ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЮҲАННО 7, 8
Исо Падарашро ҷалол медод
Исо бо рафтору гуфтори худ Падари осмониашро ҷалол медод. Ӯ ба одамон фаҳмондан мехост, ки хабараш аз тарафи Худо аст. Аз ин рӯ вай дар асоси Навиштаҳо таълим медод ва тез-тез аз он иқтибос меовард. Вақте Исоро таъриф мекарданд, ӯ диққатро ба Яҳува равона мекард. Дар ҳаёти Исо аз ҳама кори муҳим ин иҷро кардани супориши Яҳува буд (Юҳ 17:4).
Чӣ тавр дар вазъиятҳои зерин ба Исо пайравӣ карда метавонем?
ҳангоме ки омӯзиш мегузаронем ё аз саҳна баромад мекунем
вақте моро таъриф мекунанд
ҳангоме ки чӣ тавр сарф кардани вақтамонро ба нақша мегирем