Аз пайғамбарон ибрат гиред. Намунаи Мико–пайғамбар
1. Мико оиди кадом савол шояд мулоҳиза меронд ва чаро ӯ ба иҷрошавии ин пешгӯӣ боварӣ дошт?
1 «Кай анҷоми ин тартибот фаро мерасад?» Вақте ки пайғамбар Мико хабари ҳукми Яҳуваро бар зидди подшоҳони Исроил ва Яҳудо эълон мекард, шояд оиди чунин савол мулоҳиза меронд. Мико ба иҷрошавии ин пешгӯӣ боварии комил дошт. Соли 740-уми то эраи мо дар тӯли ҳаёти Мико суханони Яҳува бар зидди Сомария иҷро шудаанд (Мик. 1:6, 7). Баъдтар соли 607-уми то эраи мо Ерусалим нест карда шуд (Мик. 3:12). Дар сурате, ки мо иҷрошавии довариҳои Яҳуваро интизорем, чӣ тавр ба пайғамбар Мико пайравӣ карда метавонем?
2. Чӣ тавр мо рӯзи Яҳуваро интизор шуда, пурсабрӣ зоҳир мекунем ва чаро?
2 Пурсабр бошед. Мико навишта буд: «Ман ба Худованд интизорӣ мекашам, ба Худои наҷоти худ таваккал мекунам» (Мик. 7:7). Албатта Мико ҳангоми интизор шудани он рӯз ғайрифаъол набуд. Ӯ чун пайғамбар бо кори Яҳува банд буд. Ҳол он ки рӯзи Яҳуваро интизорем, мо низ бояд дар зоҳир кардани «рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ» банд бошем (2 Пет. 3:11, 12). Пурсабрии Яҳува ба одамон имконият медиҳад, ки тавба кунанд (2 Пет. 3:9). Аз ин рӯ мо аз рӯи маслиҳати Китоби Муқаддас амал карда, ба пурсабрии пайғамбарон пайравӣ менамоем (Яъқ. 5:10).
3. Чаро мо бояд аз Яҳува рӯҳулқудс пурсем?
3 Ба қуввати Яҳува таваккал намоед. Нигоҳ накарда ба он ки Мико супориши душвор дошт, ӯ ба Яҳува такя мекард то барои иҷро кардани ин супориш қувват гирад (Мик. 3:8). Яҳува медонад, ки мо ба қуввати Ӯ ниёз дорем. Барои ҳамин Яҳува дар Китоби Муқаддас моро бармеангезад, ки аз Ӯ қувват пурсем. Ӯ ба онҳое ки хаста шудаанд, саховатмандона қувват медиҳад, то ин ки онҳо масъулиятҳои теократиро иҷро карда тавонанд (Заб. 83:6, 8; Иш. 40:28–31).Оё шумо шахсан дар ҳаёти худ инро ҳис кардаед? Оё шумо мунтазам аз Яҳува кӯмаки рӯҳулқудсро мепурсед? (Луқ. 11:13).
4. Аз кадом ҷиҳат имрӯз ҳаёти Мико ба мо намунаи хуб аст?
4 Иҷро кардани иродаи Худо дар ҳаёти Мико чизи аз ҳама муҳим буд. Нигоҳ накарда ба пастшавии меъёрҳои ахлоқии гирду атроф, Мико дар имон устувор буд. Ба ин монанд ахлоқан пок будани мо дар ҳаёти ҳаррӯза озмуда мешавад. Аз ин рӯ биёед, боқатъият «ба исми Худованд Худои худ то абад равона» шавем (Мик. 4:5).