Оё шумо интихобатонро муайян кардед?
Дар тамоми ҷаҳон ҳар чӣ бештари духтурон усули ҷарроҳии бехунгузарониро истифода бурда истодаанд. Оё шумо оиди намудҳои муолиҷаи бехунгузаронӣ, ки дар соҳаи тибб дастрасанд, пурра шинос ҳастед? Донистану фаҳмидани ин шарт аст, то ки ба қарорҳои асоснок омада, ба ин ё он намуди муолиҷа ё ҷарроҳӣ розӣ шавед. Видеофилми «Табобати бе хун — муваффақияти илми тиб»-ро тамошо кунед. Сипас бо дуо он чизеро ки фаҳмидед, ба воситаи саволҳои дар поён овардашуда, дида бароед. (Қайд. Азбаски дар ин видеофилм баъзе наворҳои кӯтоҳи ҷарроҳӣ ҷой дорад, волидон бояд оқилона қарор кунанд, ки онро ҳамроҳи фарзандонашон тамошо хоҳанд кард ё не).
1) Шоҳидони Яҳува аз рӯи кадом сабаби асосӣ, аз хунгузаронӣ даст мекашанд? 2) Шоҳидони Яҳува кадом табобати тиббиро хоҳонанд? 3) Беморон кадом ҳуқуқи асосиро соҳибанд? 4) Чаро интихоб кардани роҳҳои алтернативии табобат хирадмандона аст? 5) Ҳангоми бисёр талаф шудани хун, кадом ду мақсади асосиро духтурон ҳар чӣ тезтар бояд ба даст оранд? 6) Чор принсипи асосии роҳҳои алтернативии хунгузаронӣ кадоманд? 7) Чӣ тавр духтурон метавонанд а) талафшавии хунро кам кунанд, б) эритроситро нигоҳ доранд, в) хунофариро зиёд гардонанд ва г) хуни талафшударо ба бемор баргардонанд? 8) Усулҳои a) гемодилютсия ва б) реинфузияро фаҳмонед. 9) Кадом маълумотро оиди роҳҳои алтернативии табобат бояд аз духтурон гирифт? 10) Оё ҷарроҳии мураккабро бехунгузаронӣ кардан мумкин аст? 11) Кадом дигаргуниҳои мусбат дар соҳаи тиб ба назар мерасанд?
Қабул кардани ин ё он усули табобат, ки дар видеофилм нишон дода шудааст, қарори шахсии ҳар кас мувофиқ ба виҷдони бар Китоби Муқаддас таълимёфтааш мебошад. Оё шумо мавқеи аниқро оиди он ки кадом намуду усули табобатро барои худ ва фарзандонатон истифода хоҳед бурд, муайян намудед? Оё варақаи «Ваколатномаи дахолати тиббӣ»-ро пур кардед? Барои дар ин бора маълумоти пурра гирифтан, бодиққат рубрикаи “Саволҳо аз хонандагон-ро аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 15-уми июни с. 2004 ва 15-уми октябри с. 2000 (рус.) дида бароед. Сипас барои муайян кардани қарори шахсиатон ба мақолаи “Муносибати ман ба фраксияҳои хун ва усулҳои тиббӣ бо истифодаи хуни худам”, ки дар варақаи иловагии «Хидмат ба Салтанати Худо» аз ноябри с. 2006 (рус.) ҷой дорад, нигаред. Дар охир боварӣ ҳосил намоед, ки шумо интихобатонро дар варақаи «Ваколатномаи дахолати тиббӣ» дуруст навиштед. Намояндагон ва аъзоёни оила, ки Шоҳидони Яҳува нестанд, бояд оиди қарори шумо дар бобати табобати интихобкардаатон, пурра хабардор бошанд.
[Замимаи саҳифаи 3]
• Оё шумо аниқ муайян намудед, ки кадом намуду усули табобатро барои худ ва фарзандонатон қабул карданиед?
• Оё шумо барои ҳолатҳои фавқулода варақаи пуркардашудаи «Ваколатномаи дахолати тиббӣ»-ро бо худ мегиред?