ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 3.08 саҳ. 3
  • Замимаи саволҳо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Замимаи саволҳо
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2008
  • Маводи монанд
  • Сарулибос ва афту андоме, ки ба Худо писанд аст
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Оё сару либос ва намуди зоҳирии шумо Яҳуваро ҷалол медиҳад?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Оё шумо дили нарм доред?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2017)
  • Чаро мо дар вохӯриҳоямон шоиста либос мепӯшем?
    Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2008
km 3.08 саҳ. 3

Замимаи саволҳо

◼ Ҳангоми ташрифорӣ ба ҷойҳое, ки барои ибодати Яҳува истифода мешаванд, пӯшидани чӣ гуна либос муносиб аст?

Дар саросари ҷаҳон Толорҳои Салтанат, Толорҳои анҷуманҳо ва Байт–Илҳо ҷойҳои махсусе мебошанд, ки барои ибодати Яҳува бахшида шудаанд. Биноҳои мазкур намуди муносиб доранд: оддӣ, тоза, дар ҳолати хуб нигоҳ дошта мешаванд. Ин ҷойҳо нисбат ба биноҳое, ки одатан дар тартиботи шариронаи Шайтон вомехӯранд, фарқияти калон доранд. Ва касоне, ки ба ҷойҳои барои ибодати Яҳува бахшидашуда ташриф меоранд, инчунин бояд чун ходимони Худо, яъне чун иҷрокунандагони иродаи Ӯ шинохта шаванд.

Чун масеҳиён мо аз ҳар ҷиҳат «худро ҳамчун хизматгузорони Худо зоҳир месозем», аз он ҷумла бо либоспӯшӣ ва намуди зоҳирии хубу муносибамон (2 Қӯр. 6:3, 4). Рафтори мо низ бояд боадабона бошад. Ҳамеша либоспӯшиву намуди зоҳириамон бояд шоиста ва ба ходимони Худо муносиб бошад; хусусан ҳангоми ташрифорӣ ба идораи марказӣ дар Ню–Йорк ва ҳамчунин ба шӯъбаҳои он дар саросари олам.

Китоби “Барои иҷрои иродаи Яҳува созмоншудагон” (рус.) муҳиммияти доштани сару либос ва намуди зоҳирии муносибро муҳокима карда, қайд менамояд, ки ҳангоми иштирок дар хидмати мавъиза ва ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад либосамон бояд тозаву хоксорона ва намуди зоҳириамон хуб бошад. Сипас дар сархати 3–и саҳифаи 138 гуфта мешавад: «Дар ёд доред, ки маънои калимаи “Байт–Ил” “хонаи Худо” аст. Бинобар ин, ҳангоми ташрифорӣ ба Байт–Ил либоспӯшӣ, намуди зоҳирӣ ва рафторамон бояд мисли он бошад, ки мо гӯё ба вохӯриҳои ҷамъомад ба Толори Салтанат мерафта бошем». Чунин меъёрҳои баландро бояд ҳамаи воизони Салтанат, ки ба Байт–Ил ташриф меоранд, риоя намоянд, хоҳ онҳо аз ҷои наздик оянд, хоҳ аз ҷои дур. Бо ин роҳ эшон миннатдориву эҳтироми муносиб зоҳир мекунанд — Заб. 28:2.

Сару либосамон бояд нишон диҳад, ки мо Худоро эҳтиром менамоем (1 Тим. 2:9, 10). Намуди зоҳирии муносиб ба дигарон кӯмак мекунад, ки онҳо ба ибодати Яҳува бо нигоҳи мусбӣ нигаранд. Аммо мушоҳида мешавад, ки ҳангоми ташрифорӣ ба ҷойҳои барои ибодати Яҳува бахшидашуда баъзе бародарону хоҳарон либоси бетартиб ё аз ҳад кушода мепӯшанд. Чунин либоспӯшӣ ҳеҷ гоҳ барои масеҳиён муносиб нест. Дар либоспӯшӣ чун дар ҳамаи ҷодаҳои дигари ҳаёти масеҳиямон мо мехоҳем меъёрҳои баландро риоя намоем, чунки бо ин аз одамони ин дунё фарқ мекунем. Мо ҳар корро «барои ҷалоли Худо ба ҷо» оварданием — Рум. 12:2; 1 Қӯр. 10:31.

Инак, вақте ки шумо ба идораи марказӣ ё шӯъбаи он дар Алма–ато ва ё шӯъбаҳои дигар ташриф оварданиед, хоҳ ташрифатон ба нақша гирифташуда, хоҳ ҳангоми сафаркунӣ ба ҷойҳои ба Байт–Ил наздик бошад, аз худ бипурсед: “Оё сару либоси ман хоксорона, тоза ва шоистаи ҷоест, ки ба он ташриф оварданиям? Оё он Худоеро, ки ман ибодат менамоям, ҷалол медиҳад? Намуди зоҳириам дигаронро ба хиҷолат намеорад ё намеранҷонад? Биёед бо сару либос ва намуди зоҳирии худ ҳамеша «таълимоти Наҷотдиҳандаи мо Худоро аз ҳар ҷиҳат зебу оро» диҳем — Тит. 2:10.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан