ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 6.15 саҳ. 2
  • Аз воизони ботаҷриба таълим гиред

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Аз воизони ботаҷриба таълим гиред
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2015
  • Маводи монанд
  • Оё шумо онҳоро таклиф карда метавонед?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
  • Чӣ гуна ба воизони нав мавъиза карданро таълим диҳем
    Хизмат ба Салтанати Худо 2010
  • Маҳорати таълимдиҳии худро дар хизмат беҳтар мегардонем.
    Хизмат ба Салтанати Худо 2015
  • Дар кори мавъиза ғайрати худро нигоҳ доред
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2015
km 6.15 саҳ. 2

Аз воизони ботаҷриба таълим гиред

Мо дар ҳақиқат воизони ботаҷрибаи ҷамъомадро қадр мекунем. Баъзе аз онҳо солҳои дароз содиқона ба Яҳува хизмат мекунанд. Дигарон бошанд, шояд ба наздикӣ дар хизмат малакаю маҳорати хуб пайдо кардаанд. Ин воизон бо чашмони худ дида истодаанд, ки чӣ тавр Исо дар ин рӯзҳои охир ҷамъомади масеҳиро дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ роҳнамоӣ карда истодааст (Мат. 28:19, 20). Дар ин хизмат иштирок карда онҳо ҳангоми рӯбарӯшавӣ бо озмоишҳо ва душвориҳои шахсӣ «бартарии қувват»-ро гирифтанд (2 Қӯр. 4:7). Чизҳои бисёр ҳастанд, ки мо аз ин воизони ботаҷриба омӯхта метавонем. Ҳангоми пайдо шудани имконият онҳо бо хурсандӣ ба дигарон оиди чизҳои ёд гирифтаашон таълим медиҳанд (Заб. 70:18). Аз ин рӯ мо бояд имконияти аз онҳо омӯхтанро ҷӯё бошем. Лекин, инро чӣ тавр карда метавонем?

Дар хизмат. Барои он ки воизони нав ё камтаҷриба дар хизмат самаранок бошанд, ба онҳо таълим гирифтан лозим аст. Бисёр чизҳоро аз мушоҳидаи он ки чӣ тавр воизони баркамол хизматашонро иҷро мекунанд, омӯхтан мумкин аст. (Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 феврали с. 2015, ба мақолаи «Дар кори мавъиза ғайрати худро нигоҳ доред», ба зерсарлавҳаи «Ба камтаҷрибагон кӯмак кунед», нигаред.) Чӣ тавр шумо аз ҳамкорӣ бо чунин шахсон баҳра бурда метавонед?

Оё шумо воизи ботаҷрибаро ба хизмат таклиф карда метавонед? Агар воиз маъюбу заиф бошад, шояд шумо баъзан барои гузаронидани омӯзиш ба хонаи ӯ ягон омӯзандаатонро даъват намоед. Пас аз омӯзиш, аз воизи ботаҷриба хоҳиш кунед, ки ба шумо маслиҳат диҳад ва аз кадом ҷиҳат беҳтар шуданатонро гӯяд.

Бо онҳо вақт гузаронед. Бо воизони ботаҷриба вақт гузаронида бо онҳо аз наздик шинос шавед. Яке аз онҳоро ба ибодати оилавиатон даъват карда, бо ӯ муошират кунед. Агар воиз маъюб бошад, оё шумо метавонистед оиди он гапзанон кунед, ки ибодати оилавиро бо ҳам дар хонаи ӯ гузаронед? Бифаҳмед, ки чӣ тавр ӯ ба ҳақиқат омад. Соҳиби кадом баракатҳо гашт? Чӣ гуна беҳбудиҳои маҳаллиро дид? Аз хизмат ба Яҳува чӣ гуна хурсандиро гирифт?

Ҳангоми аз онҳо таълим гирифтан қобилият ва имконияти онҳоро ба назар бояд гирифт. Мисли ҳамаи мо воизоне ки тӯли солҳо дар ҳақиқат мебошанд, дар хизмат қобилиятҳои гуногун доранд (Рум. 12:6–8). Баъзеи онҳо калонсоланд ва аз ин сабаб он вақте ки онҳо бо мо гузаронида метавонанд, маҳдуд аст. Бо вуҷуди ин мо аз онҳо бисёр чизҳоро омӯхта метавонем, зеро онҳо дар содиқона ба Яҳува хизмат кардан таҷрибаи бой доранд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан