ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 феврал саҳ. 14-19
  • Аз Худои бахшандаамон чӣ ибрат мегирем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Аз Худои бахшандаамон чӣ ибрат мегирем?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БА ҲИССИЁТИ ХУД БЕАҲАМИЯТӢ НАКУНЕД
  • ҲИССИЁТАТОНРО БА НАЗАР ГИРЕД
  • НЕКБИН БОШЕД
  • ДАР БОРАИ ФОИДАИ БАХШАНДАГӢ ФИКР КУНЕД
  • Якдигарро аз таҳти дил бахшед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Яҳува дилшикастагонро шифо мебахшад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Ба якдигар наздик шудан бароямон некуст!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Яҳува бахшандаро баракат медиҳад!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 феврал саҳ. 14-19

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 8

СУРУДИ 115 Барои пурсабрии Худо сипосгузорем

Аз Худои бахшандаамон чӣ ибрат мегирем?

«Чи тавре ки Яҳува шуморо аз таҳти дил бахшид, шумо низ ҳамин тавр кунед» (ҚӮЛ. 3:13).

МАҚСАД

Биёед якчанд қадамеро бинем, ки барои бахшидани дигарон гузошта метавонем.

1, 2. а) Бахшидани дигарон асосан кадом вақт мушкил мешавад? б) Дениз чӣ тавр бахшанда буданашро нишон дод?

ОЁ ШУМО ба осонӣ дигаронро мебахшед? Ба бисёриҳо ин кор душвор аст. Махсусан, агар гапу кори дигарон ба онҳо зарбаи сахт расонда бошад. Лекин ба ҳар ҳол мо метавонем аз чунин дарди сахт халос шуда, дигаронро бахшем. Масалан, биёед мисоли хоҳарамон Денизроa дида бароем, ки ин хислатро ба таври аҷоиб нишон дод. Соли 2017 Дениз ва оилааш ба тамошои Идораи марказии Шоҳидони Яҳува, ки нав кушода шуда буд, рафтанд. Ҳангоми ба хона баргаштан як ронанда мошинашро идора карда натавонисту ба мошини онҳо омада зад. Дар натиҷаи ин садама Дениз беҳуш шуд. Вақте ба ҳуш омад, фаҳмид, ки фарзандонаш ҷароҳати вазнин бардоштаанду шавҳараш Браян ҳаёташро аз даст додааст. Дениз он лаҳзаро ба ёд оварда, мегӯяд: «Дилам садпора шуд, намедонистам сарамро ба куҷо занам». Баъдтар ӯ фаҳмид, ки он ронанда на маст будаасту на диққаташ ба ягон чиз парешон, он фоҷиаи тасодуфӣ буд. Дениз ба Яҳува дуо гуфта, оромӣ пурсид.

2 Он ронанда барои куштори тасодуфӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Агар ӯро айбдор медонистанд, ӯ ба ҳабс гирифта мешуд. Лекин судя ба Дениз гуфт, ки суд шудан ё нашудани ронанда ба шоҳидии Дениз вобаста аст. Ӯ мегӯяд: «Вуҷудам чунон ба сӯзиш омад, ки гӯё касе кӯкҳои захмамро канда, даруни он як сатил намак пошид. Ман бояд лаҳзаҳои даҳшатноки ҳаётамро аз нав ба хотир меовардам». Якчанд ҳафта пас Дениз дар зали суд нишаста буд. Вақте суханро ба ӯ доданд, Дениз чӣ гуфт? Ӯ аз судя хоҳиш кард, ки ба ҷавобгар раҳм кунадb. Вақте ки ӯ суханашро тамом кард, даври чашмони судя пури об шуд. Ӯ гуфт: «Дар 25 соли кориям ман бори аввал чунин суханони бахшоишу муҳаббатро мешунавам. Ман ҳеҷ гоҳ надида будам, ки оилаи ҷабрдида барои касе, ки ба онҳо зарар расондааст, раҳм дархост кунад».

3. Чаро Дениз қарор кард, ки мебахшад?

3 Дениз бахшиданро аз куҷо ёд гирифт? Ӯ дар бораи бахшандагии Яҳува мулоҳиза меронд (Мико 7:18). Вақте мо ба қадри бахшоиши Яҳува мерасем, дигаронро низ мебахшем.

4. Яҳува аз мо чӣ интизор аст? (Эфсӯсиён 4:32).

