ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАСАЛҲО 1–6
Бо тамоми дили худ ба Яҳува таваккал намо
Яҳува бешакку шубҳа сазовори боварии мо мебошад. Маънои номи Ӯ ба мо боварӣ мебахшад, ки ваъдаҳояшро иҷро мекунад. Барои он ки бовариамон ба Худо зиёд шавад, дуо гуфтан хеле муҳим аст. Дар Масалҳо боби 3 гуфта мешавад, ки агар мо пурра ба Яҳува бовар кунем, ӯ роҳҳои моро рост мекунад.
Онҳое, ки дар назари худашон хирадманданд...
пеш аз қабул кардани қарор аз Яҳува роҳнамоӣ намепурсанд
ба хиради худ ё хиради ин дунё такя мекунанд
Онҳое, ки ба Яҳува такя мекунанд...
бо омӯзиши Китоби Муқаддас, мулоҳиза ва дуо ба Яҳува наздиктар мешаванд
вақте қарор қабул мекунанд, аз принсипҳои Каломи Худо роҳнамоӣ меҷӯянд
АВВАЛ: Кадом қароре, ки ба назари худам дуруст тобад, қабул мекунам |
АВВАЛ: Ба воситаи омӯзиши шахсӣ ва дуо аз Яҳува роҳбарӣ мепурсам |
БАЪД: Аз Яҳува мепурсам, ки қарорамро баракат диҳад |
БАЪД: Қароре қабул мекунам, ки аз рӯи принсипҳои Китоби Муқаддас бошад |