Кӯмак ба онҳое, ки дар хондан душворӣ мекашанд
1. Таълим додани Китоби Муқаддас ба онҳое, ки дар хондан душворӣ мекашанд, чӣ мушкилӣ меорад?
1 Баъзе одамон гарчанд ба чизҳои рӯҳонӣ шавқ дошта бошанд ҳам, дар хондан душворӣ мекашанд. Бинобар ин, хондани Китоби Муқаддас ва дигар китобҳо барояшон хеле душвор метобад. Барои чунин шахсон пешниҳод кардани «Таълимоти Китоби Муқаддас», одатан натиҷаи на он қадар хуб меорад. Пас, чӣ тавр мо метавонем ба онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ кӯмак расонем? Мо аз воизони ботаҷрибае, ки аз 20 давлатҳои гуногун мебошанд, оиди дар чунин мавридҳо чӣ кор карданашон, мусоҳиба гирифтем. Маслиҳатҳои онҳо дар поён оварда шудаанд.
2. Кадом маводҳо барои ёрдам кардан ба шахсоне, ки дар хондан душворӣ мекашанд, фоидаоваранд?
2 Агар омӯзанда дар хондан душворӣ кашад ё тамоман хонда натавонад, шумо омӯзишро бо брошураи «Худоро гӯш кунед» ё «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед» сар карда метавонед. Як пешрав аз Иёлоти Муттаҳида, ба одамон ҳар дуи ин брошураро нишон дода мепурсад, ки кадомашон бисёртар ба онҳо маъқуланд. Филиали Кения хабар медиҳад, ки ин маводҳо барояшон хеле манфиатнок мебошанд, чунки дар ҷамъияти африқоиҳо таълим додани одамон ба воситаи нақл кардани чизе, назар ба саволу ҷавоб кардан, одат шудааст. Гарчанд барои шахси босавод хондан ва ба саволҳо ҷавоб додан осон аст, лекин чунин тарзи таълимдиҳӣ баъзеҳоро, ки саводашон кам аст, метавонад дар ҳолати ногувор гузорад. Агар омӯзанда каме қобилияти хондан дошта бошад, бисёр воизон аз рӯи брошураҳои «Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!», «Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!» ё шояд китоби «Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас» омӯзишро сар мекунанд.
3. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, то дар таълим додани шахсоне, ки хонда наметавонанд, бомуваффақият бошем?
3 Таъриф кунед. Онҳое ки хонда наметавонанд, шарм дошта худро аз дигарон паст ҳис карда метавонанд. Бисёр вақт барои он ки ҳақиқатро ба чунин шахсон таълим диҳем, пеш аз ҳама бояд ба онҳо ёрдам кунем, ки худро озод ҳис кунанд. Бисёр одамоне ки хонда наметавонанд, аслан қобилияти хуби фикрронӣ ва ёд гирифтанро доранд. Бо тарзи гуфтор ва муомила ба онҳо эҳтироматонро нишон диҳед (1 Пет. 3:15). Агар ба онҳо фаҳмонанд, ки кӯшишҳояшон арзанда аст ва рӯҳан пешравӣ карда истодаанд, он гоҳ онҳо омӯзишро бо майлу хоҳиши зиёд давом хоҳанд дод. Барои ҳамин дар таъриф кардани онҳо фарохдил бошед.
Онҳое ки хонда наметавонанд, шарм дошта худро аз дигарон паст ҳис карда метавонанд. Бисёр вақт барои он ки ҳақиқатро ба чунин шахсон таълим диҳем, пеш аз ҳама бояд ба онҳо ёрдам кунем, ки худро озод ҳис кунанд.
4. Чӣ тавр шахсонеро ки хонишашон суст аст, барои ба омӯзиш тайёрӣ дидан, барангехта метавонем?
4 Ҳатто агар омӯзанда хонишаш суст бошад ҳам, ӯро барангезед, ки барои омӯзиш тайёрӣ бинад. Дар Африқои ҷанубӣ, баъзе воизон омӯзандагони худро водор мекунанд, то аз аъзои оила ё дӯстонашон, ки нағз хонда метавонанд, хоҳиш кунанд, ки ба онҳо кӯмак расонанд. Дар Бритониё як воиз омӯзандагони худро ба пешакӣ тайёрӣ дидан, бармеангезад. Ва барои ин ӯ китоби худро ба омӯзандагон дода, якчанд сархатро мегузарад, то онҳо бинанд, ки агар таги ҷумла хат кашида шуда бошад, ҷавоб додан хеле осон аст. Дар Ҳиндустон як бародар омӯзандагонашро бармеангезад, то расмҳои дарси ояндаро дида бароянд ва оиди онҳо пешакӣ мулоҳиза ронанд.
5. Ҳангоми омӯзиш гузарондан мо чӣ тавр пурсабрӣ зоҳир карда метавонем?
5 Пурсабрӣ зоҳир кунед. Новобаста аз он ки шумо кадом адабиётро истифода мебаред, диққатро ба фикрҳои асосӣ ҷалб намуда, ба омӯзанда ёрдам кунед, ки онҳоро хуб фаҳмад. Дар вақтҳои аввал муҳокимаро шояд 10 ё 15 дақиқа гузарондан беҳтар мебуд. Ва ҳамчунин дар давоми омӯзиш кӯшиш кунед, ки маводи зиёдро дида набароед, беҳтараш якчанд сархатро гузареду халос. Агар омӯзанда хонданаш суст бошад, пурсабрӣ зоҳир кунед. Вақте ки ӯ миннатдориашро нисбати Яҳува инкишоф медиҳад, аз эҳтимол дур нест, ки он гоҳ қобилияти хонданашро беҳтар гардонад. Барои дар дили омӯзандагонатон инкишоф додани миннатдорӣ, ӯро аз аввал ба вохӯриҳои ҷамъомад таклиф намоед.
6. Чӣ тавр мо ба шахс ёрдам карда метавонем, ки хонданро ёд гирад?
6 Вақте ки омӯзандагони Китоби Муқаддас хонданро ёд мегиранд, онҳо тез рӯҳан рушд хоҳанд кард (Заб. 1:1–3). Агар омӯзанда рӯҳафтода шавад, шояд шумо боварии ӯро ба қобилияташ ба воситаи ёдрас кардани он чизҳое ки ӯ аллакай ба даст овардааст, зиёд карда тавонед. Ӯро бовар кунонед, ки Яҳува кӯшишҳояшро баракат медиҳад ва барангезед, ки дар дуо аз Яҳува барои ин кор кӯмак пурсад (Мас. 16:3; 1 Юҳ. 5:14, 15). Баъзе воизони Бритониё омӯзандагонашонро бармеангезанд, ки мақсадҳои оқилона ва пайдарпай гузоранд. Масалан, мақсад гузоранд, ки дар аввал шояд алифборо ёд гиранд, баъд ёфтан ва хондани оятҳои интихобшударо ва дар охир хондани адабиётҳои оддикардашударо, ки дар Китоби Муқаддас асос ёфтаанд, ёд гиранд. Одатан барои ба шахс кӯмак кардан, ки хонданро ёд гирад, ба мо лозим аст, ки хоҳиши вайро дар кардани ин кор бедор кунем, на ин ки танҳо тарзи ёд гирифтанро таълим диҳем.
7. Чаро мо бояд ба онҳое, ки дар хондан душворӣ мекашанд, бе дудилагӣ шаҳодат диҳем?
7 Яҳува ба шахсоне ки маълумоти кам доранд, бо назари паст нигоҳ намекунад (Айюб 34:19). Ӯ ба дили одам диққат медиҳад (1 Вақ. 28:9). Аз ин рӯ, ба онҳое, ки дар хондан душворӣ мекашанд, бе дудилагӣ шаҳодат диҳед. Барои бо онҳо омӯзиш сар кардан ба шумо бисёр маводҳои хуб дастрасанд. Бо мурури вақт шумо метавонед ба омӯзиши «Таълимоти Китоби Муқаддас» гузаред ва ба омӯзанда фаҳмиши пурраи Навиштаҳоро диҳед.