ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w23 ноябр саҳ. 26-30
  • Яҳува сарпаноҳи ҳақиқии ман буд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Яҳува сарпаноҳи ҳақиқии ман буд
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БА ЯҲУВА ТАКЯ КАРДАНРО ЁД МЕГИРАМ
  • ДАР АЙЁМИ ҶАНГ БА ЯҲУВА ТАКЯ МЕКУНАМ
  • ОЗОРУ АЗИЯТ ДАР НИГЕР
  • «МО НАМЕДОНЕМ, КИ ДАР ГВИНЕЯ КОРИ ПОДШОҲӢ ЧӢ ХЕЛ АСТ»
  • ЯКҶОЯ БА ЯҲУВА ТАКЯ МЕКУНЕМ
  • ЯҲУВА САРПАНОҲИ ҲАҚИҚӢ АСТ
  • Мероси бойи рӯҳонӣ ба ман комёбӣ овард
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • Барои чӣ Ғизолро одамон дӯст медоштанд
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Вафодорон гул барин мешукуфанд
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
w23 ноябр саҳ. 26-30
Израел Итаҷоби.

САРГУЗАШТ

Яҳува сарпаноҳи ҳақиқии ман буд

НАҚЛ КАРД ИЗРАЕЛ ИТАҶОБИ

ВАҚТЕ аз ман дар бораи саргузаштам мепурсанд, мегӯям, ки «ман борхалтае дар дасти Яҳуваам!» Ин гапам чӣ маъно дорад? Борхалта ба куҷо рафтанро қарор намекунад, соҳибаш мекунад. Ман ҳам мехоҳам, ки Яҳува ва ташкилоташ кае хоҳанд, маро ба ҷойи даркорӣ баранд. Дар ҳаёт ман супоришҳои гуногун доштам: баъзеашон душвор ва ҳатто хатарнок буданд. Лекин ман фаҳмидам, ки, агар ба Яҳува такя кунам, дар амон мешавам.

БА ЯҲУВА ТАКЯ КАРДАНРО ЁД МЕГИРАМ

Ман соли 1948 дар ҷанубу ғарби Нигерия, дар як деҳаи хурдакак чашм ба дунё кушодаам. Он вақт амакам Мустафо, додари падарам, ва акаи калониям, Ваҳаби, таъмид гирифта Шоҳиди Яҳува шуданд. Дар нӯҳсолагиям падарам аз дунё гузашт ва дилам аз ҳама чиз хунук шуд. Ваҳаби ба ман мегуфт, ки падарам зинда мешавад ва мо боз ӯро мебинем. Ин суханон дар дилам оташаки умед ангехт ва ман Китоби Муқаддасро омӯзиш кардан хостам. Ҳамин хел соли 1963 таъмид гирифтам. Ду акаам ва як додарам низ таъмид гирифтанд.

Соли 1965 ман ба назди акаи дигарам Вилсон омадам, ки дар Лагос зиндагӣ мекард. Дар он ҷо ман бо пешравони доимии ҷамоати «Игбобӣ» дӯст шудам. Хурсандию ғайрати онҳо ба ман таъсир карду ман ҳам моҳи январи соли 1968 ба сафи онҳо даромадам.

Бародар Алберт Олугбеби, ки дар Байт-Ил хизмат мекард, барои ҷавонон вохӯрии махсусе ташкил карда гуфт, ки дар шимоли Нигерия пешравони махсус даркоранд. Ман то ҳол дар ёд дорам, ки ӯ чӣ хел суханони шавқангез гуфта буд: «Шумо ҷавон ҳастед, вақту қуввататонро барои Яҳува сарф кунед. Шуморо дар хизмат кори хеле бисёр интизор аст!» Ман мехостам мисли Ишаъёи ба хизмат омода худро дар ихтиёри Яҳува супорам. Аз ин рӯ варақаро пур кардам (Иш. 6:8).

Моҳи майи 1968 маро дар шаҳри Кано (шимоли Нигерия) пешрави махсус таъйин карданд. Он вақт ҷанги шаҳрвандии Биафра мерафт (1967–1970). Пеш аз он ки қувваҳои ҳарбӣ ба шарқи Нигерия гузаранд, дар шимол нооромиҳои зиёд буд. Дар ёд дорам, як бародар аз дили соф ба ман маслиҳат дод, ки он ҷо наравам. Ман ба ӯ гуфтам: «Раҳмат, ки фикри маро мекунӣ, лекин, агар Яҳува дар он ҷо хизмат кардани маро хоҳад, заррае шубҳа надорам, ки маро ҳимоя мекунад».

