Онҳоеро, ки сазоворанд ба Шоми ёдбуд даъват намоед!
1. Аз 21 марти соли 2009 сар карда, воизони Салтанат дар тамоми рӯи замин бо чӣ машғул мешаванд ва чаро?
1 Рӯзи панҷшанбе, 9 апрели соли 2009 ходимони Яҳува Худо дар тамоми рӯи замин ҷамъ хоҳанд шуд, то ки бузургтарин изҳори муҳаббати Худоро нисбати одамизод ба ёд оранд (Рум. 5:6–8). Мо бесаброна интизорем, ки миллионҳо одамони рағбатдор барои қайд кардани рӯзи марги Исо бо мо ҳамроҳ мешаванд. Аз ин рӯ, аз 21-уми март сар карда, дар тамоми ҷаҳон даъватномаи махсус барои Шоми ёдбуд тақсим карда мешавад.
2. Ҳангоми тақсим кардани даъватнома, чӣ гуна метавон омӯзиши Китоби Муқаддас сар кард?
2 Омӯзиши Китоби Муқаддас. Вақте ки рағбатдоронро ба Шоми ёдбуд даъват менамоед, хуб мебуд, ки бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддасро аз рӯи китоби «Таълимот» оғоз кунед. Ба шахс дида баромадани маънои Шоми ёдбудро пешкаш намоед. Барои ин саҳифаҳои 206 то 208-ро кушоед ва мавзӯъро аз замимаи «Шоми ёдбуди марги Масеҳ — маросимест, ки Худоро ҳамд мекунад» муҳокима кунед. Ин мавзӯъро шумо метавонед назди дар, бо як ё ду бор омӯзиш кардан гузаред. Вақте ки шумо он мавзӯъро ба охир мерасонед, агар шахс хоҳиш дошта бошад, метавонед боби 5, мавзӯи «Фидия — олитарин инъоми Худост»-ро гузаред. Агар омӯзиш мунтазам гузарад, чор боби аввали китобро низ дида бароед.
3. Дар айёми Шоми ёдбуд бо кӣ омӯзиши Китоби Муқаддас сар карда метавонем?
3 Аз чунин тарз истифода бурда, бо кӣ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардан мумкин аст? Шояд баъзе аз ҳамкорон, ҳамсинфон ё ҳамсоягонатон ба муҳокима кардани ин мавзӯъҳо хоҳиш пайдо кунанд. Бародарон бошад дар ҷамъомад метавонанд бо шавҳарони хоҳароне, ки ҳамимони мо нестанд, сӯҳбат кунанд. Хешовандонатонро низ, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, фаромӯш накунед. Ғайр аз ин, саъю кӯшиш намоед, то онҳоеро ки пеш мунтазам ба ҷамъомад ташриф меоварданд, ба Шоми ёдбуд даъват кунед (Луқ. 15:3–7). Биёед кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ба чунин одамон барои тавассути фидия наҷот ёфтан, кӯмак расонем.
4. Чӣ гуна ва чаро мо бояд худи ҳоло ба маърака тайёрӣ бинем?
4 Худи ҳоло тайёрӣ бинед. Дар моҳҳои март ва апрел бисёр воизон метавонанд бештар хидмат кунанд. Агар фарзандонатон ё бо касе ки Китоби Муқаддасро омӯзиш мекунед, рушди хуби рӯҳонӣ кунанд, ин барои воизи таъмиднаёфта гардидани онҳо вақти муносиб аст. Ҳоло фурсати он расидааст, ки барои дар хидмат фаъолона иштирок кардан тайёрӣ бинем ва онҳоеро, ки сазоворанд барои ҷашн гирифтани ду бузургтарин изҳори муҳаббат даъват намоем (Юҳ. 3:16; 15:13).