Чӣ гуна бояд ба вохӯрии хидматӣ тайёрӣ дид?
1. Мақсади вохӯрии хидматӣ дар чист ва чӣ гуна мо метавонем аз он пурра манфиат гирем?
1 Мақсади вохӯрии хидматӣ дар он аст, ки моро барои хидмати натиҷабахш тайёр созад. Мавзӯи асосие, ки дар он муҳокима карда мешавад, ин мавъизаи хушхабари Салтанат, шогирдсозӣ ва эълон кардани наздикшавии довариҳои Яҳува мебошад (Мат. 28:20; Марқ. 13:10; 2 Пет. 3:7). Мо аз ин вохӯрии муҳим он вақт пурра манфиат мегирем, агар ба он хуб тайёрӣ бинем ва дар он иштирок намоем.
2. Чӣ гуна мо метавонем ба нутқе, ки дар ҷамъомад гуфта мешавад, тайёрӣ бинем?
2 Нутқ. Маълумот барои нутқ одатан дар дастурот барои нотиқ оварда мешавад. Шумо метавонед маълумот ва оятҳои овардашударо дида бароед ва андеша намоед, ки чӣ тавр метавонед ин маълумотро дар хидмататон истифода баред.
3. Чӣ гуна мо метавонем ба муҳокима ба воситаи саволу ҷавоб тайёрӣ бинем?
3 Муҳокима ба воситаи саволу ҷавоб. Ин қисми барнома бо сарсухан ва хулосаи кӯтоҳ, мисли омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» гузаронда мешавад. Дар ҳар як сархат фикрҳои асосиро хат кашед ва барои шарҳҳои кӯтоҳу пурмаъно додан тайёрӣ бинед.
4. Чӣ гуна мо метавонем ба муҳокима бо шунавандагон тайёрӣ бинем?
4 Муҳокима бо шунавандагон. Ин қисм мисли нутқ пешниҳод карда хоҳад шуд, вале нотиқ шунавандагонро даъват хоҳад кард, ки каме иштирок кунанд. Агар шумо фикрҳои асосиро хат кашед ва оятҳои овардашударо дида бароед, шумо метавонед ба саволҳое, ки дода мешаванд ҷавоб диҳед. Бародаре, ки ин қисмро мегузаронад, саъю кӯшиш хоҳад кард, ки шунавандагонро барои қайд кардани фикрҳои асосӣ ҷалб намояд.
5. Барои аз намоишҳо пурра манфиат гирифтан, ба мо чӣ кӯмак хоҳад расонд?
5 Намоишҳо. Баъзе қисмҳои барнома намоишҳоро дар бар мегиранд. Намоишҳо нишон медиҳанд, ки чӣ гуна маълумоти муҳокимашавандаро дар маҳалли худ истифода бурдан мумкин аст. Дар он метавонанд пирон, воизони ботаҷриба ё пешравон иштирок кунанд. Ба ин қисм, тайёрӣ дида, андеша кунед, ки чӣ гуна шумо метавонед маълумотеро, ки нишон дода мешавад, ба кор баред. Вақте ки пешниҳодоти намунавӣ нишон дода мешавад, андеша кунед, ки чӣ гуна шумо худатон онро мегуфтед ва ба соҳибхонаҳои гуногун мувофиқ месохтед. Агар дар намоиш нашрия ё маҷаллае истифода бурда шавад, бо худ овардани онро фаромӯш накунед. Ҳамчунин дар вақти ибодати оилавӣ машқ кардани баъзе аз пешниҳодот фоидаовар хоҳад буд.
6. Чаро мо бояд ба вохӯриҳои хидматӣ тайёрӣ бинем?
6 Агар мо ба вохӯрии хидматӣ тайёрӣ бинем ва оиди он пешакӣ фикру мулоҳиза намоем, он ба мо хурсандӣ хоҳад бахшид. Чунин амал намудан ба мо бештар рӯҳбаландии тарафайн хоҳад бахшид (Рум. 1:11, 12). Агар мо барои тайёрӣ дидан ба вохӯрии хидматӣ вақт ҷудо кунем, супоришамонро беҳтар иҷро хоҳем кард (2 Тим. 3:17).