ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp22 № 1 саҳ. 4-5
  • Чаро дунё пур аз нафрат аст?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чаро дунё пур аз нафрат аст?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Нафрат чист?
  • ЧАРО НАФРАТ ДАР ДИЛИ ОДАМОН ПАЙДО МЕШАВАД?
  • ЧӢ ТАВР ОН ПАҲН МЕГАРДАД?
  • КИТОБИ МУҚАДДАС САРЧАШМАИ НАФРАТРО ОШКОР МЕСОЗАД
  • Мо бар нафрат ғолиб омада метавонем!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Кай нафрат абадан аз байн меравад?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Чаро дунё пур аз нафрат аст? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
    Мавзуъҳои гуногун
  • Пешгуфтор
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
wp22 № 1 саҳ. 4-5

Чаро дунё пур аз нафрат аст?

Чаро дар дунё сари ҳар қадам таъсири нафратро дидан мумкин аст? Барои ёфтани ҷавоб дар аввал фаҳмидан лозим аст, ки нафрат чист, чаро он дар дили одамон пайдо мешавад ва чӣ тавр паҳн мегардад.

Нафрат чист?

Нафрат маънои касе ё гурӯҳи одамонеро бениҳоят бад дидан ё тобу тоқат надоштанро дорад. Ин ҳиссиёти бардавом буда аз ғазаби муваққатие, ки касе нисбати дигарон дошта метавонад, фарқ мекунад.

ЧАРО НАФРАТ ДАР ДИЛИ ОДАМОН ПАЙДО МЕШАВАД?

Нафрат дар дили одамон бо сабабҳои гуногун пайдо мешавад. Шахс аз касе барои ба ягон гурӯҳ тааллуқ доштанаш нафрат карда метавонад, фарқаш нест, ки ӯ ягон кори бад кардааст ё не. Онҳоеро, ки қурбони нафрат мешаванд, аксар вақт одамони бад, зараровар ва ислоҳнашаванда мешуморанд. Дигарон онҳоро аз худ паст меҳисобанд ва сабаби асосии ҳамаи бадбахтиҳо медонанд. Бояд гуфт, ки онҳое, ки аз дигарон нафрат мекунанд, эҳтимол, дар гузашта қурбони зӯроварӣ, беадолатӣ ё ягон ҳодисаи дигар шудаанд. Барои ҳамин дар дилашон нафрат пайдо шудааст.

ЧӢ ТАВР ОН ПАҲН МЕГАРДАД?

Одам ҳатто аз онҳое, ки ягон бор робита надошт, нафрат карда метавонад. Масалан, чунин шуда метавонад, ки шахс худаш нафаҳмида зери таъсири дӯстон ва наздиконаш нисбати ягон гурӯҳи одамон бадгумонӣ пайдо мекунад. Ҳамин тавр ҳисси нафрат паҳн гашта ба ҳама таъсир мерасонад. Барои ҳамин агар дар оила як кас гурӯҳи одамонеро бад бинад, бо гузашти вақт дар дили аъзои оила низ нафрат пайдо шуда метавонад.

Барои ҳамин, вақте хосияти паҳншавии нафратро мефаҳмӣ, маълум мегардад, ки чаро он имрӯз дар дили ин қадар одам реша давондааст. Вале барои кандани занҷири нафрате, ки дунёро фаро гирифтааст, мебоист сарчашмаи онро муайян кард. Китоби Муқаддас аз ин ҷиҳат ба мо кумак расонда метавонад.

КИТОБИ МУҚАДДАС САРЧАШМАИ НАФРАТРО ОШКОР МЕСОЗАД

Ду ишорае, ки муқобили якдигар тасвир шудаанд, аломатҳои нафратро нишон медиҳанд. 1. Маълумоти нодуруст таъсири дигарон, интернет ва хонишу тамошои хабарҳоро дар бар мегирад. 2. Надонистани маданият, нажод ё дин. 3. Тарс аз тағйирот, аз даст додан ва номуайянӣ. 4. Нафрат рӯйбинӣ, тоқатшиканӣ ва зӯровариро дар бар мегирад.

НАФРАТРО ИНСОН БА ВУҶУД НАОВАРДААСТ. Вақте фариштае, ки Шайтон ва Иблис ном гирифт, зидди Худо исён бардошт, нафрат ба миён омад. Ин фаришта аз оғоз исён бардошта «одамкуш» шуд. Ӯ то ҳол «дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст» ва нафрату зӯровариро паҳн мекунад (Юҳанно 8:44; 1 Юҳанно 3:11, 12). Дар Китоби Муқаддас Шайтон оташин, бадқаҳр ва дарғазаб тасвир ёфтааст (Айюб 2:7; Ошкорсозӣ 12:9, 12, 17).

НАФРАТ ДАР ДИЛИ ОДАМОНИ НОКОМИЛ БА ОСОНӢ ПАЙДО МЕШАВАД. Одами аввалин ба намунаи Шайтон пайравӣ кард. Дар натиҷа гуноҳ ва нокомилӣ ба ҳамаи одамон гузашт (Румиён 5:12). Барои ҳамин писари калонии Одам, Қобил, аз додараш Ҳобил нафрат карда ӯро кушт (1 Юҳанно 3:12). Рост аст, ки бисёр одамон меҳрубону дилсӯзанд. Вале аз сабаби гуноҳи меросгирифта бисёр одамон худбин, бахил ва пурғуруранд. Ин хислатҳо дар дилашон нафратро бармеангезад (2 Тимотиюс 3:1–5).

НАФРАТ ДАР ДУНЁИ ҒАРАЗОЛУД МЕШУКУФАД. Дунёи имрӯза бераҳмӣ ва фикру рафтори зарароварро талқин намуда дар дили одамон нафрат мекорад. Азбаски «тамоми ҷаҳон дар таги дасти Иблис аст», бисёр одамон бадбин, рӯйбин, бадзабон, зӯровар ва зиёнкор шудаанд (1 Юҳанно 5:19).

Хушбахтона, дар Китоби Муқаддас на танҳо дар бораи аз куҷо реша гирифтани нафрат гуфта мешавад. Он инчунин мефаҳмонад, ки чӣ тавр аз ин бало халос шудан мумкин аст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан