ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 1 ТАСЛӮНИКИЁН 1–5
«Якдигарро рӯҳбаланд ва обод кунед»
Ҳар як хизматгори Яҳува дигаронро рӯҳбаланд карда метавонад. Масалан, вақте мо ба душвориҳо нигоҳ накарда дар ҷамъомад ва хизмат боғайратона иштирок менамоем, мо метавонем ҳамимононро рӯҳбаланд кунем (1Тс 2:2). Ғайр аз ин, мо метавонем пешакӣ чӣ гуфтанамонро фикр кунем ва тадқиқот гузаронида ҳамимононеро, ки ба рӯҳбаландӣ ниёз доранд, тасаллӣ диҳем.
Шумо барои тасаллӣ додани касе, ки бо душворӣ рӯ ба рӯ шудааст, аз куҷо маълумот ёфта метавонед?
Шумо дар ҷамъомад киро рӯҳбаланд кардан мехоҳед?