Замимаи Саволҳо
◼ Аз кадом ҷиҳатҳо ташриф овардан ба ҷамъомаде, ки дар маҳалли зистамон ҷой дорад, манфиатовар аст?
Дар ҷамъомад мо рӯҳбаландӣ мегирем, ки он моро «ба муҳаббат ва аъмоли нек» бармеангезад (Ибр. 10:24, 25). Дар ҷамъомад мо ҳақиқатро меомӯзем ва шогирдсозиро таълим мегирем (Мат. 28:19, 20). Ҷамъомад барои содиқона паси сар кардани озмоишҳо ба мо қувват мебахшад, пирони ғамхор бошанд, барои аз сар гузарондани душворӣ ва проблемаҳои афзудаистода кӯмак мекунанд. Равшан аст, ки барои рӯҳан зинда мондан ба мо ба ҷамъомад ташриф овардан хеле муҳим аст. Аммо оё ташриф овардан маҳз ба ҷамъомаде, ки дар маҳалли зистамон ҷой дорад, манфиатнок мебошад?
Вазъиятҳои ҳар як шахс гуногунанд ва барои ба қарори қатъӣ омадан, чунин омилҳо ба монанди реҷаи корӣ, ҷадвали ҳаракати нақлиёт, нуқтаи назари ҳамсаре, ки Шоҳиди Яҳува нест таъсир расонда метавонад. Аммо аз он ки воиз маҳз ба ҷамъомаде, ки дар маҳалли зисташ ҷой дорад, ташриф меоварад, манфиати рӯҳонӣ ва афзалиятҳои дигар вуҷуд доранд. Масалан, дар ҳолатҳои фавқуллода пирон бо ҳамаи воизон тез дар тамос мешаванд. Дар бораи баъзе дигар афзалиятҳо дар рубрикаи «Замимаи саволҳо» аллакай маълумот оварда шудааст. (Ба «Замимаи саволҳо», ки дар «Хизмат ба Салтанати Худо», аз июли соли 1991 (рус.), марти соли 1976 (англ.) ва январи соли 1967 (англ.) омадааст, нигаред.)
Ҳамчунин ин қулайтар аст, зеро одатан вохӯриҳо дар наздикии хонаамон мегузарад ва мо ба онҳо барвақттар меоем, то ки муошират кунем, дигар корҳои заруриро иҷро кунем ва ба суруду дуои муқаддимавӣ ҳамроҳ шавем. Вақте ки рағбатдорон дар наздикии хонаамон зиндагӣ мекунанд, барои мо осонтар мешавад, ки ба наздашон равем, бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронем ва барои ташриф овардан ба ҷамъомаде, ки ба онҳо бештар қулай аст, кӯмак расонем.
Мо боварӣ дорем, ки сардорони оила бо дуо ҳамаи мавридҳоро санҷида, оиди ин масъала қарори беҳтаринро қабул мекунанд, ки он ба беҳбудии рӯҳонӣ ва ҷисмонии оилаашон манфиат меоварад (1 Тим. 5:8).