ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 2.08 саҳ. 1
  • Бо сипос ёд овардани фидя

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Бо сипос ёд овардани фидя
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2008
  • Маводи монанд
  • «Инро... ба ҷо оваред» Шоми ёдбуд 5 апрел қайд карда мешавад
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Биёед миннатдориамонро нишон диҳем Шоми ёдбуд 17-уми апрел ҷашн гирифта мешавад
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • «Даъватнома барои Шоми ёдбуд дар тамоми ҷаҳон тақсим карда мешавад!»
    Хизмат ба Салтанати Худо 2010
  • Яҳува кӯшиши моро барои қайд кардани Шоми ёдбуд баракат медиҳад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2008
km 2.08 саҳ. 1

Бо сипос ёд овардани фидя

1, 2. Мо чӣ сабабҳое барои бо миннатдорӣ ёд кардани фидя дорем?

1 Мувофиқи ҳукми Исо, пайравони ӯ дар тамоми ҷаҳон рӯзи шанбе, 22–юми марти соли 2008 баъд аз ғуруби офтоб маросими ёдбуди марги Исои Масеҳро қайд мекунанд (Луқ. 22:19; 1 Қӯр. 11:23–26). Мо аз рӯи миннатдорӣ бар рӯйдодҳое, ки дар ҳамин рӯз 1 975 сол пеш рӯй доданд, ба ёдбуди мазкур ташриф меорем. Исо то дами марги пуразобаш дар сутуни шиканҷа, бейбии худро нигаҳ дошт ва бо ин исми Падари худро муқаддас гардонида, ҷавоби комиле бар айбдоркуниҳои Шайтон дод — Айюб 1:11; Мас. 27:11.

2 Хуни рехтаи Исо Аҳди Навро ба амал даровард, ки он ба инсонҳои нокомил имконияти ба фарзандии Худо қабул шудан ва дар оянда бо Масеҳ дар Салтанати осмонӣ ҳукм ронданро медиҳад (Ирм. 31:31–34; Марқ. 14:24). Ғайр аз ин, амиқияти муҳаббати Худо ба инсоният дар он зоҳир шуд, ки Ӯ Писари дӯстдори худро ба қурбонӣ дод, ҳамон тавре ки худи Исо ба Ниқӯдимус фаҳмонид — Юҳ. 3:16.

3. Касоне, ки ба Шоми ёдбуд меоянд, чӣ манфиат мебинанд?

3 Дигаронро даъват намоед. Дар мақолае аз шумораи январии Хидмат ба Салтанати Худо пешниҳод шуд, ки рӯйхати онҳоеро, ки даъват карданиед, бисозед ва ба онҳо даъватномаҳо диҳед. Оё шумо ба даъват намудани онҳое, ки дар рӯйхататон ҳастанд, сар кардед? Оё барои ба таври пурра ширкат намудан дар маъракае, ки 1–уми март барои даъват кардани одамон ба Шоми ёдбуд ташкил мешавад, чораҳо дидед? Касоне, ки ташриф меоранд, оятҳо аз Китоби Муқаддасро хоҳанд шунид ва ин оятҳо метавонанд дар онҳо ба фидяи Исо имон бунёд кунанд, ки ин ба ҳаёти ҷовидона роҳнамоӣ менамояд — Рум. 10:17.

4. Чаро ба Шоми ёдбуд барвақттар омадан лозим аст?

4 Ҳамаи касоне, ки метавонанд, барвақттар омаданро ба нақша гиранд, то ба шахсони ин даъватномаҳои махсусро қабулкарда хушомадед гӯянд. Азбаски шумораи касони ба Ёдбуд меомада зиёд мебошад, хеле муҳим аст, ки мо ба касони навомада ва онҳое ки гоҳ–гоҳ ба ҷамъомадҳо меоянд, аҳамияти махсус диҳем.

5. Шумо чӣ гуна дили худро бар ин рӯйдод омода карда метавонед?

5 Дили худро тайёр кунед. Муҳокимаи ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас — 2008 (рус.) ва тақвим барои с. 2008 (рус.) дар худ барномаи хониши махсуси Китоби Муқаддасро оиди Ёдбуд доранд, ки 17–уми март оғоз мегардад. Мулоҳиза оиди ҳодисаҳое, ки дар рӯзҳои охирини ҳаёти Исо рӯй доданд, ба шумо кӯмак мекунад, ки дилатонро ба қайди маросими Ёдбуд омода созед (Эзро 7:10). Бо дуо андеша намудан оиди ин воқеаҳои Китоби Муқаддас сипосгузории шуморо нисбати муҳаббати Яҳува ва Писари Ӯ, ки фидя пешкаш карданд, амиқтар мегардонад — Заб. 142:5.

6. Нисбати фидя амиқтар кардани миннатдориамон ба мо чӣ таъсир мегузорад?

6 Бо наздикшавии Ёдбуд мо метавонем худро бар ин рӯйдоди муҳим тайёр намуда, ба дигарон низ дар ин кор кӯмак расонем. Бо миннатдорӣ ёд овардани фидя муносибати моро бо Яҳуваву Писараш қавӣ хоҳад сохт (2 Қӯр. 5:14, 15). Ҳамчунин, ин амал моро бармеангезад, ки ба онҳо пайравӣ намуда, ба дигарон муҳаббати худфидокорона зоҳир кунем — 1 Юҳ. 4:11.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан