Муҳимияти тайёрӣ дидан
Аз Исо дар бораи ҳаёти ҷовидона камаш ду бор пурсиданд, лекин дар ҳар ду маврид Ӯ ҷавобро ба ниёзи саволдиҳанда мувофиқ гардонд (Луқ. 10:25–28; 18:18–20). Бинобар ин ҳарчанд мо бо мавзӯи омӯзиш нағз шинос бошем ҳам, бояд талаботу ниёзи омӯзандаро ба назар гирифта пешакӣ тайёрӣ бинем. Ва дар вақти тайёрӣ ба худ саволҳои зеринро дода метавонем: «Фаҳмидану қабул кардани кадом фикрҳо барояш душвор буда метавонад? Кадом оятҳои овардашударо ҳамроҳаш бояд хонем? Чанд сархатро ҳамроҳаш гузашта метавонем?» Барои он ки омӯзанда мавзӯъро хуб фаҳмад ба мо лозим аст, ки мисол ва ё якчанд саволҳои иловагиро тайёр кунем. Азбаски Яҳува сабзонандаи тухми ҳақиқат мебошад, мо бояд аз ӯ кӯмак пурсида хоҳиш кунем, ки тайёрии моро, омӯзандаро ва кӯшишҳоямонро дар ин ҷода баракат диҳад (1 Қӯр. 3:6; Яъқ. 1:5).