Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
Барои он ки мо ба воситаи Китоби Муқаддас бо одамон сӯҳбатҳои натиҷаовар дошта бошем, ба мо тайёрии хуб дидан лозим аст. Бодиққат мулоҳиза кунед, ки чӣ гуна шумо метавонед саволу оятҳои дар поён овардашударо дар сӯҳбатҳоятон ба кор баред. Вариантеро интихоб кунед, ки ба фикри шумо ба маҳаллаатон аз ҳама беҳтар мувофиқ мебошад. Дар охир пешниҳодатонро машқ кунед. Агар пешниҳоду оятҳои дигарро истифода бурданӣ бошед, метавонед онҳоро истифода баред.
◼ Бисёр одамон Офаридгорро танҳо Худо меноманду халос. Оё шумо медонистед, ки дар Китоби Муқаддас номи Ӯ омадааст?
Хуруҷ 3:14 (Оятро хонда, замимаи Китоби Муқаддасро дар саҳ. 5, сарх. 2 истифода баред) — Китоби Муқаддас номи шахсии Худоро ба мо мекушояд.
Забур 90:14, 15 — Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки то чӣ дараҷа муҳим будааст, донистани номи Худо.
◼ Имрӯзҳо бӯҳрони иқтисодӣ бисёр одамонро ба ташвиш овардааст. Онҳое ки бекор мондаанд, дучори рӯҳафтодагӣ шудаанд. Дигарон бошад, метарсанд, ки корашонро аз даст надиҳанд.
Матто 6:34 — Ба фикри шумо оё ин маслиҳати Китоби Муқаддас ба шароити мо мувофиқ меояд?
1 Тимотиюс 6:8–10 — Ба кор бурдани маслиҳатҳои амалии Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мерасонанд, ки ҳамеша хотирҷамъу осуда бошем.