Ҷавонон, Офаридгоратон хушбахт будани шуморо мехоҳад
«Ӯ [Худо] ҳар он чиро, ки хурсандӣ мебахшад, ба фаровонӣ ато мекунад» (1 ТИМ. 6:17).
1, 2. Ҳангоми интихоб кардани роҳи ҳаёт чаро ба Офаридгори худ гӯш кардан аз рӯйи хирад аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
АГАР шумо ҷавонед, шояд аз ҳар тараф ҳама маслиҳат медиҳанд, ки ояндаатонро чӣ тавр созед. Устодону муаллимон ё дигар одамон метавонанд шуморо ба гирифтани маълумоти олӣ ва ёфтани кори сердаромад барангезанд. Вале Яҳува ба шумо дигар хел маслиҳат медиҳад. Албатта, Ӯ мехоҳад, ки шумо дар мактаб нағз хонед, то ки оянда кор карда, худатонро таъмин карда тавонед (Қӯл. 3:23). Ӯ ҳамчунин медонад, ки дар ҷавонӣ шумо бояд қарорҳои муҳиме қабул кунед, ки ба ояндаи шумо таъсир мерасонанд. Барои ҳамин, бо ёрии принсипҳои худ Яҳува шуморо дар ҳаёт роҳнамоӣ мекунад. Ҳамчунин Ӯ ба шумо кӯмак мекунад, то ба душвориҳои ин замонҳои охир нигоҳ накарда, бо тарзи ҳаёти худ ба ӯ писанд оед (Мат. 24:14).
2 Дар ёд доред, ки Яҳува ҳама чиро медонад. Ӯ медонад, ки дар оянда чӣ рӯй медиҳад ва охири ин тартибот то чӣ андоза наздик аст (Иш. 46:10; Мат. 24:3, 36). Ӯ шахсан шуморо низ мешиносад, яъне медонад, ки чӣ ба шумо хушбахтиву қаноатмандии ҳақиқӣ меораду чӣ бадбахтиву ноумедӣ. Маслиҳатҳои одамон шояд ба назар зӯр тобанд, лекин агар онҳо ба Каломи Худо асос наёфта бошанд, онҳо дар асл бохирадона нестанд (Мас. 19:21).
ХИРАДИ ҲАҚИҚӢ АЗ ЯҲУВА АСТ
3, 4. Гӯш додан ба маслиҳати бад ба Одаму Ҳавво ва насли онҳо чӣ гуна таъсир кард?
3 Аллакай дар аввали таърихи инсоният маслиҳати бад ба одамон таъсир карда буд. Он маслиҳатро Шайтон дод. Вай худсарона ба Ҳавво гуфт, ки агар ӯ ва шавҳараш роҳи зиндагиашонро худашон интихоб кунанд, он гоҳ хушбахттар мегарданд (Ҳас. 3:1–6). Дар асл Шайтон нафъи худашро меҷуст. Ӯ мехост, ки Одаму Ҳавво ва насли ояндаашон ба Яҳува неву ба вай итоат ва ибодат кунанд. Шайтон ба Одаму Ҳавво ягон некӣ накард. Ҳама чиро ба онҳо Яҳува дод — онҳо метавонистанд аз ҳаёти оилавӣ хурсандӣ гиранд, дар биҳишти зебо бошанд, ва саломатии комил дошта, ҷовидона зиндагӣ кунанд.
4 Афсӯс, ки Одаму Ҳавво ба Худо беитоатӣ карданд ва аз манбаи ҳаёт канда шуданд. Ва ҳамаи мо медонем, ки натиҷаи ин фалокатовар буд. Чуноне ки гули аз пояаш бурида оҳиста-оҳиста пажмурда мегардад, Одаму Ҳавво низ торафт пир шуда, оқибат мурданд. Тамоми насли онҳо аз гуноҳи меросгирифта азоб мекашанд (Рум. 5:12). Бо вуҷуди ин, аксари одамон то ҳол роҳи беитоатӣ ба Худоро интихоб мекунанд. Онҳо ҳамон тавре ки ба худашон маъқул аст, зиндагӣ кардан мехоҳанд (Эфс. 2:1–3). Вале равшан аст, ки бе роҳнамоии Худо зистан ягон натиҷаи хуб намеорад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «хираде нест... бар хилофи Худованд» (Мас. 21:30).
5. Яҳува ба чӣ боварӣ дошт ва ҳақ будани Ӯ аз чӣ маълум аст?
5 Аммо Яҳува боварӣ дошт, ки баъзе одамон, аз он ҷумла бисёр ҷавонон Ӯро меҷӯянд ва ба Ӯ хизмат мекунанд (Заб. 102:17, 18; 109:3). Чунин ҷавонон барои Яҳува хеле пурарзишанд. Оё шумо низ худро дар қатори онҳо меҳисобед? Агар ҳа, пас шумо бешубҳа, аз атоҳои Яҳува баҳра мебаред, зеро «Ӯ ҳар он чиро ки хурсандӣ мебахшад, ба фаровонӣ ато мекунад» (1 Тим. 6:17; Мас. 10:22). Дар ин мақола мо чор атоеро, ки Яҳува ба мо медиҳад, дида мебароем. Онҳо ғизои рӯҳонӣ, дӯстони хуб, мақсадҳои арзанда ва озодии ҳақиқӣ мебошанд.
ЯҲУВА БА ШУМО ҒИЗОИ РӮҲОНӢ МЕДИҲАД
6. Чаро мо бояд ниёзҳои рӯҳониамонро қонеъ гардонем ва барои ин Яҳува ба мо чӣ медиҳад?
6 Одамон баръакси ҳайвонот ниёзҳои рӯҳонӣ доранд, яъне онҳо дар бораи Офаридгор фаҳмидан мехоҳанд. Танҳо Яҳува ин ниёзро қонеъ карда метавонад (Мат. 4:4). Вақте мо ба Ӯ гӯш медиҳем, фаҳмиш, хирад, ва хушбахтӣ ба даст меорем. Исо гуфт: «Хушбахтанд онҳое, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд» (Мат. 5:3). Худо ба воситаи Каломаш ва адабиёти «ғуломи бовариноку боандеша» ба мо ғизои фаровони рӯҳонӣ медиҳад (Мат. 24:45). Бешубҳа, Яҳува барои мо дастархони пур аз нозу неъмати рӯҳонӣ меорояд (Иш. 65:13, 14).
7. Қабул кардани ғизои рӯҳонӣ ба шумо чӣ фоида меорад?
7 Ғизои рӯҳониро қабул карда, шумо хирадманд мешавед ва дуруст фикр карданро ёд мегиред. Ва ин шуморо аз бисёр ҷиҳат муҳофизат мекунад. (Масалҳо 2:10–14-ро хонед.) Масалан, шумо ба фиреби таълимоти дурӯғ намеафтед, зеро баъзеҳо ба он бовар мекунанд, ки Худо вуҷуд надорад ё пулу мол калиди хушбахтӣ аст. Хирад инчунин ба шумо кӯмак мекунад, ки ба хоҳишҳои нодуруст ва рафтори зараровар дода нашавед. Пас, минбаъд низ хиради Худоро ҷӯед ва солимфикр буданро ёд гиред. Чунки ин хислатҳои бебаҳоро пайдо карда, шумо худатон дарк мекунед, ки гуфтаҳои Яҳува танҳо барои фоидаи шумо аст ва Ӯ шуморо дӯст медорад (Заб. 33:9; Иш. 48:17, 18).
8. Чаро аз ҳозир мо бояд ба Яҳува наздик шавем ва ин дар оянда ба мо чӣ манфиат меорад?
8 Ба наздикӣ ҷаҳони Шайтон несту нобуд мешавад. Дар он вақт танҳо Яҳува метавонад моро муҳофизат кунад ва бо чизҳои зарурӣ таъмин намояд. Шояд вақте фаро расад, ки мо буду шуди хӯрокамонро мехӯрему ин дафъа чӣ хӯрдани мо пурра аз Яҳува вобаста хоҳад буд (Ҳаб. 3:2, 12–19). Ҳоло вақти он аст, ки ба Падари осмониамон наздик шавем ва пурра ба Ӯ такя карданро ёд гирем (2 Пет. 2:9). Агар мо ҳамин тавр рафтор кунем, он гоҳ новобаста аз он ки чӣ рӯй медиҳад, мо мисли забурнавис бо дилпурӣ чунин гуфта метавонем: «Ҳамеша Худовандро пеши назари худ мебинам, зеро ки Ӯ ба ямини ман аст; фурӯ нахоҳам ғалтид» (Заб. 15:8).
ЯҲУВА БА ШУМО ДӮСТОНИ БЕҲТАРИН МЕДИҲАД
9. а) Мувофиқи Юҳанно 6:44 Яҳува чӣ кор мекунад? б) Вақте ки шумо бори аввал бо дигар Шоҳиди Яҳува вомехӯред, дар бораи ӯ аллакай чиро медонед?
