Пешниҳодот барои мавъиза
“Имрӯзҳо имони одамон ба Офаридгор суст шуда истодааст. Шумо дар ин бора чӣ фикр мекунед? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Дар ин оятҳо яке аз сабабҳо оварда шудааст. [Ҳабаққуқ 1:2, 3-ро хонед.] Китоби Муқаддас барои ёфтани ҷавоб ба саволҳое, ки аз сабаби онҳо имони одамон ба Худо суст шудааст, кӯмак мекунад.” (Ба мақолаи «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 1-уми октябр, саҳ. 11 нигаред.)
“Оё шумо розиед, ки бисёр оилаҳо бо мушкилиҳои гуногун дучор шуда истодаанд? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Одамон бо маслиҳатҳои фоиданоки Китоби Муқаддас шинос нестанд. Барои мисол. [Ояти Китоби Муқаддасро, ки ба ҳаёти оилавӣ дахл дорад, хонед ва онро муҳокима намоед.] Мумкин ман ба шумо дигар принсипҳои Китоби Муқаддасро дар бораи ҳал намудани мушкилиҳои гуногуни оилавӣ нишон диҳам.” (Ба маҷалаи махсуси «Бедор шавед!» (рус.), аз моҳи октябр нигаред.)
“Ба фикри шумо, оё ҳама чизе ки дар калисоҳои масеҳӣ таълим медиҳанд, аз Китоби Муқаддас гирифта шудаанд? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Китоби Муқаддас огоҳ мекунад, ки мо бояд аз таълимоти бардрӯғ фирефта нашавем [Қӯлассиён 2:8-ро хонед.] Бисёр таълимоти калисоҳои масеҳӣ бо Каломи Худо мувофиқ нестанд.” (Ба маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 1-уми ноябр нигаред.)
“Чунин чизҳо, ба монанди телефони мобилӣ ва компютер дар ҳаётамон як чизи одатӣ шудаанд. Ба фикри шумо, ин чизҳо вақти моро сарфа мекунанд ё медузданд? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Бисёриҳо розианд, ки вақти худро бояд бохирадона истифода барем. [Эфсӯсиён 5:15, 16-ро хонед.] Ба фикратон, чӣ тавр мо чизҳои техникиро бамеъёр ва дуруст истифода бурда метавонем?” (Ба маҷаллаи «Бедор шавед!» (рус.), аз моҳи ноябр нигаред.)