Ба мо лозим аст, ки дар хизмат пурсабрӣ зоҳир кунем
1. Чӣ тавр Яҳува ба одамон пурсабрӣ зоҳир мекунад?
1 Худо нисбати инсоният хеле пурсабр аст (Хур. 34:6; Заб. 105:41–45; 2 Пет. 3:9). Яке аз намунаҳои беҳтарини зоҳиршавии пурсабрии Яҳуваро дар кори умумиҷаҳонии мавъизаи Салтанат дидан мумкин аст. Яҳува тақрибан 2 000 сол мешавад, ки нисбати одамон пурсабрӣ зоҳир мекунад ва то ҳол шахсони самимиро ба худ ҷалб карда истодааст (Юҳ. 6:44). Чӣ тавр мо мисли Яҳува дар хизмат пурсабр буда метавонем?
2. Чӣ тавр мо дар минтақаамон пурсабрӣ зоҳир карда метавонем?
2 Хизмати хона ба хона. Вақте ки мо дар минтақаамон ба шахсоне, ки ҳоло шавқ зоҳир накардаанд беист мавъиза мекунем, мо ба Яҳува пайравӣ менамоем (Аъм. 5:42). Ҳамчунин дар хизмат мо ба бепарвоиву муқобилият ва ба масхараи одамон сабру тоқат мекунем (Марқ. 13:12, 13). Пурсабрии мо боз дар он дида мешавад, ки агар мо нигоҳ накарда ба он ки рағбатдоронро дар хона ёфтан душвор аст, бо тамоми кӯшишамон тухмҳои ҳақиқатро об диҳем.
3. Чаро барои боздид кардан ва гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддас пурсабрӣ зарур аст?
3 Омӯзишҳои Китоби Муқаддас. Рӯидани растанӣ сабру тоқат талаб мекунад. Мо метавонем онро нигоҳубин кунем, лекин рӯиданашро тезонида наметавонем (Яъқ. 5:7). Ба ин монанд инкишофи рӯҳонӣ низ оҳиста–оҳиста ба амал меояд (Марқ. 4:28). Барои омӯзандагон тарк кардани таълимоти дини дурӯғ ё урфу одатҳои зидди Навиштаҳо душвор буда метавонад. Мо набояд ба омӯзандагон фишор орем, то ки онҳо тез рӯҳан пешравӣ карда, дар худ тағйирот ба амал оваранд. Барои он ки рӯҳулқудси Худо ба дили омӯзанда таъсир расонад вақти кофӣ ва пурсабрӣ лозим аст (1 Қӯр. 3:6, 7).
4. Чӣ тавр пурсабрӣ кӯмак расонда метавонад, ки мо ба хешовандони ҳамимоннабудаамон самаранок шаҳодат диҳем?
4 Наздикони ҳамимоннабуда. Гарчанд мо сахт мехоҳем, ки хешовандони ҳамимоннабудаамон ҳақиқатро қабул кунанд, мо барои мавъиза кардан пурсаброна вақти мувофиқро интизор мешавем ва ба сарашон маълумоти аз ҳад зиёд бор намекунем (Воиз 3:1, 7). Ҳамзамон рафтори намунавии мо кӣ буданамонро нишон медиҳад ва мо ҳамеша тайёр хоҳем буд, ки бо фурӯтанӣ ва эҳтироми чуқур дар бораи имонамон нақл кунем (1 Пет. 3:1, 15). Дар ҳақиқат, агар мо дар хизмат пурсабрӣ зоҳир кунем хизматамон самараноктар мегардад ва бо ин Падари осмониамонро шод мегардонем.