4 Яҳува мехоҳад, ки мо мисли ӯ аз таҳти дил дигаронро бахшем. (Эфсӯсиён 4:32-ро хонед.) Ӯ интизор аст, ки мо озордеҳонамонро бо омодагӣ бахшем (Заб. 86:5; Луқ. 17:4). Дар ин мақола мо се роҳеро мебинем, ки моро дар бахшидан моҳир месозанд.

БА ҲИССИЁТИ ХУД БЕАҲАМИЯТӢ НАКУНЕД

5. Мувофиқи Панднома 12:18 гапу кори дигарон ба мо чӣ дард оварда метавонад?

5 Шояд, мо аз гапу кори ягон кас сахт хафа шудаем, хусусан, агар ӯ дӯсти наздик ё аъзои оила бошад (Заб. 55:12–14). Баъзан дарди он мисли зарби корд аст. (Панднома 12:18-ро хонед.) Эҳтимол, мо кӯшиш мекунем, ки он дардро пахш кунем ё онро нодида гирем. Лекин ин тавр амал кардан мисли он аст, ки ба мо корд заданду онро дар ҷойи ҷароҳат гузоштанд. Агар мо ба захми диламон чашм пӯшем, он худ аз худ сиҳат намешавад.

6. Вақте моро меранҷонанд, одатан чӣ хел рафтор мекунем?

6 Вақте моро касе хафа мекунад, одатан ба ғазаб меоем. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ба ғазаб омадан як чизи табиист. Лекин набояд лаҷоми ақламонро ба дасти хашм диҳем (Заб. 4:4; Эфс. 4:26). Чаро? Зеро бисёр вақт одам дар сари қаҳр ба кори бад даст мезанад (Яъқ. 1:20). Дар ёд доред: ба ғазаб омадан беихтиёр аст, ғазабнок мондан бошад, ихтиёрист.

Ба ғазаб омадан беихтиёр аст, ғазабнок мондан бошад, ихтиёрист

7. Агар бо мо муомилаи бад кунанд, ғайр аз ғазаб, боз чӣ ҳис карда метавонем?

7 Агар дар ҳаққи шумо бадӣ карда бошанд, шояд, шумо ғайр аз ғазаб, дигар эҳсосоти нофорамро ҳис кардаед. Масалан, хоҳаре бо номи Энн мегӯяд: «Вақте ман кӯдак будам, падарам аз модарам ҷудо шуда, бо дояи ман оиладор шуд. Ман худро танҳою бекас ҳис кардам. Вақте онҳо кӯдакдор шуданд, ҳиссиёте буд, ки гӯё ҷойи маро дигар кас гирифт. Барои ҳамин ман бо ҳисси беқадрӣ ба воя расидам». Хоҳаре бо номи Ҷорҷет, вақтеро ба ёд меорад, ки шавҳараш ба вай хиёнат карда буд: «Мо аз кӯдакӣ дӯст будем, якҷоя пешрав хизмат мекардем. Баъди ин воқеа дилшикаста гаштам». Наоми ном хоҳаре мегӯяд: «Ман ҳеҷ тасаввур намекардам, ки шавҳарам диламро мешиканад. Барои ҳамин, вақте ӯ гуфт, ки аз ман баҷойӣ порнография тамошо мекунад, ин зарбаи сахте буд. Ҳис кардам, ки маро фиреб дода, дар ҳаққам хиёнат кардаанд».

8. а) Аз кадом сабабҳо мо бояд дигаронро бахшем? б) Бахшидани дигарон чӣ фоида меорад? (Ба чорчӯбаи «Агар ба шумо зарар расонанд» нигаред.)

8 Чӣ гуфтану чӣ кор кардани дигаронро мо идора карда наметавонем, лекин чӣ хел ҷавоб додан дар ихтиёри мо аст. Бисёр вақт ҷавоби беҳтарин бахшидан мебошад. Чаро? Зеро мо Яҳуваро дӯст медорем ва ӯ мехоҳад, ки мо бахшанда бошем. Агар мо ғазабро аз дил набарорем ва дигаронро набахшем, мумкин ки беақлона рафтор кунем ва ё ҳатто ба саломатиямон зарар расонем (Пнм. 14:17, 29, 30). Ба мисоли хоҳарамон Кристин аҳамият диҳед. Ӯ мегӯяд: «Вақте ҳушу ёдам ба захми дилам аст, камтар табассум мекунам, ба чӣ хӯрданам аҳамият намедиҳам ва хоб аз чашмонам мепарад. Барои ҳамин ҳиссиётамро идора кардан душвор мешавад. Дар натиҷа муносибатам бо шавҳарам ва бо дигарон зарар мебинад».

Агар ба шумо зарар расонанд

Дар ёд доред, бахшидани касе дастгирӣ кардани кори ӯ нест ё маънои онро надорад, ки шумо ба шахс иҷозат медиҳед, ки ин амалашро такрор кунад. Маънои бахшоиш фақат ҳамин аст, ки шумо ғазабу кинаро ба дилатон роҳ намедиҳед. Ҳамин тавр намемонед, ки ҳиссиётатон бозичаи дасти шахси зараррасон гардаду ба шумо дард овардан гирад. Вақте дигаронро мебахшед, ба ҷони худатон раҳм мекунед. Охир, бо ин роҳ ҷароҳататон шифо меёбаду барои давом додани ҳаёт қувват пайдо мекунед. Бо бахшидани шумо, албатта, он шахс аз ҷавобгарӣ халос намешавад, ӯ барои амалҳояш дар пеши Яҳува ҷавоб медиҳад. Аз кинаю ғазаб халос шуда, мо ба маслиҳати зерини Каломи Худо гӯш медиҳем: «Бори дилатро ба Яҳува парто» (Заб. 55:22). Мо масъаларо ба дасти Яҳува месупорем, зеро бовар дорем, ки ӯ бо он шахс аз рӯйи адолат амал мекунад. Яҳува ин масъаларо аз мо дида ҳазорҳо бор беҳтар ҳал мекунад.

9. Чаро бояд кинаву аламро аз дил барорем?

9 Ҳатто агар шахсе, ки моро ранҷондааст, хатояшро тан нагирад, мо зарари расондаи ӯро камтар карда метавонем. Чӣ хел? Ҷорҷет, ки пештар дар борааш гуфтем, мегӯяд: «Ман дар дил ба шавҳари собиқам аламу ғазаб мепарваридам. Вақт даркор буд, ки диламро аз хашму кина пок созаму аз нав оромӣ ҳис кунам». Вақте мо кинаро аз дил мебарорем, дарунамонро аз заҳри он эмин медорем. Хафагӣ барои пешрафти мо монеа аст. Вақте онро аз сари роҳамон мегирем, дар ҳаққи худ некӣ мекунем — мо хурсандона аз пайи зиндагиямон мешавем (Пнм. 11:17). Агар баъди аз ҳиссиётатон хабардор шудан ҳоло ҳам шахсро бахшида натавонед-чӣ?

ҲИССИЁТАТОНРО БА НАЗАР ГИРЕД

10. Чаро барои шифо ёфтани осеби диламон бояд сабрро пеша кунем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

10 Чӣ тавр осеби дилатонро табобат карда метавонед? Як роҳаш сабрро пеша кардан аст. Вақте тани одам ҷароҳат мебардорад, ӯ баъди табобат ҷо ба ҷо сиҳат намешавад. Ҳамин тавр ҳам, вақте касе моро сахт меранҷонад, барои шифо ёфтани захми диламон вақт даркор аст. Вақте дарди диламон кам шавад, мо аз таҳти дил чунин шахсро бахшида метавонем (Пандгӯ 3:3; 1 Пет. 1:22).

Силсиларасм: Бародаре, ки ҷароҳат бардоштааст, оҳиста-оҳиста шифо меёбад. 1. Духтурон ӯро ба мошини ёрии таъҷилӣ дароварда истодаанд. 2. Барои аз нав роҳгардон шудан ӯ бо ёрдами дигарон қадам монда истодааст. 3. Ӯ мустақилона роҳ мегардад.

Ба шахсе, ки осеб дидааст, вақт ва ёрдами духтур даркор аст. Дар бораи шифо ёфтани осеби равонӣ низ чунин гуфтан мумкин (Ба сархати 10 нигаред.)


11. Барои бахшидан дуо чӣ нақше мебозад?

11 Аз Яҳува ёрдам пурсед, то бахшида тавонедc. Энн, ки падараш зани дигар гирифт, мегӯяд: «Ман аз Яҳува илтиҷо кардам, ки ҳар якамонро барои рафтору гуфтори нодурустамон бахшад. Баъд ба падарам ва зани наваш нома навишта, гуфтам, ки онҳоро бахшидам». Энн тан мегирад, ки ин кори осон набуд, лекин ӯ мегӯяд: «Ман умед дорам, ки падараму занаш ба бахшиши Яҳува пайравӣ кардани маро дида, дар бораи ӯ бисёртар фаҳмидан мехоҳанд».

12. Чаро мо бояд ба ҳиссиётамон нею ба Яҳува бовар кунем? (Панднома 3:5, 6).

12 Ба овози Яҳува гӯш диҳед, на ба овози дилатон. (Панднома 3:5, 6-ро хонед.) Яҳува медонад, ки чӣ бароятон беҳтар аст (Иш. 55:8, 9). Ӯ ҳеҷ гоҳ чизеро талаб намекунад, ки ба шумо зарар орад. Барои ҳамин, вақте ӯ мегӯяд, ки бахшанда бошем, аниқ ин бар фоидаи мост (Заб. 40:4; Иш. 48:17, 18). Баръакс, агар ба ҳиссиётамон такя кунем, мо ҳеҷ гоҳ бахшандагиро ёд намегирем (Пнм. 14:12; Ирм. 17:9). Наомӣ, ки пештар дар борааш ёдовар шудем, мегӯяд: «Дар аввал ман шавҳарамро барои тамошои порнография бахшидан намехостам ва ба худ мегуфтам: “Ман ба ин ҳақ дорам-ку”. Ман хавотир будам, ки, агар ӯро бахшам, дубора диламро захмдор мекунад ё кори кардаашро фаромӯш мекунад. Ман худро сафед карда мегуфтам: “Яҳува дарди маро мефаҳмад”. Аммо баъдтар дарк намудам, ки Яҳува дарди маро фаҳмад ҳам, бо тарзи амалам розӣ нест. Ӯ медонад, ки барои шифо ёфтани ҷароҳати дилам ва паст шудани ғазабам вақт даркор аст. Ба ҳар ҳол, ӯ мехоҳад, ки ман бахшанда бошам»d.

НЕКБИН БОШЕД

13. Мувофиқи суханони Румиён 12:18–21 мо бояд чӣ кор кунем?

13 Вақте мо касеро мебахшем, намехоҳем дубора гуноҳашро ба рӯяш кашем. Ғайр аз ин, агар он шахс ҳамимони мо бошад, кӯшиш мекунем, ки байнамон сулҳ бошад (Мат. 5:23, 24). Мо мехоҳем хашму кинаро як сӯ гузошта, аз раҳму шафқат ӯро бахшем (Румиён 12:18–21-ро хонед; 1 Пет. 3:9). Дар ин кор чӣ ба мо кумак мекунад?

14. Барои кадом кор мо бояд кӯшиш кунем ва чаро?

14 Мо бояд ба одаме, ки моро ранҷондааст, бо чашми Яҳува нигарем. Яҳува некбин аст ва ба корҳои хуби одамон аҳамият медиҳад (2 Воқ. 16:9; Заб. 130:3). Агар мо дар одамон чизи хуб кобем, хубро меёбем, бад кобем — бадро. Барои одами некбин бахшидани дигарон осон аст. Бародаре бо номи Ҷеррод мегӯяд: «Вақте бародаре маро бо ягон кораш меранҷонад, ман дар бораи феълу рафтори зиёдаш фикр мекунам, ки ба ман маъқуланд. Як айбашро бо сад ҳунараш муқоиса карда, бароям бахшидани ӯ осон мешавад».

15. Чаро ба шахс «туро бахшидам» гуфтан муҳим аст?

15 Одамро бахшидан кам аст. Мо ҳамчунин бояд ба ӯ гӯем, ки бахшидемаш. Чаро? Бинед, Наомӣ, ки пештар дар борааш нақл кардем, чӣ мегӯяд: «Шавҳарам ба ман гуфт: “Маро бахшидӣ?” Лекин даҳонамро кушода “бахшидам” гуфтанӣ будам, ки овозам дар гулӯям печид. Маълум гашт, ки ҳоло ӯро аз таҳти дил набахшидаам. Бо гузашти вақт, ман ин сухани ҷонбахшро бемалол ба забон овардам. Вақте шавҳарам ин суханонро шунид, чашмонаш пур аз ашк шуд. “Ман туро бахшидам” гуфтани ман ба ӯ чӣ қадар сабукии зиёд бахшид. Ман ҳам аз бори вазнин халос шуда, дилам тинҷу ором гашт. Аз он вақт инҷониб аз нав ба ӯ бовар пайдо кардам ва мо мисли пештара дӯстони беҳтарин шудем».

16. Дар бораи бахшидан чиҳоро фаҳмидед?

16 Яҳува мехоҳад, ки мо бахшанда бошем (Қӯл. 3:13). Афсӯс ки ин кор баъзан осон нест. Барои ин мо бояд ба ҳиссиётамон беаҳамиятӣ накунем, балки онро санҷида баромада, лаҷомашро ба даст гирем. Вақте кинаву ғазабро аз дарунамон барорем, метавонем дар дил эҳсосоти мусбатро парварем. (Ба чорчӯбаи «Се қадам барои бахшидан» нигаред.)

Се қадам барои бахшидан

Хоҳари зиқу рӯҳафтодае аз тиреза нигоҳ мекунад.

ҲИССИЁТАТОНРО БА НАЗАР ГИРЕД

  • Агар ба захми дилатон бепарвоӣ кунед, он худ ба худ шифо намеёбад.

Хоҳаре, ки дар расми боло омадааст, аз таҳти дил дуо мегӯяд.

АМАЛ КУНЕД

  • Барқарор шуданро интизор шавед.

  • Барои кина нагирифтан аз Яҳува ёрдам пурсед.

  • Ба Яҳува бовар кунед, на ба ҳиссиётатон.

Акнун он хоҳар бо шавҳараш хушбахтанд.

ҲИССИЁТИ ХУБРО ИНКИШОФ ДИҲЕД

  • Ба шахс бо чашми Яҳува назар кунед.

  • Барои бахшидан аз Яҳува кумак пурсед.

  • Ба шахс гӯед, ки ӯро бахшидаед.

ДАР БОРАИ ФОИДАИ БАХШАНДАГӢ ФИКР КУНЕД

17. Чаро мо бояд дигаронро бахшем?

17 Мо барои бахшанда будан сабабҳои зиёд дорем. Баъзеяшонро дида мебароем. Якум, мо ба Падари меҳрубонамон Яҳува пайравӣ карда, ӯро шод мегардонем (Луқ. 6:36). Дуюм, мо нишон медиҳем, ки барои авфу бахшоиши Яҳува миннатдорем (Мат. 6:12). Сеюм, мо солим монда, бо дигарон дӯстии қавиро нигоҳ медорем.

18, 19. Бахшидан чӣ натиҷаҳо меорад?

18 Вақте мо дигаронро мебахшем, соҳиби баракатҳои ғайричашмдошт мешавем. Биёед ба мисоли Дениз баргардем. Ӯ бехабар буд, ки он марде, ки бар сараш чунин фалокат овард, баъди суд худкушӣ карданӣ буд. Лекин бахшандагии Дениз ба ӯ чунон таъсир кард, ки бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард.

19 Мисли Дениз, шояд, бароямон бахшидани касе кори сангинтарин бошад. Лекин, агар аз Яҳува ибрат гирифта, дигаронро бахшем, баракатҳои бузургро соҳиб мешавем (Мат. 5:7).

ВАҚТЕ КАСЕ ШУМОРО МЕРАНҶОНАД...

  • чаро набояд ба ҳиссиётатон чашм пӯшед?

  • чӣ тавр ҳиссиётатонро идора карда метавонед?

  • чӣ тавр ҳиссиёти мусбатро инкишоф дода метавонед?

СУРУДИ 125 Хушбахтанд раҳмдилон!

a Баъзе номҳо иваз шудаанд.

b Дар чунин вазъиятҳо ҳар як масеҳӣ худаш қарор мекунад, ки чӣ хел амал кунад.

c Таронаҳои «Якдигарро бахшед», «Кина нагир» ва «Дӯстии дубора»-ро (рус.) аз сомонаи jw.org тамошо кунед.

d Ҳарчанд шавҳаре, ки порнография тамошо мекунад, гуноҳ карда, ба ҳамсараш дарду азоб меорад, аз рӯйи Навиштаҳо он сабаб барои ҷудо шудан нест.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан