Ба таври пурра шаҳодат диҳед
1. Павлуси ҳавворӣ бо хизмати худ чӣ гуна намуна гузошт?
1 «Хизмати худро [«ба таври пурра», ТДН] иҷро намо» (2 Tим. 4:5). Бешубҳа, Павлуси ҳавворӣ метавонист бо озодии сухан ба Тимотиюс чунин насиҳат диҳад. Дар ҳақиқат, Павлус дар солҳои 47 то 56-и э. мо се бор сафари миссионерӣ карда буд. Дар китоби Аъмол такроран қайд шудааст, ки Павлус ба таври пурра шаҳодат медод (Аъм. 23:11; 28:23).
2. Чӣ тавр мо метавонем ҳангоми мавъизаи хона ба хона ба таври пурра шаҳодат диҳем?
2 Аз хона ба хона. Барои дар хонаҳояшон ёфтани одамоне, ки ҳеҷ гоҳ хушхабарро нашунидаанд, ба мо шояд лозим аст, ки дар соатҳои гуногуни рӯз ба наздашон биёем. Мумкин аст, ки соҳибхона бегоҳиҳо ё рӯзҳои истироҳат дар хона бошад. Мо бояд кӯшиш кунем, ки ақаллан бо як кас аз ҳар хона, ки дар он ҳеҷ касро дарёфт намекардем, сӯҳбат намоем. Агар кӯшишҳои шумо барои ёфтани шахс муваффақ нашаванд -чӣ? Он гоҳ шояд мактуб навистан ё бо телефон занг задан натиҷаҳои хуб орад (агар ба кор бурдани ин тарзҳо ба шароити маҳаллии шумо мувофиқ ояд).
3. Шумо барои дар пеши мардум ва ғайрирасмӣ шаҳодат додан чӣ гуна имкониятҳо доред?
3 Дар пеши тамоми мардум ва ба таври ғайрирасмӣ. Имрӯзҳо ходимони Яҳува «ҳикмат», ё хиради ҳақиқиро ба ҳамаи онҳое, ки онро шунидан мехоҳанд, мерасонанд (Мас. 1:20, 21). Баъзан онҳо ин хирадро «дар кӯча» ё «дар майдонҳо» мавъиза мекунанд. Вақте ки мо аз паи кору ташвишҳои ҳаррӯзаи худ мешавем, оё мо дар бораи шаҳодат додан фикр мекунем? Оё гуфтан мумкин аст, ки мо барои шаҳодат додан «бо қуввати тамом» кӯшиш мекунем? (Aъм. 18:28). Агар ин тавр бошад, пас метавон гуфт, ки мо вазифаи пурра шаҳодат доданро, ки ба мо супурда шудааст, иҷро карда истодаем (Аъм. 10:42; 17:17; 20:20, 21, 24).
4. Чӣ тавр дуо ва мулоҳизаронӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба таври пурра шаҳодат диҳем?
4 Баъзан мо аз сабаби сустиҳо ё шармгиниамон худро аз шаҳодат додан бозмедорем. Албатта, Яҳува ин маҳдудиятҳои моро ба назар мегирад (Заб. 102:14). Бо вуҷуди ин, дар чунин мавридҳо мо бояд дар бораи далерона гап задан ба Ӯ дуо гӯем (Aъм. 4:29, 31). Ҳамчунин, вақте ки мо омӯзиши шахсӣ мегузаронем ва оиди гуфтаҳои Каломи Худо мулоҳиза меронем, мо метавонем миннатдориамонро барои хушхабаре, ки хеле пурарзиш аст, зиёдтар гардонем (Фил. 3:8). Ин моро бармеангезад, ки бо ҷидду ҷаҳд хушхабарро эълон кунем!
5. Чӣ тавр мо дар иҷрошавии пешгӯии Юил саҳми худро гузошта метавонем?
5 Дар пешгӯии Юил гуфта шудааст, ки пеш аз омадани рӯзи бузург ва саҳмгини Яҳува халқи Ӯ беист ба пеш равона мешавад ва намегузорад, ки чизе пеши роҳи онҳоро гирад (Юил 2:2, 7–9). Биёед дар ин кори такрорнашавандаи шаҳодатдиҳӣ ба таври пурра иштирок кунем!