9 Вақте шумо якум бор бо шахсе ки ҳамимонатон нест, шинос мешавед, ғайр аз ном ва намуди зоҳириаш, дар бораи ӯ қариб ҳеҷ чизро намедонед. Лекин агар ягон ҳамимони худро бори аввал вохӯред-чӣ? Ӯро аз ин пеш ҳеҷ гоҳ надида бошед ҳам, шумо аллакай медонед, ки вай Яҳуваро мешиносад ва дӯст медорад. Ва шахсан Худо дар ӯ чизи хуберо дида, ба оилаи худ таклиф кардааст. (Юҳанно 6:44-ро хонед.) Новобаста аз он ки вай аз кадом миллату маданият аст, ё дар чӣ гуна оила ба воя расидааст, шумо дар бораи ӯ бисёр медонед ва ӯ низ дар бораи шумо бисёр чиро медонад.
Яҳува мехоҳад, ки мо дӯстони беҳтарин дошта бошем ва мақсадҳои рӯҳонӣ гузорем (Ба сархатҳои 9–12 нигаред.)
10, 11. Байни хизматгорони Яҳува чӣ умумияте ҳаст ва ин ба шумо чӣ гуна таъсир мекунад?
10 Вақте ки шумо бо ягон Шоҳиди Яҳува якум бор вомехӯред, даррав чизи умумиеро пай мебаред. Ҳарчанд забони модарии шумо гуногун аст, шумо мебинед, ки ҳар дуятон бо як забон — «забони пок»-и ҳақиқат гап мезанед (Саф. 3:9). Ин маънои онро дорад, ки ҳар дуи шумо ба як Худо имон доред, аз рӯи як меъёрҳои ахлоқӣ зиндагӣ мекунед ва нисбати оянда як умед доред. Ҳамаи ин метавонад ба дӯстии наздик ва абадӣ асос гузорад.
11 Барои ҳамин, гуфтан мумкин аст, ки шумо чун хизматгори Яҳува дӯстони беҳтарин доред. Ва чунин дӯстони шумо дар тамоми ҷаҳон мебошанд, ҳатто агар шумо бо аксарияти онҳо ҳоло шинос нестед. Ба ғайр аз Шоҳидони Яҳува оё касони дигар ҳастанд, ки аз чунин атои олиҷаноб баҳра мебаранд?
ЯҲУВА КӮМАК МЕКУНАД, КИ МАҚСАДҲОИ АРЗАНДА ГУЗОРЕД
12. Шумо дар пеши худ чӣ гуна мақсадҳои арзанда гузошта метавонед?
12 Воиз 11:9–12:1-ро хонед. Оё шумо мақсадҳои рӯҳонӣ доред ва барои ба онҳо расидан кӯшиш мекунед? Шояд шумо мақсад гузоштаед, ки ҳар рӯз порчаеро аз Китоби Муқаддас хонед, дар ҷамъомад шарҳҳои пурмазмун диҳед, бо супоришҳо хубтар баромад кунед, нағзтар мавъиза кардан ва омӯзиш гузарониданро ёд гиред. Кадоме аз ин мақсадҳоро надошта бошед, вақте муваффақият ба даст меоред ё дигарон онро дида, шуморо таъриф мекунанд, албатта, шумо хурсанду қаноатманд мешавед. Зеро шумо мисли Исо корҳоеро карда истодаед, ки ба Яҳува маъқуланд (Заб. 39:9; Мас. 27:11).
13. Чаро гузоштани мақсадҳои рӯҳонӣ назар ба мақсадҳои ҷаҳонӣ беандоза беҳтар аст?
13 Диққати худро ба мақсадҳои рӯҳонӣ равона кардан дар ҳақиқат ҳаётатонро пурмазмун мегардонад, зеро ин чизи ҳеҷу пуч нест. Павлуси расул ба мо чунин маслиҳат дод: «Матину устувор бошед ва ҳамеша дар кори Сарвар ҷидду ҷаҳд кунед, зеро медонед, ки меҳнати шумо дар роҳи Сарвар беҳуда нест» (1 Қӯр. 15:58). Вале вақте шахс диққаташро ба мақсадҳои ҷаҳонӣ равона карда, пули зиёд кор кардан ё машҳур шудан мехоҳад, ин дар асл хушбахтӣ намеорад. Ҳатто агар вай одами хеле бою номдор шавад ҳам, оқибат ӯ ҳис мекунад, ки ҳаёташ ҳеҷу пуч аст (Луқ. 9:25). Ҳақ будани инро мисоли шоҳ Сулаймон тасдиқ мекунад (Рум. 15:4).
14. Аз санҷише, ки Сулаймон гузаронд, мо чӣ дарс мегирем?
14 Сулаймон, ки яке аз одамони бойтарин ва қудратманд буд, барои худ як санҷиш гузаронд. Ӯ ба худ чунин гуфт: «Бо айшу тараб [худро] биозмоям, то хуширо пайдо кунам» (Воиз 2:1–10). Ӯ хонаҳои боҳашамат сохт, боғу бӯстонҳои зебо шинонд ва ҳар чиро ки хост, кард. Оё вай аз ин қаноатманду хушбахт шуд? Ҷавоби ин савол барои мо пӯшида нест. Чунки Сулаймон худаш ҳиссиёташро баён карда, гуфт: «Ман ба ҳамаи корҳои худ, ки дастҳоям карда буд... назар андохтам, ва инак, ҳама ҳеҷу пуч... аст, ва дар таҳти офтоб суде надорад!» (Воиз 2:11). Оё шумо аз санҷише, ки Сулаймон гузаронд, барои худ дарс мегиред?
15. Чаро доштани имон муҳим аст ва мувофиқи Забур 31:8 он чӣ манфиат дорад?
15 Баъзе одамон дар ҳаёт ба хатогиҳои зиёд роҳ дода, аз оқибати онҳо азоб мекашанд. Танҳо баъди ин барои худ дарсе мегиранд. Лекин Яҳува намехоҳад, ки бо шумо чунин рӯй диҳад. Худо мехоҳад, ки шумо ба гуфтаҳои Ӯ гӯш диҳед ва онҳоро иҷро кунед. Албатта, барои ин ба шумо имон лозим аст, вале мувофиқи гуфтаҳои Худо амал карда, шумо ҳеҷ гоҳ дарди пушаймонӣ ҳис нахоҳед кард. Оре, Яҳува ҳеҷ гоҳ «муҳаббатеро, ки шумо нисбати номи Ӯ нишон дода» будед, фаромӯш намесозад (Ибр. 6:10). Барои ҳамин, кӯшиш кунед, ки имони мустаҳкам инкишоф диҳед. Он гоҳ шумо дарк мекунед, ки Падари осмониатон доимо дар бораи беҳбудии шумо ғамхорӣ мекунад. (Забур 31:8-ро хонед.)
ХУДО БА ШУМО ОЗОДИИ ҲАҚИҚИРО МЕДИҲАД
16. Барои чӣ мо бояд озодиро қадр кунем ва онро бохирадона истифода барем?
16 Павлус навишт: «Яҳува рӯҳ аст ва ҳар ҷое, ки рӯҳи Яҳува бошад, он ҷо озодист» (2 Қӯр. 3:17). Бале, Яҳува озодиро дӯст медорад ва Ӯ моро низ ҳамин тавр офаридааст. Вале ҳамзамон Яҳува мехоҳад, ки мо озодиамонро бохирадона истифода барем ва худро аз хатогиҳо эмин дорем. Шояд шумо баъзе ҷавононеро медонед, ки ба тамошои порнография ё бадахлоқии ҷинсӣ дода шудаанд, бо намудҳои хатарноки варзиш, нашъамандӣ ва арақнӯшӣ машғуланд. Ин чизҳо метавонанд муваққатан ҳаловат бахшанд. Лекин аксар вақт зарари онҳо садчандон зиёд аст. Масалан ин метавонад ба беморӣ, пайдо кардани одатҳои бад ва ҳатто марг оварда расонад (Ғал. 6:7, 8). Ҷавононе, ки бо чунин корҳо машғуланд, шояд фикр кунанд, ки «озод»-анд, лекин дар асл ғуломи хоҳишҳои худ мебошанд (Тит. 3:3).
17, 18. а) Итоаткорӣ ба Худо чӣ тавр ба мо озодии ҳақиқӣ мебахшад? б) Чаро Одаму Ҳавво аз одамони имрӯза озодии бештар доштанд?
17 Лекин итоаткорӣ ба Худо ҳама вақт бар фоидаи мост. Ин ба саломатии мо фоида дорад ва моро ҳақиқатан хушбахт мекунад (Заб. 18:8–12). Вақте ки шумо озодиатонро бохирадона истифода мебаред, яъне ба қонуну принсипҳои комили Худо итоат мекунед, ба Худо ва волидон нишон медиҳед, ки ба шумо озодии бештар додан мумкин аст. Дар асл, мақсади Худо ин аст, ки оқибат ба хизматгорони содиқаш озодии комил ато кунад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки онҳо «чун фарзандони Худо озодии пурҷалолро соҳиб» мегарданд (Рум. 8:21).
18 Одаму Ҳавво маззаи чунин озодиро чашида буданд. Оё дар боғи Адан Худо ба онҳо қонуну қоидаҳои зиёд дода буд, ки озодии онҳоро маҳдуд мекард? Не, Ӯ фақат як амр дода буд. Хӯрдани меваи як дарахт ба онҳо манъ шуда буд (Ҳас. 2:9, 17). Магар ин як амр бераҳму сахтгирона буд? Албатта не! Фикр кунед, ки имрӯз одамон чӣ қадар қонуну қоидаҳои зиёд мебароранд ва дигаронро ба риояи онҳо маҷбур мекунанд. Вале Яҳува ба Одаму Ҳавво танҳо як қонун дода буд.
19. Бо кадом роҳ Яҳува моро таълим медиҳад, то ки одамони озод шавем?
19 Яҳува бо хизматгоронаш хеле хирадмандона рафтор мекунад. Ӯ ба гардани мо қонуну қоидаҳои бешуморро бор намекунад, балки пурсаброна таълим медиҳад, ки аз рӯйи қонуни муҳаббат амал кунем. Худо мехоҳад, то мо мувофиқи принсипҳои Ӯ зиндагӣ кунем ва аз бадӣ нафрат дошта бошем (Рум. 12:9). Мавъизаи болои кӯҳии Исо намунаи беҳтарини таълимдиҳии Худо аст, зеро он мефаҳмонад, ки кору рафтори бад аз куҷо реша мегиранд (Мат. 5:27, 28). Исо чун шоҳи Подшоҳии Худо дар дунёи нав низ моро таълим медиҳад, то ба некиву бадӣ айнан мисли ӯ муносибат кунем (Ибр. 1:9). Ӯ ҳамчунин ақлу ҷисми моро комил мегардонад. Тасаввур кунед, ки дар дунёи нав дигар ҳеҷ чиз моро ба кори бад тела намедиҳад ва мо аз оқибати нокомилӣ азоб намекашем. Ниҳоят шумо аз «озодии пурҷалол»-е, ки Худо ваъда медиҳад, баҳраманд мегардед.
20. а) Яҳува озодии худро чӣ тавр истифода мебарад? б) Шумо ба ӯ чӣ тавр пайравӣ карда метавонед?
20 Албатта, дар дунёи нав низ озодии мо маҳдуд мемонад. Ба кадом маъно? Мо ҳама вақт бояд аз рӯйи муҳаббат ба Худо ва дигарон амал кунем. Дар асл Яҳува аз мо танҳо онро талаб мекунад, ки ба Ӯ пайравӣ кунем. Яҳува комилан озод аст, вале Ӯ дар ҳама корҳояш, аз он ҷумла дар муносибат бо мо аз рӯйи муҳаббат рафтор мекунад (1 Юҳ. 4:7, 8). Пас, мантиқан дуруст аст, ки мо ҳамон вақт пурра озод мебошем, агар мисли Худо ҳама корро аз рӯйи муҳаббат кунем.
21. а) Довуд нисбати Яҳува чӣ ҳиссиёт дошт? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?
21 Ҷавонон, чуноне ки дида баромадем, Яҳува ба шумо «ҳар он чиро, ки хурсандӣ мебахшад», ато мекунад. Ӯ ба шумо ғизои рӯҳонӣ ва дӯстони хуб медиҳад, ба гузоштани мақсадҳои арзанда кӯмак мекунад ва озодии комилро ваъда медиҳад (1 Тим. 6:17). Оё шумо барои ҳамаи ин атоҳо аз Ӯ миннатдоред? Агар ҳа, пас шояд шумо низ мисли Довуд чунин дуо гӯед: «Тариқи ҳаётро ба ман биомӯз: камоли шодиҳо ба ҳузури Туст, ва хушиҳо ба ямини Туст то абад» (Заб. 15:11). Дар мақолаи навбатӣ мо баъзе ганҷҳои рӯҳониро, ки дар боби 15-уми Забур ҳастанд, дида мебароем. Мо аз он бештар мефаҳмем, ки чӣ тавр дар ҳаёт хушбахту қаноатманд шавем.