Маҳорати таълимдиҳии худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Пешкаш кардани китоби «Таълимот»
Чаро ин муҳим аст. Китоби «Таълимот» яке аз маводи асосии таълимдиҳии мо ба шумор меравад. Барои ин китобро бо касе омӯхтан, мо аввал онро бояд пешкаш кунем. Аз ин рӯ ба мо лозим аст, ки дар хизмат пешкаш кардани ин китобро нағз ёд гирем (Мас. 22:29). Барои пешкаш кардани он бисёр тарзҳо вуҷуд доранд ва воизон бояд он тарзеро истифода баранд, ки дар вазъияти онҳо самаранок аст.
Дар давоми моҳ инро санҷида бинед:
Дар ибодати оилавиатон машқҳои амалӣ гузаронед.
Дар хизмат ба ҳамроҳатон гӯед, ки кадом пешниҳодро истифода бурданиед (Мас. 27:17). Ва агар пешниҳодатон самарабахш набошад, онро иваз кунед.