас. 15:28). Агар мо сари қаҳр ҷавоб диҳем, шояд аз гапи гуфтаамон баъдтар пушаймон шавем. Чи хеле ки мегӯянд: «Аввал андеша баъд гуфтор». Бале, пеш аз гуфтани ягон гап аввал мулоҳиза кардан ба мо ёрдам мекунад, ки фикрамонро ҷамъ карда, ҳалимона ҷавоб диҳем ва дигаронро барангезем, ки нисбати мо дуруст муносибат намоянд.

    Саволҳо барои мулоҳиза:

    Чӣ тавр феъли тез ба ман таъсир мерасонад?

    Оё ман барои сулҳ шуда ба беадолатӣ чашм пӯшида метавонам? (Мас. 19:11).

  3. 3 МУНТАЗАМ ДУО ГӮЕД. Дар дуо рӯҳулқудс пурсед, ки он дар тамоми олам қувваи беҳамтост (Луқ. 11:13). Дар ёд доред, ки самари рӯҳ ҳалимӣ ва худдориро дар бар мегирад. Адолфо мегӯяд: «Мунтазам ба Яҳува дуо гуфтан ба ман бисёр ёрдам кард, махсусан дар вақтҳое, ки вазъият бадтар мешуд». Агар мо ҳамеша дар дуо рӯҳи муқаддас пурсем, Яҳува ҳатман ҷавоб медиҳад (Рум. 12:12).

    Саволҳо барои мулоҳиза:

    Оё ман мунтазам дар дуо ба Яҳува мегӯям, ки дилу нияти маро санҷад?

    Оё аз Ӯ мепурсам, ки ба ман рӯҳулқудс ва хирад диҳад, то бо рафторам дили Ӯро хурсанд кунам? (Заб. 138:23, 24; Яъқ. 1:5).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан