Рисолаи навро дар бораи вебсайтамон истифода баред
Ин рисола чунин ном дорад: «Ба саволҳои ҳаётан муҳим аз куҷо ҷавоб ёфтан мумкин аст?» Дар пушти рисола се савол оварда шудааст. Агар имконият бошад, аз шахс пурсед, ки кадом савол ба ӯ бештар маъқул шуд ва ба вай фаҳмонед, ки барои ёфтани ҷавоб метавонад дар вебсайтамон ба АДАБИЁТҲО > КИТОБҲО ВА БРОШУРАҲО дарояд. Ҳамчунин дар ин саҳифа ӯ метавонад аз брошураи «Хабарҳои нағз», дарси 7 ба саволҳои «Салтанати Худо чист?» ва «Салтанати Худо чӣ кор мекунад?» ҷавоб ёбад.
Бо худ ҳамеша якчанд нусхаи ин рисоларо гиред, то ба одамон барои фаҳмидани он ки Китоби Муқаддас оиди ояндаи хуб дар таҳти Салтанати Худо чӣ мегӯяд, кӯмак расонед.