Дар харита Африқои Ғарбӣ ва ҷойҳое, ки Израел Итаҷоби зиндагиву хизмат карда буд, оварда шудааст: Конакри, Гвинея, Серра-Леоне, Ниамей, Нигер, Кано, Орисунбаре, Лагос ва Нигерия.

ДАР АЙЁМИ ҶАНГ БА ЯҲУВА ТАКЯ МЕКУНАМ

Вазъият дар Кано бениҳоят ғамовар буд. Ҷанги шаҳрвандӣ ин шаҳри калонро хароб карда буд. Баъзан дар вақти хизмат мо медидем, ки мурдаи одамон дар кӯчаҳо хобанд. Ҳарчанд дар Кано якчанд ҷамоат буд, бисёри бародарон аз маҷбурӣ гуреза шуда буданд. Дар шаҳр ҳамагӣ қариб 15 воиз боқӣ монда буд ва ҳамаашон дар таҳлука ва рӯҳафтода буданд. Ин воизон омадани мо — шаш пешрави махсусро, дида, бениҳоят шод шуданд. Мо онҳоро рӯҳбаланд кардем ва барои барқарор кардани вохӯриҳо ва хизмат ёрӣ додем. Онҳо рӯҳан шукуфтанд ва аз нав ба филиал фиристодани ҳисоботашонрову дархост кардани адабиётро сар карданд.

Мо ба омӯхтани забони маҳаллӣ, забони ҳауса, сар кардем. Бисёр одамони он ҷо, хушхабарро ба забони модарияшон шунида, моро бодиққат гӯш мекарданд. Лекин ба диндорони он шаҳр кори мо маъқул нашуд, барои ҳамин мо эҳтиёт мешудем. Боре ману ҳамроҳамро як мард бо корд сур кард. Хушбахтона, мо чаққонтар давидему ӯ ба мо расида натавонист. Ба чунин хатарҳо нигоҳ накарда Яҳува моро «дар амон нигоҳ» медошт ва шумораи воизон зиёд мегашт (Заб. 4:8). Ҳозир дар Кано 11 ҷамоат ҳасту дар он зиёда аз 500 воиз хизмат мекунанд.

ОЗОРУ АЗИЯТ ДАР НИГЕР

Вақте дар Ниамей (Нигер) пешрави махсус будам

Баъди танҳо якчанд моҳи дар Кано хизмат карданам, августи соли 1968 маро бо ду пешрави махсус ба Ниамей, пойтахти Ҷумҳурии Нигер, таъйин карданд. Каме баъдтар мо пай бурдем, ки Нигер (Африқои Ғарбӣ) яке аз гармтарин минтақаи дунё будааст. Лекин гармии тоқатфарсо ягона душворӣ набуд. Мо бояд забони фаронсавиро, забони расмии мамлакатро, ёд мегирифтем. Ҳарчанд мушкилиҳо доштем, ба Яҳува таваккал карда, танҳо бо якчанд воизони маҳаллӣ дар шаҳр хизматро сар кардем. Дар муддати кӯтоҳ қариб ҳама касоне, ки дар Ниамей хонда метавонистанд, соҳиби китоби омӯзишии «Ҳақиқате, ки сӯйи ҳаёти ҷовидона роҳнамоӣ мекунад» гаштанд. Одамон ҳатто барои гирифтани ин китоб ба суроғи мо меомаданд.

Ҳокимиятдорон дарҳол нишон доданд, ки аз Шоҳидони Яҳува хурсанд нестанд. Моҳи июли соли 1969 мо дар аввалин анҷумани ноҳиявӣ ҷамъ шудем, ки дар он тақрибан 20 нафар ҳузур дошт. Мо шодона интизори таъмиди ду нафар будем. Лекин рӯзи якуми анҷуман полис омада барномаро манъ кард ва пешравони махсус ва нозири ноҳиявиро ба минтақаи полис бурд. Ҳамаи моро пурсуҷӯ карда, фармуданд, ки рӯзи дигар боз биёем. Нияти нохуби ҳокимиятдоронро ҳис карда, мо дар як хона нутқи таъмидро ташкил кардему пинҳонӣ воизони навро дар дарё таъмид додем.

Баъди якчанд ҳафта Вазорати корҳои хориҷӣ фармон баровард, ки ману панҷ пешрави махсус давлатро тарк кунем. Ба мо 48 соат вақт доданд, то чизу чораамонро ҷамъ карда, аз он ҷо бароем. Ин корро худамон бояд ташкил мекардем. Мо итоат карда, ба филиали Нигерия рафтем ва дар он ҷо ба мо таъйиноти нав доданд.

Маро ба деҳаи Орисанбареи Нигерия фиристоданд. Дар он ҷо гурӯҳи хурди бародару хоҳарон буданд ва хизмат беҳад зӯр буд. Лекин баъди шаш моҳ филиал аз ман хоҳиш кард, ки ба Нигер баргардам. Дар аввал ман ҳайрон шуда ба ташвиш омадам, лекин баъд дидори бародару хоҳарони Нигерро бесаброна интизор шудам.

Ман ба Ниамей баргаштам. Пагоҳи ба он ҷо расиданам як савдогар аз Нигерия маро дида, пай бурд, ки Шоҳиди Яҳува ҳастам ва аз Китоби Муқаддас саволдиҳиро сар кард. Ҳамин хел омӯзиш сар шуд. Оҳиста-оҳиста ӯ сигоркашӣ ва арақнӯширо партофта, таъмид гирифт. Солҳое, ки дар Нигер гузарондам, аз дидани он ки дар қисмҳои гуногуни он мардум оҳиста-оҳиста, лекин устуворона ба роҳи ростӣ ҷалб мешуданд, хурсанд мегаштам. Вақте бори аввал ба он ҷо омадам, 31 Шоҳиди Яҳува буд, вақти рафтанам — 69 нафар.

«МО НАМЕДОНЕМ, КИ ДАР ГВИНЕЯ КОРИ ПОДШОҲӢ ЧӢ ХЕЛ АСТ»

Моҳи декабри соли 1977 ман барои хондани курси сеҳафтаина ба Нигерия омадам. Баъди тамом шудани дарсҳо Кумитаи координаторони филиал, Малком Виго, ба ман мактуберо аз филиали Серра-Леоне дод. Бародарон барои дар Гвинея нозири ноҳиявӣ таъйин кардан пешрави муҷаррад ва солимеро мекофтанд, ки ба забони англисӣ ва фаронсавӣ гап зада тавонад. Бародар Виго гуфт, ки маро маҳз барои ҳамин вазифа таълим доданд. Ӯ фаҳмонд, ки ин таъйиноти осон нест. Ӯ маслиҳат дод: «Пеш аз розӣ шудан, нағзакак фикр кун». Ман бошам дарҳол гуфтам: «Яҳува ки маро фиристад, чӣ хел наравам?»

Ман ба Серра-Леоне бо ҳавопаймо омадам ва бо бародарони филиал вохӯрдам. Яке аз бародарони кумита ба ман гуфт: «Мо намедонем, ки дар Гвинея кори Подшоҳӣ чӣ хел аст». Ҳарчанд филиали Серра-Леоне барои кори мавъиза дар Гвинеяи ҳамсоя ҷавобгар буд, аз сабаби вазъияти ноороми сиёсии он давлат бо ҷамоатҳои он ҷо алоқа надошт. Бародарон якчанд бор ба он ҷо касеро фиристоданӣ шуданд, лекин ин ягон натиҷа намеовард. Барои ҳамин онҳо аз ман хоҳиш карданд, ки ба пойтахти Гвинея Конакри рафта, иҷозатнома барои зист гирам.

«Яҳува ки маро фиристад, чӣ хел наравам?»

Вақте ба Конакри расидам, ба сафоратхонаи Нигерия рафта, бо сафир вохӯрдам. Ба ӯ гуфтам, ки дар Гвинея мавъиза кардан мехоҳам. Ӯ гуфт, ки ин хатарнок аст ва метавонанд маро ба ҳабс гиранд ё ягон кори бадтар кунанд. «Ба Нигерия баргашта, дар ҳамон ҷо мавъиза кун», — маслиҳат дод ӯ. Лекин ман гуфтам: «Ман дар ин ҷо мондан мехоҳам». Он гоҳ ӯ ба вазири корҳои дохилии Гвинея мактуб навишта хоҳиш кард, ки ба ман ёрӣ диҳад ва вазир кори маро ҳал кард.

Каме баъд аз ин ман ба филиали Серра-Леоне баргаштам ва нақл кардам, ки чӣ тавр Яҳува сафари маро баракат дод. Вақте бародарон фаҳмиданд, ки маро барои зиндагӣ дар Гвинея ба рӯйхат гирифтанд, беҳад шод шуданд.

Израел хурсандона чизу чораашро бардошта рафта истодааст.

Вақте дар Серра-Леоне нозири ноҳиявӣ хизмат мекардам

Аз соли 1978 то 1989 ман дар Гвинея ва Серра-Леоне нозири ноҳиявӣ будам ва дар Либерия ёрдамчии нозири ноҳиявӣ. Дар аввал ман тез-тез касал мешудам, баъзан дар ягон ҷойи дурдаст. Лекин бародарон ҳаракат мекарданд, ки маро зудтар ба духтурхона баранд.

Боре ман ба бемории сахти табларза (малярия) гирифтор шудам ва боз маро кирми рӯда ғам медод. Вақте охиру оқибат соз шудам, фаҳмидам, ки бародарон аз зинда монданам умедашонро канда, дар куҷо гӯронданамро маслиҳат мекарданд. Ба ҳамаи хатарҳои ҳаётам нигоҳ накарда, ман намехостам таъйинотамро монам. Ман бовар доштам, ки амонии ҳақиқӣ ва абадиро танҳо аз Яҳува ёфта метавонӣ, зеро ӯ ҳатто мурдагонро зинда карда метавонад.

ЯКҶОЯ БА ЯҲУВА ТАКЯ МЕКУНЕМ

Израел ва Доркас дар рӯзи тӯяшон.

Дар рӯзи тӯямон соли 1988

Соли 1988 ман Доркас ном пешрави хоксору баркамолеро вохӯрдам. Мо оиладор шудем ва ӯ дар хизмати нозирӣ ба ман ҳамроҳ шуд. Доркас ҳамсари меҳрубону фидокор мебошад. Баъзан барои хабар гирифтани ҷамоатҳо мо борҳоямонро бардошта, 25 километр пиёда мерафтем. Барои ба ҷамоатҳои дуртар расидан мо ба ҳар хел нақлиёт мешиштем, ки оҳиста ҳаракат карда, аз роҳҳои пур аз лою чуқурӣ мегузаштанд.

Доркас бисёр далер буд. Масалан, мо баъзан аз дарёҳое мегузаштем, ки пури тимсоҳ буд. Як рӯз, вақте сафари панҷрӯза доштем, мо бояд аз дарё мегузаштем, лекин кӯпрукҳои чӯбӣ шикаста буд. Барои ҳамин ба қаиқчаи каноэ шиштем. Вақте Доркас барои аз каноэ баромадан аз ҷояш хест, ӯ ба даруни об афтод. На ӯ шино карда метавонисту на ман, дарё бошад, пури тисмоҳ буд. Хушбахтона, баъзе бачаҳо ба об парида, ӯро ба соҳил бароварданд. Баъди ин чанд вақт мо хобҳои безеб медидем, лекин хизматро давом додем.

Ҷаҳгифт ва Эрики хурдакак дар назди Ибодатгоҳ.

Ҷигарбандонамон Ҷаҳгифт ва Эрик бароямон аз ҷониби Яҳува туҳфаи бебаҳо буданд

Дар аввали солҳои 1992 бо мо воқеаи ғайричашмдоште рӯй дод: Доркас ҳомиладор шуд. Наход ин моҳ хизмати пурравақтамон тамом мешуда бошад? Мо чунин хулоса кардем: «Яҳува ба мо туҳфа дод!» Аз ин рӯ духтарамонро Ҷаҳгифт (атои Яҳува) ном мондем. Баъди чор сол додараш Эрик ба дунё омад. Ҳар ду фарзандонамон дар ҳақиқат туҳфаи Яҳува мебошанд. Ҷаҳгифт якчанд вақт дар офиси дурдасти тарҷумонии Конакри хизмат карду Эрик бошад, хизматгузори ҷамоат аст.

Израел ва Доркас бо писарашон Эрик ва духтарашон Ҷаҳгифт дар назди Ибодатгоҳ.

Баъдтар Доркас хизмати пешравии махсусро мононда бошад ҳам, дар вақти тарбияи фарзандонамон пешрави доимӣ хизмат мекард. Ман бошам, бо дастгирии Яҳува хизмати пурравақти махсусро давом додам. Баъди ба воя расидани кӯдаконамон Доркас низ ба ман ҳамроҳ шуда, пешрави махсус хизмат мекард. Ҳозир ҳар дуи мо дар Конакри миссионер хизмат мекунем.

ЯҲУВА САРПАНОҲИ ҲАҚИҚӢ АСТ

Ман ҳамеша ба ҷое мерафтам, ки Яҳува маро мебурд. Ману ҳамсарам борҳои зиёд ҳимояву баракатҳои Яҳуваро дидаем. Боварӣ ба Яҳува моро аз бисёр мушкилиҳое, ки одамон ба чизҳои моддӣ умед баста, дучор мешаванд, ҳимоя кард. Ману Доркас дар ҳаёти худ дидем, ки паноҳгоҳи ҳақиқиро танҳо Яҳува, «Худои наҷоти мо» дода метавонад (1 Воқ. 16:35). Ман дилпурам, ки Яҳува ҳаёти ҳамаи онҳоеро, ки ба ӯ такя мекунанд, «дар ҳамёни ҳаёт эҳтиёт мекунад» (1 Подш. 25:29).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан