ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 8.07 саҳ. 6
  • Барномаи нави анҷумани ноҳиявӣ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Барномаи нави анҷумани ноҳиявӣ
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2007
  • Маводи монанд
  • Барномаи нави анҷумани ноҳиявӣ
    Хизмат ба Салтанати Худо 2008
  • Анҷумани ноҳиявӣ барои ҳифз кардани рӯҳониятамон кӯмак мерасонад
    Хизмат ба Салтанати Худо 2009
  • Ҳадияе барои хизматгорони Худо
    Хизмат ба Салтанати Худо 2010
  • Оё шумо ҷалоли Яҳуваро инъикос мекунед?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
Хизмат ба Салтанати Худо 2007
km 8.07 саҳ. 6

Барномаи нави анҷумани ноҳиявӣ

Яҳува лоиқи ҳамд аст. Чӣ тавр мо Яҳуваро ҳамд карда метавонем? Кадом мушкилиҳо ин корро барои баъзеҳо душвор мекунанд? Онҳое ки Худоро ҳоло ҳамд мекунанд, чӣ баракатҳо мегиранд? Барномаи анҷумани ноҳиявии соли 2008 ҷавобҳои қонеъкунандае ба ин саволҳо хоҳад дод. Мавзӯи он “Ҳама корро барои ҷалоли Худо кунед” мебошад (1 Қӯр. 10:31). Таваҷҷӯҳ намоед, ки дар давоми ду рӯзи ғанӣ аз дастуроти рӯҳонӣ моро чӣ интизор аст.

Нозири вилоятӣ дар мавзӯъҳои “Чаро Худоро ҳамд бояд кард?” ва “Дар иҷроиши талабҳои Худо намуна бошед” сухан хоҳад гуфт. Ӯ бо нутқи “Кӣ Худоро ҳамд мекунад?” ва маърӯзаи хотимавии “Дар ягонагӣ ҳамд кардани Худо дар тамоми олам” баромад мекунад. Ӯ ҳамчунин барандаи Мактаби таълими мавъиза хоҳад буд. Нозири ноҳиявӣ дар мавзӯъҳои “Аз инъикоси ҷалоли Худо баҳра баред”, “Таваҷҷӯҳ ба ниёзҳои ноҳия” ва “Дар ростӣ устувор монданро давом диҳед”, ки дар ояти 2 Петрус 1:12 асос меёбад, нутқ мегӯяд. Бар замми ин, мо меомӯзем, ки чӣ гуна “Хидмати пешгомӣ Худоро ҳамд мекунад”. “Ҳамди Худо дар ҳама соҳаҳои зиндагиамон” нутқи аввал аз ду қатори маърӯзаҳои ҳушдоркунанда бо таҳқиқи маънои амиқи гуфтаҳои Илоҳӣ аз 1 Қӯринтиён 10:31 мебошад. Қатори маърӯзаҳо дар мавзӯи “Хидмати муқаддасро барои ҳамди Яҳува ба ҷо оред” оиди ҷонибҳои гуногуни ибодати мо хоҳад буд. Муҳокимаи кӯтоҳи мақола аз Бурҷи дидбонӣ ва ояти рисолаи Муҳокимаи ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас рӯзи якшанбе садо медиҳад. Ҳамчунин, имконияти таъмид хоҳад буд.

Аксарияти одамизод гирифтани дониш оиди Худоро рад мекунанд. Нақшаҳои одамӣ ҳуши бисёриҳоро аз фикр оиди бузургии Яҳува мебарад (Юҳ. 5:44). Вале мо мутмаинем, ки барои андеша оиди чӣ гуна “ҳама корро барои ҷалоли Худо” кардан, вақт сарф намудан меарзад. Ташрифорӣ ва ба таври пурра манфиат бурдан аз тамоми анҷуманро ба нақша гиред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан